Анис

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Pimpinella anisum)
Анис
Рустании майда
Рустании майда
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Pimpinella anisum L., 1753
Мутародифот

Анис, анисун, бодиёни румӣ, бодиёни мисрӣ, бодиёни форсӣ, розиёнаҷи румӣ (лот. Pimpinélla anísum) — гиёҳест яксолаи чатргул; ба кашниз ва ҷаъфарӣ монандӣ дорад.

Тавсифоти гиёҳшиносӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Бехаш дукмонанд (дарозиаш 50 – 90 см), пояаш рост (20 – 70 см қад мекашад), пашмакдор. Баргаш дар поя пайдарҳам ҷойгир шудааст. Барги бехи пояаш паррадор ё яклухт, думчадароз; барги қисми миёнаи поя думчакӯтоҳ (қисми болоӣ – бедумча). Гулаш майда, сафед, 5-барга, сершаҳд (моҳҳои май – июн мешукуфад); хӯшагулаш чатршакл (дар нӯги поя ва шохчаҳои паҳлуӣ ҷой гирифтааст). Мевааш мурӯдмонанди хокистарранг (дарозиаш 3 – 5 мм, бараш 1,5 – 2,5 мм), баъди пухтан ба ду ҳиссаи баробар («тухм») тақсим мешавад (ба зудӣ мерезад).

Парвариш[вироиш | вироиши манбаъ]

Аниси худрӯй маълум нест. Онро дар замонҳои қадим (бино ба маълумоти Буқрот) боғӣ кардаанд. Анисро, одатан, баҳорон мекоранд. Ба ҳар га 10 – 22 кг тухмӣ сарф мешавад. Анис дар ҳарорати 10 – 15°С дар давоми 14 рӯз неш мезанад. Давраи нашваш 110 – 130 рӯз. Анисро асосан барои тухмаш мепарваранд. Онро дар Тоҷикистон бештар дар назди ҳавлӣ мекоранд.

Корбурдҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Тухми анис як навъ адвиёти пурқимат (алалхусус дар қаннодӣ ва нонпазӣ) аст. Онро чун зираву корав ба таом ҳам меандозанд. Сабзаи тару тозаашро чун хӯриш истифода мебаранд. Аз анис равғани эфир (1 – 6%) мегиранд; равғани эфири анис асосан аз анетол (80 – 90%) ва метилхавикол (10%) иборат аст. Онро барои тайёр кардани навшодири анис, хокаю хамираи дандоншӯӣ ва ғайра истифода мебаранд; дар тиб ва атриёт низ муҳим аст. Равғани эфири анис доруи балғамовар аст ва узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад. Аз анис равған (8 – 28%) ҳам мекашанд; онро дар собунпазӣ ва тайёр кардани ҳар гуна локҳо истифода мебаранд. Кунҷорааш хӯроки серғизои чорвост.

Хосияти шифоӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Хусусияти давоии худи тухми анис аз қадим маълум аст. Абуалии Сино анисунро барои кори узвҳои меъда, ҷигар, испурч, гурда ва пешобдон муфид ҳисобидааст; анис арақ, пешоб ва бодро меронад, нафаскаширо осон ва варами пойро мегардонад. Ҳоло нақеи тухми анисро чун омили тақвиятбахши узвҳои ҳозима ва бодрон (1 қошуқ аниси кӯфтаро дар 1 истакон оби ҷӯш 20 дақиқа дам карда, пас аз дока мегузаронанд ва пеш аз таом 3 – 4 маротиба 1 – 2-қошуқӣ) менӯшанд. Тухми анис ҷузъи таркиби бисёр «чойҳост», ки барои табобати сулфа, иллати меъда, инчунин чун омили арақовар, зидди исҳол истифода мешаванд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Склиревский Л. Я., Целебные свойства пищевых растений, М., 1972;
  • Полуденый Л. В., Эфирномасличные и лекарственные растения, М., 1979;
  • Гаммерман А. Ф., Лекарственные растения, М., 1983; Флора Таджикской ССР, Л., 1984.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]


Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]