DAX
DAX (Deutscher Aktienindex) — яке аз муҳимтарин индексҳои фондии Олмон мебошад. Индекс ҳамчун ифодаи миёнавазни сармояшавии нархи саҳмияҳои 40 ширкатҳои азимтарини саҳомии Олмон ҳисоб карда мешавад. DAX ҳамарзиши FTSE 100 бритониёӣ ва Доу-Джонси амрикоӣ мебошад.
DAX 1 июли соли 1988 таъсис дода шуда, ифодаи ибтидоии он аз 1000 банд иборат буд.[1] Индекс аз тарафи ширкати Deutsche Börse AG ҳисоб карда мешавад.
24 ноябри соли 2020 Deutsche Börse, бо мақсади пурра инъикос намудани сохтори муосири иқтисодиёти Олмон, ба даҳ ҷузъи иловагӣ фарохтар шудани таркиби индексро эълон намуд. Фарохшавӣ дар семоҳаи 3-юми соли 2021 сурат гирифт.[2]
Ҳисобкунии индекс
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз моҳи январи соли 2016 индекс ҳар рӯзи савдо аз соати 9:06 пагоҳӣ бо вақти Аврупои марказӣ ҳисоб карда мешавад. Ҳангоми ҳисобкунии DAX нархи саҳмияҳо дар биржаи электронии XETRA мавриди истифода қарор дода мешавад.[3]
Барои ҳисоб, ки дар формулаи Этен Ласпейрес асос ёфтааст, нархи саҳмияҳои ширкатҳои листингии интихобгардида мувофиқи сармояшавии бозории онҳо баркаш мешаванд.[4]
Танҳо саҳмияҳои дар муомилоти озод қарордошта би ҳисоб гирифта мешаванд. Агар сармояи ширкат ба якчанд намуди саҳмияҳо ҷудо шуда бошанд (масалан, саҳмияҳои оддӣ ва саҳмияҳои имтиёзнок), намуди саҳмияҳои пардохтпазирии бештардошта мавриди истифода қарор дода мешавад.[5]
Маҳакҳои интихоб
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз моҳи сентябр соли 2021 ширкатҳо ҳуқуқ доранд, ки ба DAX танҳо як маҳаки асосӣ - сармояшавии бозории ҷамъияти саҳомиро ворид намоянд.[6] Ҷамъи арзиши ҳамаи саҳмияҳо, ки на дар дасти сармоягузорон, балки дар гардиши озод мебошанд, ба ҳисоб гирифта мешаванд. Дигар маҳакҳои қаблӣ, чунончӣ, фаъолияти фурӯши коғазҳои мазкур, бекор карда шуданд.
Шарти қатъии иловагӣ ҷорӣ карда шудааст: номзадон ба DAX 40 бояд, ҳадди ақал ду сол бо фоида кор кунанд, инчунин на танҳо ҳисоботи солона ва нимсола, инчунин ҳисоботи семоҳаи аз аудити дахлдор гузаштаро мунтазам пешниҳод намоянд.[7]
Агар вазни саҳмия зиёда аз 10% ва тағйирёби таърихии 30-рӯзаи нархи саҳмияҳо зиёда аз 250% бошанд, байни санаҳои азнавбаррасикунии сохтори сандуқ саҳмияро метавонанд аз индекс хориҷ кунанд.[8]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Looking back on 30 years of DAX. dw.com. 3 феврали 2022 санҷида шуд.
- ↑ DAX Stock Index. investopedia.com. 3 феврали 2022 санҷида шуд.
- ↑ Pulse Online: DAX Index Grows to 40 Constituents – Looking at Impact on Market Cap and Liquidity. xetra.com. 3 феврали 2022 санҷида шуд.
- ↑ DAX. memim.com. 3 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 феврали 2022.
- ↑ DAX – benchmark and barometer for the German economy. deutsche-boerse.com. 3 феврали 2022 санҷида шуд.
- ↑ DAX Technical Analysis. comparebrokers.co. 3 феврали 2022 санҷида шуд.
- ↑ DAX with 40 constituents and additional criteria. boerse-frankfurt.de. 3 феврали 2022 санҷида шуд.
- ↑ New DAX index rules to strengthen qualification criteria, adopt international standards. qontigo.com. 3 феврали 2022 санҷида шуд.