Jump to content

Абдурраҳмон Бисвас

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдурраҳмон Бисвас
банголӣ: আবদুর রহমান বিশ্বাস
10 октябр 1991 — 9 октябр 1996

Таваллуд 1 сентябр 1926(1926-09-01)
Даргузашт 3 ноябр 2017(2017-11-03)[1][2] (91 сол)
Ҳамсар Hosne Ara Rahman[d]
Ҳизб
Таҳсилот
Эътиқод ислом

Абдурраҳмон Бисвас ( бенг. আব্দুর রহমান বিশ্বাস ; 1 сентябри 1926, Барисал — 3 ноябри соли 2017, Дакка ) — ходими давлатй ва сиёсии Бангладеш.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ноҳияи Барисал (ҳоло Банглодеш) таваллуд шудааст, ӯ Донишгоҳи Даккаро хатм карда, дар он ҷо бакалаври санъат ва магистри ҳуқуқро гирифтааст. Дар вазифаи раиси бонки кооперативии маҳаллӣ кор кардааст. Солҳои 1962 ва 1965 ӯ ба Маҷлиси қонунгузори Покистони Шарқӣ интихоб шуд. Соли 1967 дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Покистонро намояндагӣ кард. Дар интихоботи парлумонии Бангладеш дар соли 1979 вакили Маҷлиси миллӣ интихоб шуд ва баъд аз он дар вазоратхонаҳо як қатор вазифаҳоро ба ӯҳда дошт. Дар интихоботи парлумонии соли 1991 дубора вакил интихоб шуд ва дере нагузашта раиси парлумон интихоб шуд. Моҳи октябри соли 1991 Президенти Бангладеш интихоб шуд ва то соли 1996 дар ин вазифа кор мекард. Дар давраи раисиҷумҳур буданаш дар муқобили артиш мавқеъи сахт гирифт.