Абуҳанифаи Динаварӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Абуҳанифаи Диноварӣ)
Абуҳанифаи Динаварӣ
ар. أبو حنيفة الدِينَوَرِي
Таърихи таваллуд 828
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 895[1]
Кишвар
Фазои илмӣ ҷуғрофиё, гиёҳшиносӣ ва филология
Логотипи Викитека Осор дар Викитека

Абуҳанифа Аҳмад ибни Довуд ибни Вананди Динаварӣ (828, Динавар[d], Устони Кирмоншоҳ895[1]) — риёзидон, ҳайатшинос, набототшинос, файласуф, муаррих, адиб ва луғатшиноси маъруфи форс-тоҷик..

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Бештари ҳаёт ва фаъолияти Абуҳанифаи Динаварӣ дар Динавар ва Исфаҳон гузаштааст. Дар Исфаҳон, аз мавзее, ки Абуҳанифаи Динаварӣ мушоҳидаҳои ситорашиносиро анҷом медод, дертар Абдурраҳмони Суфӣ дидан кардааст.

Осори илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Рисолаҳои зерини Абуҳанифаи Динаварӣ дар сарчашмаҳо вомехӯранд: «Китоб ал-ҷабр ва-л-муқобала» («Китоб дар ҷабру муқобала»), «Китоб ат-тахт фӣ ҳисоб-ул-ҳинд» («Китоб дар бораи тахта ва ҳисоби ҳиндӣ»), «Китоб ан-наводир-ил-ҷабр» («Китоб дар бораи нодириҳои алҷабр»), «Китоб-ул-васайа» («Китоби васият»), «Китоб-ул-ҳисоб-уд-давр» («Китоб дар бораи ҳисоби давра»), «Китоб-ул-кусуф» («Китоб дар бораи гирифти Офтоб»), «Китоб ал-азмина ва-л-амкина» («Китоб дар бораи замон ва макон»), «Китоб ун-набот» («Китоб дар бораи наботот»), «Китоб-ул-ахбор-ит-тивол» («Китоб дар бораи ахбори дароз»). «Китоб-уш-шеър ва-ш-шуаро» ва «Китоб-ул-фасоҳат» аз ҷумлаи таълифоти адабии ӯст. Абуҳанифаи Динаварӣ дар асари бисёрҷилдаи худ «Китоб-ун-набот» миқдори зиёди ашъори шоирони арабро роҷеъ ба гиёҳҳо дохил кардааст. «Китоб-ул-ахбор-ит-тивол»-и ӯ яке аз намунаҳои барҷастаи насри классикии араб буда, то замони мо пурра расидааст. Матни онро соли 1888 олими рус В. Ф. Гиргас дар Лейден ба табъ расонида буд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]