Сабзӣ
Сабзӣ | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Daucus carota.
|
||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||
Daucus carota subsp. sativus (Hoffm.) Schübl. & G.Martens(1882) | ||||||
Мутародифот | ||||||
|
Сабзӣ, бехӣ (лот. Daucus carota subsp. sativus) — ҷинси рустаниҳои оилаи чатрдорон, буда пояаш 30-70 см қад мекашад. Гулаш дуҷинса аст. Бехмевааш дарозрӯя буда, аз вазнаш 30 то 300 г мешавад. Ранги бехмевааш норинҷии сурх, зард аст. Ба сифати хӯрокворӣ сабзӣ аз замонҳои қадим истифода мешавад. Сабзӣ — рустании дусолае (хеле аҳёнан — бисёрсола) аст, ки соли аввал беху барг карда, соли дуюм буттаи тухмӣ мешавад ва тухм тайёр мекунад.
Дар рӯи замин, аз он ҷумла, дар мамолики минтақаи баҳри Миёназамин, Африқо, Австралия, Зеландияи Нав ва Амрико хеле паҳн шудааст (тақрибан 60 намуд).
Корбурд
[вироиш | вироиши манбаъ]Сабзиро барои истеъмол дар таом ва тухмашро барои тайёр кардани ҳар гуна қиёму экстрактҳо истифода мебаранд. Дар сабзӣ каротиноидҳо — каротинҳо, фитоен, фитофлуен ва ликопин; витаминҳои В, В2, кислотаи пантотен, кислотаи аскорбин, флавоноидҳо, антотсианидинҳо, қанд (3-15 %), чарб ва каме равғани эфир, умбеллиферон; дар тухмаш — равғани эфир, флавонҳо ва равғани тухми сабзӣ мавҷуданд. Дар таркиби гулаш антотсианҳо ва флавоноидҳо (кверсетин, кемпферол) бисёранд.
Корбурди пизишкӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Табибони халқӣ ба сифати даво бехмева ва тухми сабзиро истифода мебаранд. Сабзӣ дар шакли тару тоза кор фармуда мешавад. Аз он ҳар гуна нӯшокӣ истеҳсол мекунанд ва дар мавриди муолиҷаи бемориҳои гуногун кор мефармоянд. Табибони халқӣ сабзиро ҳангоми табобати бемории зардпарвин, маризиҳои ҷигар (гепатитҳои шадид ва музмин) ва бемории шабкӯрӣ тавсия медиҳанд. Хусусан сабзӣ барои табобати зардаҷӯш ва қабзияти шикам нафъи калон дорад. Ба беморони гирифтори илтиҳоби меъда ва захми меъда оби сабзӣ тавсия дода мешавад (ним истаконӣ рӯзе 3 маротиба 15-20 дақиқа пеш аз хӯрок). Оби сабзиро ҳамчун доруи мусҳил (дарунрон) низ тавсия медиҳанд. Бо ин мақсад онро ба ҳаҷми 160—300 мл пеш аз хӯрок истеъмол кардан лозим аст. Бо оби сабзӣ яра ва ҷойҳои сӯхтаи пӯстро тоза мекунанд. Оби сабзиро якҷоя бо зардии тухм (1:1) ё асал ба пӯсти хушк ва кафида мемоланд. Он пӯстро ботароват гардонида, захмҳоро ба ҳам меорад, наракро нест мекунад. Тухми сабзӣ, хусусан сабзии даштӣ давои хуби қабзияти шикам ва бемории санги гурда аст. Оби баргҳои тару тозаи сабзиро дар мавриди табобати нейродерматитҳо, экзема ва диатез истифода мекунанд. Дар тибби қадим сабзӣ яке аз ғизоҳои маъмули парҳезӣ ва шифобахш ба шумор мерафт. Дар бораи хусусиятҳои шифобахшии он Дисқуридус (Деоскорид) навиштааст. Ба сифати даво сабзӣ ва барги онро кор мефармуданд. Табиати бехмеваи сабзӣ гарм