Jump to content

Тупак Шакур

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Tupak Shakur)
Тупак Шакур
англ. Tupac Shakur
Иттилооти асосӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд англ. Lesane Parish Crooks[1][2]
Таърихи таваллуд 16 июн 1971(1971-06-16)[3][4][4][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 13 сентябр 1996(1996-09-13)[3][4][4][…] (25 сол)
Маҳалли даргузашт
Солҳои фаъолият 19891996
Кишвар
Пеша(ҳо) рэпер, таронасаро, ҳунарпеша, шоир, фаъол, шоири таронасаро, ҳунарпешаи телевизиюн, ҳунарпешаи синамо, нависанда, овозхон
Сабк West Coast hip hop[d], political hip hop[d], гангста-рэп[d], hardcore hip hop[d], G-funk[d], mafioso rap[d], conscious hip hop[d] ва horrorcore[d]
Ношир(он) Death Row Records[d], Interscope Records[d] ва Amaru Entertainment[d]
Ҷоизаҳо
Соядаст
Соядаст
2pac.com(англ.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ту́пак Ама́ру Шаку́р (англ. Tupac Amaru Shakur), ки бо тахаллусҳои 2Pac ва Макавели низ маъруф аст, ҳангоми таваллуд Лесэйн Пэ́риш Крукс (англ. Lesane Parish Crooks); 16 июни 1971, Ҳарлем, Ню-Йорк - 13 сентябри 1996, Лас Вегас, Невада) – иҷрокунандаи ҳип-ҳоп, таҳиягар ва ҳунарпеша аз Ҳарлем, Ню-Йорк, баъдтар аз Окленд, Калифорния[6]. Вай яке аз ҳунармандони бонуфузтарин дар таърих мебошад[7]. То соли 2015 дар саросари ҷаҳон беш аз 80 миллион сабти Тупак фурӯхта шудааст. Албоми студиявии дукаратаи ӯ All Eyez on Me, инчунин маҷмӯаи хитҳояш, аз ҷумлаи серхаридортарин албомҳои ИМА мебошанд. Маҷаллаи Rolling Stone Шакурро дар мақоми 86-уми феҳристи 100 овозхони бузурги замон ҷой додааст. Шакур ба бисёр ҳунармандони ҳип-ҳоп, аз ҷумла Эминем, Снуп Догг, Нас, Виз Халифа, Лил Вейн, Дрейк, Кендрик Ламар, 50 Cent, The Game, Nipsey Hussle ва бисёр сарояндаҳои дигар таъсири бениҳоят калон расондааст[8][9][10][11].

Қариб аксари сурудҳои Шакур дар бораи зиндагии вазнин дар гетто, зӯроварӣ, қашшоқӣ, нажодпарастӣ ва мушкилоти ҷомеаи муосир нақл мекунанд. Аксари хешовандони Тупак, аъзои гурӯҳи Палангҳои сиёҳ (Black Panthers), як созмони чапи радикалӣ африқоамрикоӣ буданд. Дар солҳои охири ҳаёти худ, Шакур мустақиман даргири рақобат байни ду соҳил буд, ки бо дигар ҳунармандон ҳип-ҳоп ва таҳиягарони мусиқӣ, аз ҷумла раҳбари соҳили шарқӣ The Notorious B.I.G. ва лейбли Bad Boy Records муноқишаҳо ба вуҷуд овард.

Дар тирамоҳи соли 1996, Шакур якчанд захми тир бардошт. Ӯ дар бемористон, пас чандин бор талош барои баланд шудан аз бистар таҳти таъсири доруҳои дардзудои сахт ба дастгоҳи сунъии гардиши хун қарор гирифт ва ниҳоятан, бо ёрии барбитуратҳо ба комаи сунъӣ гузаронида шуд. Рӯзи 13 сентябри соли 1996, сарфи назар аз кӯшишҳои табибон, хунравии дохилии Тупак бас нашуд ва ӯ дар шуъбаи эҳё ва терапияи интенсивӣ аз олам чашм пӯшид. Модараш Афени Шакур тасмим гирифт, кӯшишҳои беҳудаи пизишконро барои бозгардондани писараш бигирад[12]. Иллати расмии марг норасоии нафас ва боздошти дил аз захмҳои зиёди тир мебошад.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. https://web.archive.org/web/20150721003213/http://www.2pac2k.de/name.html
  2. Official Coroners Report (ингл.)
  3. 3.0 3.1 Ray M. Encyclopædia Britannica (ингл.)
  4. 4.0 4.1 4.2 4.3 Internet Broadway Database (ингл.) — 2000.
  5. 5.0 5.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #120393336 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
  6. Joey Reams. How Tupac Forever Changed The Bay Area. Culture Trip. 17 августи 2020 санҷида шуд.
  7. The 50 Most Influential Rappers of All Time | Music | BET (29 Декабри 2011). 22 сентябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 Декабри 2011.
  8. 18 Years Later: Rappers Reflect On Tupac's Impact, HotNewHipHop. Бойгонӣ шудааст 19 ноябри 2016  сол. Проверено 18 ноябри 2016.
  9. Kanye West wears Vintage Tupac T-shirt and Gucci Slide Sandals Backstage of the Saint Pablo Houston Tour Stop | UpscaleHype. www.upscalehype.com. 18 ноябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 ноябри 2016.
  10. djvlad. Nas Reveals Conversation w/ 2pac Right Before His Death (2006) (24 сентябри 2013). 18 ноябри 2016 санҷида шуд.
  11. Making A Masterpiece – The 3-Year Story Behind Kanye West's Seventh Album 'The Life Of Pablo' - NME(англ.), NME (12 February 2016). Проверено 18 ноябри 2016.
  12. Tupac Amaru Shakur. — epubli. — 423 с.
  • Жан-Пйер Ҳомбах. Tupac Amaru Shakur. - Лулу, 2012 - ISBN 9781471618833.
  • Jacob Hoye, Karolyn Ali. Tupac: Resurrection. — Atria, 2006. — 256 p. — ISBN 978-0743474351.