Кӯрмагас

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Tabanidae)
Кӯрмагас
Кӯрмагас ҷинси Tabanus
Кӯрмагас ҷинси Tabanus
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Tabanidae Latreille, 1802
Зероила

Кӯрмагасҳо, бӯгалакҳо (лот. Tabanidae), хармагас (форсӣ: خرمگس‎) — ҳашарот аз оилаи дуболаҳо, зерқатори магасҳо.

Сохт[вироиш | вироиши манбаъ]

Дарозии баданаш 6—30 мм, рангаш бӯртоб, зардча, хокистарӣ ё сиёҳ; чашмонаш калон, мураккаб (рангаш сабз, кабуд, бунафш ва ғайра). Баданаш бемуяк, банди охири пойҳояш сербуғум. Сараш хурд ва сербар, болҳои фарохи шаффоф ё хол-хол дорад. Шикамаш паҳн ва аз 7 банд иборат аст. Охири шиками кӯрмагаси нарина устувонашакл ва кӯрмагаси модина гирд мебошад.

Ҳаёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Кӯрмагасҳо ҳашароти маъмул мебошанд, мардумони маҳалҳои мухталифи Тоҷикистон ин ҳашаротро бо номҳои тақала, бӯгалак, ғуз мешиносанд. Дар Тоҷикистон 46 намудаш дучор меояд. Хусусан дар ҷойҳои гарм бисёр аст. Ғизои кӯрмагаси нарина шаҳди гул, шираи мева ва маҳсули ихроҷи ҳашароти дигар (ширинча, кайки барг, зилла ва ғайра) мебошад. Кӯрмагаси модина, ғайр аа шаҳди гул, барои дар тухмдон инкишоф ёфтани тухм хуни ҳайвоноту одамро низ мемакад. Дар мавсим як кӯрмагаси модина дар рустанӣ, санг ва дигар чизҳои назди об 2—6 маротиба тухм (ҳар дафъа 100—800-то) мегузорад.

Аз тухм баъди 3—4 (баъзан 20) шабонарӯз кирминаҳо баромада, ба об меафтанд ва минбаъд он ҷо инкишоф меёбанд. Бадани кирминаи кӯрмагас аз 12 банд иборат аст, андозааш 2,5—30 мм. Баҳорон кирминаҳо аз об баромада, дар ҷойҳои нами хок (дар чуқурии 5—130 см) пинҳон мешавадд ва зимистанро он ҷо мегуэаронанд. Баҳорон ба рӯи хок мебароянд ва ба ғумбак табдил меёбанд. Ғумбаки кӯрмагас ба ғумбаки пулакчаболҳо монанд буда, дуртар аз об зиндагӣ мекунад (ғумбакҳо вобаста ба намуди кӯрмагас аз 3 шабонарӯз то 4 ҳафта инкишоф меёбанд.

Зараррасонӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Кӯрмагасҳо дар чарогоҳ села села ба чорво ҳамла карда, онро безобита менамояад, ки дар натиҷа чорво нокифоя алаф хӯрда, каммаҳсул мешавад. Дар бисёр мавридҳо кӯрмагасҳо ба ягон ҷои ҳайвони касал нишаста, хунашро мемаканд ва касалиҳои сироятӣ (туляремия, сӯхтанӣ, анемияи сироятии асп, трипаносомозҳо ва ғайра)-ро паҳн мекунанд. Дар чарогоҳҳое, ки кӯрмагасҳо бисёранд, истифодаи репеллентҳо (оксамат, бензимин) ва инсектисидҳо (хлорофос, дибром, сиодрин) аҳамияти калон дорад. Дар баъзе мавзеъҳо барои нест кардани кӯрмагасҳо ба оби ҳавзу кӯлҳо мазут, солярка ва ғайра (аз ҳисоби 100 г/м2) мерезанд (кӯрмагасҳо ба онҳо часпида нобуд мешаванд).

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Энциклопедияи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон / Сармуҳаррир Ҷ. Азизқулов. — Д.: СИЭСТ, 1988. Ҷилди I. Абалак — Мурғ, С. 468. — 576 с. бо тасвирот, 12 варақ тасвирот. — ISBN 5-89870-002-1
  • Баратов Ш. Б., О фауне, зональном распространении и фенологии слепней (Tabanidae) Таджикистана, дар кит.: Природная очаговость болезней и вопросы паразитологии животных, ч. 2, Таш., 1972;
  • Баратов Ш. Б., Тенто-чучельный комплекс как элемент интегрированного метода в привлечении и истреблении слепней, «Изв. АН Таджикской ССР. Отд. биологических наук», 1982, № 2.