Jump to content

Аждар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аждар
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Аждари Комодо

Аждар 1) Draco – як гурӯҳи ҷонварони хазанда. Аждар 14 намуд дошта, бештар дар галаҷазираи Малай ва Осиёи Ҷанубӣ (Ҳиндустон) дучор меоянд. Дарозиашон то 30 см, думашон борики дароз. Дар паҳлӯ пӯсти чин дар чин («парашют») дошта, ба воситаи он то 20 – 25 м парвоз мекунанд. Одатан дар болои дарахтон маскан мегиранд. Маъмултарини онҳо аждари паррон (D. volans) аст. 2) Varanus komodensis (Аждари Комодо), калонтарин ва қадимтарин хазанда. Дар ҷазираҳои Комодо, Ринҷа ва Флореси галаҷазираҳои Зонди Хурд сукунат дорад. Дарозиаш 3 – 3,5 м, вазнаш 130 – 166 кг, сараш чун сари мор, думаш калон, танаш пулакчадор. Хуб шино мекунад. Ғизояш ҳайвонҳои сумдор (гавазн, асп, гуроз ва ғайра), маймун ва дигар ширхӯрҳост. Сайдашро бо дум зада меафтонад, баъзеашонро яклухт фурӯ мебарад. Моҳҳои май зери решаи дарахт ё харсангҳо то 25 дона тухм мегузорад. Баъди 8 – 8,5 моҳ аз тухм аждарбачаҳо мебароянд.[4]

Инчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. Integrated Taxonomic Information System (ингл.) — 1996.
  2. The Reptile Database (ингл.) / P. Uetz — 2015.
  3. Ouwens P. A., 's Lands Plantentuin On a large Varanus species from the Island of Komodo (фр.) // Bulletin du Jardin Botanique de Buitenzorg — 1912. — Vol. ser. 2, no. 6. — P. 3. — ISSN 0215-8906
  4. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 1. А-АСОС – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2012, - с. 203