La Bionda

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
LA BIONDA & ETIENNE соли 2013

La Bionda (ба тоҷикӣ: Ла Бионда — дуэти бародарони мусиқинавоз Кармело (итол. Carmelo; тав. 1949) ва Микеланҷело (итол. Michelangelo; тав. 1952) Ла Бионда, ки чун асосгузори диско-мусиқии итолиёвӣ ба ҳисоб мераванд[1].

Зиндагинома[вироиш]

Бародарон Кармело ва Микеланҷело Ла Бионда дар Милан ба воя расидаанд. Дар соли 1970 онҳо чун оҳангсозон, продюсерон ва ноширон ба кор шурӯъ намуданд. Чун муаллифони сурудҳо онҳо соли 1970 бо суруди «Primo Sole, Primo Fiore» барои Ricchi e Poveri дар фестивали суруди Венесия ба саҳна роҳ ёфтанд. Дар аввалҳои солҳои 1970-ум онҳо ду албом сабт карданд бо унвони — «Fratelli La Bionda srl» бо иштроки Евгенио Финарди (итол. Eugenio Finardi) ва «Tutto va bene» (дар студияи Apple дар Лондон сабт шуд). Барои сабти ин албомҳо оҳангсози машҳур Ники Хопкинс (англ. Nicky Hopkins) чун пианист ҷалб карданд. Онҳо ба овозхони итолиёвӣ Миа Мартини (итол. Mia Martini) суруди «Neve bianca, Amica, Gentile se vuoi» сабт карданд, ва Микеланҷело Ла Бионда ҳаммуаллифи Бруно Лаутси (итол. Bruno Lauzi) дар «Piccolo uomo» буд. Соли 1975 Микеланҷело Ла Бионда дар вақти сабти албоми «Volume VIII» Фабритсио Де Андре гитараи акустикиро навохт, ки дар он Франческо Де Грегори (итол. Francesco De Gregori) низ иштирок дошт.

Пас аз гузаштан ба стили диско, бародарон машхур шуданд. Ҳарду ба шаҳри Мюнхен кӯч бастанд, ки он вақт пойтахти мусиқи рақсӣ ба шумор мерафт. Ла Бионда яке аз аввалинҳо буданд, ки ба паҳншавии стили диско дар Аврупо саҳми бузург доштанд[1]. Шӯҳрати аввал бо тахаллуси DD Sound омад, ки дар мӯҳтали тӯлонии касби онҳо ҳамроҳ буд. Қадам ба қадам онҳо дар диско «сабзида» ба он элементҳои гуногуни ритм-н-блюз ва мусиқии лотиниро низ ҳамроҳ мекарданд.

DD Sound аввалин бор соли 1977 ба саҳна баромад[1], дар хеле тез шӯҳрати бузурге дар маҳфилҳои диско бо суруди сингли «Disco Bass» пайдо кард, ки пурра асбобӣ ва ё инструменталӣ буд. Ин суруд ҳамчун суруди асосӣ барои барномаи «Domenica Sportiva» интихоб шуда буд[1]. «Disco Bass» ва «Burning Love» ва шӯҳрати байналмиллалӣ пайдо намуд. Албомҳои аввал «Cafè» (1977), ва «1, 2, 3, 4… Gimme Some More» буданд. Соли 1978 бародарони албоми нави худро бо номи «La Bionda» бо суруди «Sandstorm» нашр карданд, ва ҳамроҳ бо «There for Me» (дар солҳои минбаъда бо овозхонони машҳур монанди Сара Брайтман, Далида, Патти Право ва Пол Потс), ва машҳур дар тамоми ҷаҳон бо суруди «One For You, One For Me». Суруди охирин ҷойи 54-умро дар UK Singles Chart моҳи октябри соли 1978 гирифт[2].

Аз соли 1978 то 1981, La Bionda албомҳои «Bandido», «High Energy» ва «I Wanna Be Your Lover» нашр карданд. Дигар албомҳо бо таҳти номи DD Sound мисли «Cafe» ва «The Hootchie Cootchie» нашр шуда буданд, бо сурудҳои яккаи қаблӣ «Boxes» ва «Wake Up in the Night». Аз аввали солҳои 1980-ум бародарон Ла Бионда бо сабту нашри асарҳои мусиқӣ машғул буданд.

