Мазут
Зоҳир
Мазут — маҳсулоти моеъ, ки баъди аз нафт ҷудо кардани бензин, лигроин, карасин ва фраксияҳои сӯзишвории дизелӣ мемонад. Зичиаш 870— 1000 кг/м3 (20°С); гармии сӯзишаш 9100—10000 к ка л/кг; 0,8—3,5% сулфур, 60% зифт, 0,1—0,5% хокистар дорад.
Корбурдҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Мазутро дар истеҳсоли равғанҳои молиданӣ, битум, кокс ва чун сӯзншворӣ дар дегҳои буғӣ, печҳои гуногуни саноатӣ, турбинаҳои газӣ ва ғайра истифода мебаранд. Қисми зиёди мазут бо роҳи крекинг ба сӯзишвории сабуки моторӣ табдил дода мешавад.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.