Jump to content

Universal Pictures

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Universal Pictures
Навъ ҷамъияти саҳомӣ
Таъсисёбӣ 8 июни 1912
Бунёнгузорон Карл Леммле
Макон Лос-Анҷелес, Калифорния, ИМА
Бахш филмбарорӣ
Ширкати модарӣ NBC Universal
Ширкатҳои духтарӣ Universal Pictures, Focus Features, Universal Animation Studios, Illumination Entertainment, Universal Studios Home Entertainment, Working Title Films ва Back Lot Music
Сайт universalstudios.com

Universal Pictures (машҳур ҳамчун Universal Studios) — яке аз куҳантарин ширкатҳои синамои Ҳолливуд, ки ҳоло фаъол ҳастанд. Соли 1912 аз тарафи Карл Леммле таъсис ёфтааст. Аз соли 1915 то 1925 — калонтарин ширкати синамои ИМА. Аз соли 2004 — воҳиди истеҳсолии ширкати NBC Universal.

Дар логотипи он Замине, ки дар гирдаш ҳалқа (мисли ҳалқаи Сатурн) бо рӯнависи Universal («Ҷаҳонӣ») тасвир ёфтааст. Зери ҳифзи ширкат боғҳои тематикӣ дар Ҳолливуд, Орланда, Сингапур ва Осака кор мекунанд.