Jump to content

Николя Саркозӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Nicolas Sarkozy)
Николя Саркозӣ
Nicolas Sarkozy
Сурат
Ном ҳангоми таваллуд фр. Nicolas Paul Stéphane Sarközy de Nagy-Bocsa[2]
Таърихи таваллуд 28 январ, 1955
Зодгоҳ
Кишвар
Пеша сиёсатмадор, вакил, давлатмард, ҳуқуқдон
Падар Paul Sarkozy[d]
Модар Andrée Mallah[d]
Ҳамсар Carla Bruni[d][1]
Фарзанд Jean Sarkozy[d], Giulia Sarkozy[d][4], Pierre Sarkozy[d] ва Louis Sarkozy[d]
Ҷоизаҳо
Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викитека Осор дар Викитека

Николя Саркозӣ (фаронсавӣ: Nicolas Sarkozy, АФБ: [nikɔla saʁkɔzi]) Номи пурра Николас Пол Стефан Саркозӣ де Над-Бокса; (28 январ, 1955 — [[]Порис]) — арбоби давлатӣ ва сиёсии Фаронса, 23-юми Президенти Ҷумҳурии Фаронса (2007-2012). Ҳамчун президент, аз рӯи мақом, ӯ шоҳзода (ҳаммуҳокими) Андорра ва устоди бузурги Легиони фахрӣ буд.

Солҳои 1993-1995, 2002-2004 ва аз соли 2005 то 2007 дар ҳукумати Фаронса дар вазифаҳои мухталифи вазирӣ кор кардааст. Вай пеш аз ба вазифаи президенти Фаронса омаданаш раиси Шӯрои генералии департаменти Хотс-де-Сен буд. Аз соли 2004 инҷониб раҳбари ҳизби ҳокими Иттиҳоди Ҷунбиши Халқӣ (ИҶХ) буд, ки дар интихоботи президентии соли 2007 намояндагӣ мекард. 30 майи соли 2015 ҳизб бо номи "Ҷумҳуриятхоҳон" маъруф шуд. Саркозӣ 6 майи соли 2007 раисиҷумҳури Фаронса интихоб шуда, ба ҳайси раиси ҷумҳури ҷадиди Фаронса дар кохи Елиссей қасам ёд карда қудратро аз дасти Жак Ширак, ки 12 сол раҳбариро бар дӯш дошт, мегирад. Дар интихоботи президентии 6 майи соли 2012 аз номзади сотсиалист Франсуа Олланд шикаст хӯрд. Узви якумраи Шӯрои конститутсионии Фаронса аз соли 2012.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]