Jump to content

Баҳор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Одати аргентинӣ, ки дар рӯзи оғози баҳор ҳамчун рамзи шодӣ, нерӯ ва некбинӣ гулҳои зард мебахшанд, дар бисёр кишварҳо паҳн шудааст.
Бойчечаку бойчечак

Баҳор - яке аз фаслҳои сол аст ва аз рӯи тақвими соли мелодӣ — моҳҳои март, апрел ва майро дарбар мегирад.

Яке аз идҳое анъанавии миллии халқҳои эронитабор, ки бо фарорасии баҳор ҷашн гирифта мешавад, иди байналмилалии Наврӯз аст.

Баҳор яке аз фаслҳои зеботарини сол мебошад. Ин фаслро зиндашавии табиат, арӯси сол меноманд.

Дар ин фасл дар кишвар якчанд идҳоро ҷашн мегиранд, аз ҷумла 8 март - Рӯзи модар, 21 март - 24 март — иди Наврӯз, 1 апрел - рӯзи ханда, 9 май - рӯзи Ғалаба, 23 май - рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва ғайра.

Дар васфи баҳор адибони зиёде шеърҳо гуфтаанд. Дар бораи фасли баҳор шоири барҷастаи тоҷик Мирзо Турсунзода чунин гуфтааст:

«

Баҳор омад садои булбул омад,
Насими фораму бӯи гул омад.
Либоси сабзро саҳро ба бар кард,
Кулоҳи сап сафед олу ба сар кард.
Мирзо Турсунзода
»


Баҳор яке аз фаслҳои зеботарини сол дар кишварҳои дунё башумор меравад ва ба муносибати фарорасии баҳор дар давлатҳои ҷаҳон иду маросимҳои халқӣ гузаронида мешаванд. Дар фасли баҳор ҳама мисли гул шукуфон мегарданд. Дар тамоми дунё баҳорро фасли зеботарин ва фасли ризқу рӯзӣ низ меноманд. Дар давлати Тоҷикистон ин фаслро фасли пурфайз меноманд.

Баҳор фасли зеботарини сол ба шумор меравад. Баҳор аз се моҳ иборат аст. Аз ҷумла март, апрел, май, Дар фасли баҳор дарахтон гул мекунад, замин ҷомаи нав ба бар мекунад ва табиат аз нав зинда мешавад. Дар фасли баҳор дили ҳар як шахс аз нав зинда мешавад, мисли замин.

«

Баҳор омад ба некрӯзӣ,
Бичин гулҳои наврӯзӣ.
Бипуш тоқии гулдӯзӣ,
Баҳори нав муборак бод.
»


Манзараҳои фасли баҳор дар Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]