Jump to content

Маҷаҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Paeonia intermedia)
Маҷаҳ
Гули салим. Элок, ноҳияи Файзобод
Гули салим. Элок, ноҳияи Файзобод
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Paeonia intermedia C.A.Mey
Вазъияти ҳифз
Гунаи осебпазир
Осебпазир
IUCN 3.1 Vulnerable???
Гули маҷаҳ дар маркаи ИҶШС, 1974.

Маҷаҳ, гули маҷаҳ, салимгул, гули салим, миҷҷа[1] (лот. Paeonia intermedia) — гиёҳи бисёрсолаест аз оилаи маҷаҳиҳо (Paconiaceac) гули худрӯи маъмул.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пояҳояш рост. Баргаш мураккаб. Аз тухм ва қаламча (нашвӣ) зиёд мегардад. Мевааш фаровон мешавад.

Дар минтақаи баландкӯҳи қаторкӯҳҳои Қурама, Ҳисор, Қаротегин, Дарвоз, Пётри I, Терай ва Загар вомехӯрад. Дар нишебиҳои хокии настаранзор, анбӯҳи пахшбутта, юғанзор, баъзан дар фарқзори сирак месабзад. Дар баъзе ҷойҳо маҷаҳзор (дар баландии аз 2000 то 3000 м аз сатҳи баҳр) вомехӯрад. Одатан тӯп-тӯп (чандбехӣ) мерӯяд. Баъзан маҷаҳзори фарохро низ (қариб 10 км2) метавон дид.

Намуди ҳамшабеҳаш Ба Paeonia anomala L. (Аврупою Сибир ва Осиёи Марказӣ), инчунин Paeonia hybrida Pall., ки дар Олтой ва Тарбоғтой мерӯяд, қаробат дорад.

Ба осонӣ кишта мешавад. Дар Боғи гиёҳшиносии Душанбе онро аз тухм ва ҳам аз қаламча зиёд мекунанд. Маҷаҳро ҳам ба монанди навъҳои боғиаш (пион) мепарваранд.

Мақоми ҳифз

[вироиш | вироиши манбаъ]

Маҷаҳ ба феҳристи гиёҳони «Китоби Сурхи Тоҷикистон» дохил шуда, мувофиқи маълумоти овардаи китоб, яке аз гулҳои хеле базеби гаронбаҳост. Гули маҷаҳро бисёр чинда нобуд мекунанд. Дар натиҷаи мунтазам чарондани моли майда ниҳоли он поймол мегардад. Лӯндаи онро барои тайёр кардани доруи иллати меъдаву рӯда истифода мебаранд. Дар ҳама ҷо чиндани гули маҷаҳро манъ кардан лозим аст. Ба кофтани бехи он бе иҷозати махсус роҳ набояд дод[2].

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. С. Юсуфӣ, А. Раҷабзод, С. Ҷабборова. Луғати наботот (Русӣ-Тоҷикӣ-Лотинӣ) — Д., 2018. СИЭМТ. — С. 95. —112 саҳ. — ISBN 978-99947-33-94-1.
  2. Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон : Олами наботот ва ҳайвонот / Ш. Курбонов, А. Тошев. — нашри 2-юм. — Душанбе : Дониш, 2015. — С. 467. — 535 с. — ISBN 978-9975-45-07-7.