Бародарон Ла Бионда саундтрекҳо барои филмҳо низ сабт кардаанд, инчунин ба филмҳои «Суперполис», «Дӯстро пайдо куни — ганҷро низ пайдо мекуни», итол. «A tu per tu» («Рӯ ба рӯ») бо Ҷонни Дореллӣ, «Rich», «My Beautiful, My Beauty» бо Ҷанкарло Ҷаннини ва Марианжела Мелато (итол. Mariangela Melato) ва дигарон, инчунин силсилафилмҳои телевизионӣ, ба монанди, итол. «L’Ispettore Giusti» бо Энрике Монтесано (итол. Enrico Montesano).

Дар як вақт, соли 1983 бародарон Ла Бионда ҳамкориро бо гурӯҳи Righeira ба роҳ монда, яккасурудҳои «Vamos La Playa», «No Tengo Dinero» ва «L’estate sta finendo», ки дар феҳристи сурудҳо пеш аз 30 сол қарор гирифта буданд, сабт намуданд. Соли 1984 Кармело суруди яккаи «I Love You» (ҳамроҳ бо гурӯҳи Neon Indian), инчунин «You’re So Fine» сабт кард. Бародарони студияи сабтиовози Logic Studios дар Милан боз карданд, ки онҷо Рэй Чарлз, Роберт Палмер, Пол Янг ва дигар овозхононро сабт карданд. Depeche Mode албоми машҳури худро бо номи Violator дар ин студия сабт карда буд[3].

Ҳамкорӣ[вироиш]

Дар студияи Studios сабт шуданд[вироиш]

Дискография[вироиш]

La Bionda[вироиш]

Синглҳо

  • 1978 — One For You, One For Me
  • 1978 — There For Me
  • 1978 — Sandstorm
  • 1978 — Bandido
  • 1978 — Baby Make Love
  • 1979 — Black and White
  • 1979 — High Energy
  • 1980 — I Wanna Be Your Lover
  • 1980 — A Moment Of Sunshine
  • 1980 — You’re So Fine
  • 1981 — Boxes
  • 1981 — Rocky Woman
  • 1999 — Eeah Dada!

Албомҳо

  • 1972 — Fratelli La Bionda s.r.l. (Dischi Ricordi, SMRL 6099, LP)
  • 1975 — Tutto va bene (Baby Records, LPX 016, LP)
  • 1978 — La Bionda (Baby Records, LPX 24, LP)
  • 1979 — Bandido (Baby Records, LPX 30, LP)
  • 1979 — High energy (Baby Records, BR 56001, LP)
  • 1980 — I wanna be your lover (Baby Records, BR 56018, LP)
  • 1998 — InBeatween (Universal, CD)

DD Sound[вироиш]

Синглҳо

  • 1977 — 1, 2, 3, 4… Gimme Some More! / We Like It
  • 1977 — Disco Bass
  • 1977 — Shopping Baby / Burning Love
  • 1978 — She’s Not A Disco Lady / Café
  • 1979 — Café / Backstreet Baby
  • 1979 — Hootchie-cootchie / instr.
  • 1980 — Love Me Tonight / Hootchie-cootchie (instr.)
  • 1981 — Wake Up In The Night / The Night They Invented The Disco

Албомҳо

  • 1977 — Burning Love
  • 1977 — 1, 2, 3, 4… Gimme Some More!
  • 1978 — Café
  • 1979 — The Hootchie Cootchie

Мусиқӣ ба филмҳо[вироиш]

Нусхаҳои сохта[вироиш]

Аввалҳои солҳои 80-ум ансамбли овозӣ ва асбобии Гулшан, суруди Эй, Санам! иҷро кард. Ин суруд нусхаи сохтаи суруди Sandstorm, гурӯҳи La Bionda мебошад.

Эзоҳ[вироиш]

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Sony ATV. La Bionda(англ.)
  2. Roberts, David (2006). British Hit Singles & Albums (19th ed.). London: Guinness World Records Limited. p. 58. ISBN 1-904994-10-5.(англ.)
  3. Depeche Mode Albums Violator(англ.)

Пайвандҳо[вироиш]

Инчунин нигаред[вироиш]