аст. Мувофиқи тавсифи Абӯалии Сино решаи сабзии даштӣ кори меъдаро устувор гардонида, ҳангоми плеврит сурфаи куҳна ва истисқо (водянка) нафъ дорад. Агар ба болои захми қарасон (гангрена) сабзиро бо баргаш куфта банданд, фоида меорад. Тухми сабзӣ дамшавии шикамро бартараф сохта, пешобро меронад. Сабзӣ, хусусан сабзии даштӣ дар шакли шамъча ҳайзро ронда, ҷараёни ҳамлро осон месозад. Мувофиқи маълумоти Муҳаммад Ҳусайни Шерозӣ сабзӣ табиатро нарм сохта (сафро, савдо ва ғайра) суддаҳои ҷигарро мекушояд, кори меъдаро тақвият мебахшад. Сабзӣ ҳангоми бемориҳои меъда, ҷигар, сандуқи сина, хориҷ кардани санги гурда ва пешобдон манфиат бахшида, таъсири шошаронӣ дорад. Онро ҳангоми бемориҳои шуш низ истифода мекунанд. Мураббои сабзӣ зудҳазм буда, дар вақти бемории истисқо (водянка) нафъ дорад. Он якҷоя бо асал кори рӯдаҳоро ба тартиб медарорад. Дар тибби илмӣ сабзӣ ва оби онро ҳамчун давои сервитамин барои табобати А-гиповитаминозҳо тавсия медиҳанд. Сабзӣ механизмҳои муҳофизатии организмро низ баланд мебардорад. Бинобар ин оби сабзиро духтурон бисёр вақт барои табобати гепатити музмин ва шадид, камхунӣ, ҳамчунин баъди ҷарроҳӣ ва бемориҳои кӯдакона тавсия медиҳанд. Ба занҳои ҳомила ва кӯдаки ширхорадор сабзӣ аҳамияти калон дорад. Он сабзишу инкишофи кӯдакро ба эътидол меорад. Ба сифати ғизои парҳезӣ метавон мураббои сабзигӣ ва схуриши аз он тайёр кардаро тавсия дод. Хусусан оби сабзӣ нафъи зиёд дорад, зеро дар таркиби он бисёр витаминҳои зарурӣ маҳфуз аст. Муқаррар шудааст, ки ҷӯшоби тухми сабзии даштӣ таъсири талхаронӣ дорад. Дар сурати истеъмол кардани ҷӯшоби он (100 мл рӯзе 3 маротиба) дар беморон нишонаҳои диурез (серпешобӣ) нест шуда, ҳолати умумии бемор беҳтар мегардад, ҳарорати бадан паст мефарояд. Аз тухми сабзии даштӣ экстракти даукарин ба даст дароварда шудааст, ки флавоноидҳои зиёд дорад. Онро барои табобати иллати рагҳо кор мефармоянд. Таъсири таскинбахш ва васеъсозии рагҳоро низ доро мебошад. Доруро дар шакли қурс (таблетка) истеҳсол мекунанд. Тарзи истифода: 1 қурсӣ рӯзе 3-5 маротиба 30 дақиқа пеш аз хӯрок. Бояд фаромӯш накард, ки хурӯҷи бемории зиқи дил (стенокардия) зери таъсири ин дору рафъ намешавад. Даукарин мубодилаи моддаҳоро дар дохили мушаки дил беҳтар сохта тангшавии рагҳоро пешгирӣ мекунад. Сабзиро дар тибб ҳангоми гипо ва авитаминоз истифода мебаранд. Тухми сабзӣ барои тайёр кардани маводи доруворӣ ва равғани эфири дар таркиби он буда барои истеҳсоли хушбӯӣ ва ароматерапия истифода мешаванд. Дар тибби халқӣ низ он татбиқи васеъ дорад.
Нигористон
[вироиш | вироиши манбаъ]-
Сабзӣи ваҳшӣ
-
Гийоҳи сабзӣ
-
Сабзӣ дар рангҳойи гуногун
-
Сабзӣи омодаи пухтан
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Марков В. М., Овощеводство, М., 1966.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]