Ҷурҷон
Маҳалли аҳолинишин | |
Кишвар | [[|]] |
---|---|
Таърих ва ҷуғрофиё | |
|
Гургон (форсӣ: گرگان), Ҷурҷон (ар. جُرجان) — иёлат ва шаҳре дар сарҳадди миёни Дайламону Хуросон.
Вожаи Гургон дар осори паҳлавӣ ба номи Vurkan, дар юнонӣ Hyrkania зикр шудааст. Ба қавли Истахрӣ Гургон аз ҷиҳати маъмурӣ ва зебоӣ танҳо аз Ироқ камӣ дошта, гармои сахт дошт. Ба қавле номи минтақаи Гургон аз вожаи «гург» муштақ шуда, мардум онро «гургон» (ҷамъи гург) меномиданд. Гурӯҳе аз таърихнигорон бинои шаҳри Гургонро ба Язид ибни Муҳаллаб ва дар асотир ба Анӯшервон нисбат додаанд. Гургон солҳои 900 ба тасарруфи Сомониён даромада, дар даврони баъдӣ борҳо ба майдони кашмакашиҳои Бувайҳиёну Зиёриён табдил ёфта, бар асари он дижи шаҳр хароб гардид. Пас аз ҳуҷуми муғул осеби зиёд дида, маркази баромади қабилаи қоҷорӣ буд. Муаллифони осори асримиёнагӣ Гургонро бузургтар аз Омул ва ба андозаи Рай тасвир кардаанд. Маркази иёлати Гургон ш. ҳамномаш — Гургон ё Ҷурҷон ҳисоб ёфта, ба сабаби убури рӯд аз миёни шаҳр дар ду соҳили он ҷойгир буд. Доир ба ду бахши Гургон байни ахбори муаллифони осори ҷуғрофиёӣ ихтилофи назар мушоҳида мегардад. Ҷайҳонӣ як бахши онро Ҷурҷон ва қисми дигарро Бакробод номида, Истахрӣ онҳоро мутаносибан Мадина ва Бакробод, муаллифи «Ҳудуду-л-олам» Шаҳристон ва Бакробод ном бурдааст. Ҳар ду тарафи Гургон ба воситаи пуле пайваст мешуданд. Масҷидҳо ва дорулимораи Гургон дар бахши Шаҳристон воқеъ шуда буданд. Дар Гургон анвои гуногуни меваҷот ва сабзавот: анор, зайтун, харбуза, бодинҷон, норанҷ, лиму, ангур парвариш меёфтанд. Шаҳри Гургон нуҳ дарвоза дошт. Бакробод масоҷид дошта, биноҳояш дар соҳили рӯдхона ва чанд фосила дуртар аз бахши ғарбии рӯд воқеъ буданд. Хонаҳо аз гил сохта шуда, хокаш аз хоки Омули Табаристон хубтар ва борону нами Гургон нисбат ба Табаристон камтар буд. Азбаски дар Гургон пилапарварӣ ривоҷ дошт, матоъҳои абрешимин аз шаҳр ба соири минтақаҳои дигар фиристода мешуданд. Муомилот бо динору дирҳам сурат гирифта, вазни як мани Гургон ба сесад дирҳам баробар буд. Аз қасабаҳои Гургон метавон Астаробод, Ҷурҷон, Обаскун ва Деҳистонро ном бурд. Гургон дар Роҳи бузурги абрешим қарор дошта, шаҳр ба воситаи роҳҳо ба минтақаҳои дигар пайваст буд. Роҳи нахуст ба воситаи Омул, Ҳибла, Турҷӣ, Сорӣ, Расб, Астаробод, Ҷурподақон гузашта, Гургонро бо Табаристон мепайваст. Ду роҳи дигар, Гургонро аз як тараф бо Хуросон ва аз ҷониби дигар бо Қумис мепайваст. Бандари Обаскун Гургонро бо Дайламон ва дигар соҳилҳои Баҳри Хазар пайваст карда, дар баробари хатари туркманҳо хатти дифоӣ буд. Гургон имрӯз маркази шаҳристони Гургон ва устон (вилоят)-и Гулистон буда, дар қисмати шарқу шимоли Эрон қарор дорад ва то соли 1938 Астаробод ном дошт. Шумораи аҳолии Гургон — 329563 ҳазор нафар (соли 2012), аксарашон форсизабонанд. Дар даҳаҳои охири асри 20 қисме аз туркманҳо дар ш. Гургон сокин шудаанд. Дар солҳои 1931-33 қисме аз қазоқҳо аз Иттиҳоди Шуравӣ ба Гургон рафта, баъзеашон аз нав баъди солҳои 1992 ба Қазоқистон баргаштанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гургон / А. Ҳасанов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.