Абдуллатиф
1449 — 1450 | |
Пешгузашта | Улуғбек |
Ҷонишин | Абдулло ибни Иброҳим |
|
|
Таваллуд |
1430 |
Даргузашт |
8 май 1450 наздикии Самарқанд ҳозира вилояти Самарқанд Ӯзбекистон |
Мадфан | |
Дудмон | дудмони Темурӣ |
Сулола | Темуриён |
Падар | Улуғбек |
Абдулатиф (1430—1450, Самарқанд) — шоҳзодаи сулолаи Темуриён, писари Улуғбек.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар тарбияти Абдуллатиф бобояш Шоҳрух ва модаркалонаш Гавҳаршодбегим нақши муассире доштаанд. Абдуллатиф дар юришҳои султон бевосита ширкат дошта, пас аз марги Гавҳаршодбегим дар раъси сипоҳи темуриёни Ҳирот қарор дошт. Соли 1447 миёни Абдуллатиф ва шоҳзода Алоуддавла барои касби нуфуз дар Хуросон задухӯрд ба амал омад ва дар ҷанги Нишопур ба дасти рақибаш асир шуд. Абдуллатиф бо дахолати падараш аз асорат озод гардид ва ҳукумати вилояти Балхро соҳиб шуд. Абдуллатиф бо ҳадафи соҳиб шудан бар тахти Самарқанд бо ҳамдастии шоҳзодаи темурӣ Абулқосим Бобур ва бекҳои темурӣ алайҳи падараш Улуғбек қиём кард ва баъд аз муборизаи дусола (1449) дар деҳаи Димишқи Самарқанд соҳиби тахт шуд. Абдуллатиф дар таърих бо номи шоҳзодаи падаркуш маъруф аст. Бо ризояти ӯ падараш ва бародараш Абдулазиз Мирзо ба қатл расидаанд.
Марг
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдуллатиф пас аз шаш моҳи салтанаташ (1450) ба тавассути навкари хоси Улуғбек ба исми Бобо Ҳусайн Баҳодур кушта шуд. Абдуллатиф шахси худхоҳу шуҳратпараст, вале дар айни замон аз ихлосмандони улум, таъриху фалсафаву илоҳиёт буд ва гоҳе дар шеър ҳам ҳунарозмоӣ кардааст.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бартольд В. В. Сочинения. Т. II. Ч. 2. М., 1964.
- Работы по отдельным проблемам истории Средней Азии. Улугбек и его время, М., 1964.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абдуллатиф // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Зодагони соли 1430
- Зодагони шаҳри Самарқанд
- Даргузаштагони 8 май
- Даргузаштагони соли 1450
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Даргузаштагони вилояти Самарқанд
- Шоҳаншоҳии Темуриён
- Википедия:Мақолаҳо дар бораи ходимони давлатӣ бидуни тасвир дар Викианбор
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- Темуриён
- Ҳокимони Осиё дар асри XV