Абдулмӯъмини Ҳофиз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдулмӯъмини Ҳофиз
Таърихи таваллуд 1367(1367)
Зодгоҳ Самарқанд
Таърихи даргузашт 1440(1440)
Пеша(ҳо) сароянда, оҳангсоз

Абдулмӯъмини Ҳофиз (порсӣ: عبدالمؤمن حافظ ; 1367, Самарқанд — 1440, ҳамонҷо) — хонанда, навозанда ва оҳангсози форс-тоҷик, аз намояндагони машҳури мактаби мусиқии Самарқанд дар замони Темуриён.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз аҳли Самарқанд буда, дар назди Абдулқодири Гӯянда асосҳои назариявӣ ва амалии шеъру мусиқиро омӯхтааст. Дар ҳофизӣ яке аз ҳунармандони маъруфи замон буд ва дар дарбори ҳокими Бағдод Султон Аҳмади Атласпӯш хизмат мекард.

Абдулмӯъмини Ҳофиз асарҳои машҳури Абдулқодири Гӯянда«Амалибӯстон»,«Амали гесу», «Амали гулистон», «Амали хористон»-ро дар назди санъатдӯстони Бағдод, Ҳирот, Самарқанд бо маҳорат иҷро мекард. Вақти сароидан аз авҷҳои хеле мураккаби овозхонӣ истифода менамуд ва ӯро «Ҳофизи зилхон», «Ҳофизи авҷӣ» ҳам меномиданд. Ғазалро неку мегуфт. Ба ғазалҳои Саъдии Шерозӣ тазминҳо бастааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Донишномаи Шашмақом / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — С. 12-13. — ISBN 978-99947-49-13-3.