“Пиёдаҳо савора”

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

“Пиёдаҳо савора”

Барои ин бозӣ бачаҳо ба ду дастаи баробар тақсим мешуданд. Сардорони дастаҳо каме дуртар рафта, байни худ маслиҳат мекарданду сипас ба назди бачаҳои гурўҳи аввал омада мепурсиданд: “– Ёрон, ёрони мо, ҷав чанд ман? – мепурсид сардори даста. Бачаҳо кўшиш мекарданд, ки чанд ман қарор кардани ҷавро ёбанд. Намояндаи кадом дастае, ки саволро дуруст ҷавоб медод, дастаи ў ғолиб ҳисоб ёфта, нахуст онҳо савораи пиёдагон мегардиданд. Пиёдагон саворонро ба пушти худ гирифта, дар кўча роҳ мерафтанд. Дар Истаравшан дар ҳоли аз байнравӣ қарор дорад. [1]

Адабиёт[вироиш]

1. Амонов Р. Қиссаи диёри чашмасор. Д., 1995; 2. Амонов Р. Аз паи ҳикмати халқ. Д., 1963. 3. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик. Д., Ҷ.2, 2016.

Нигаред[вироиш]

Манобеъ[вироиш]

  1. Феҳристи миллии фаҳанги ғайримоддӣ /Natioal list of intangible cultural hertage/ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ – Душанбе: «Аржанг» 2016, – С. 191