Айюбиён
Айюбиён — сулолаи султонҳои Миср (1171 – 1250), ки баъди Фотимиён — хонадони халифаҳои араб ба тахти ҳокимият соҳиб шуданд. Асосгузори ин сулола амири курд Салоҳуддин (дар адабиёти илмию оммавии Ғарб ба номи Саладин ёд мешавад) Юсуф ибни Айюб – собиқ вазири халифа Ал-Адид аст, ки ӯро соли 1171 аз тахт барандохта буд. Айюбиён баъди ба ҳокимият соҳиб шудан аз эътиқодоти шиъии Фотимиён (исмоилия) рӯ тофта ба аҳли тасаннун пайвастанд ва таҳти ҳокимияти рӯҳонии Аббосиён қарор гирифтанд. Салоҳуддин Миср, Шимоли Африка, қисми зиёди Сурия ва Фаластин, Байнаннаҳрайни Шимолӣ ва Яманро фатҳ кард. Пас аз фавти Салоҳуддин дар соли 1193 давлати Айюбиён тадриҷан ба султонаҳои алоҳидаи Айюбиён тақсим шуд, вале таҳти султони олии Қоҳира қарор доштанд. Шохаҳои гуногуни Айюбиён дар Миср (то соли 1252), Димишқу Ҳалаб (то соли 1260), Байнаннаҳрайн (то соли 1245), Хумс (1178 – 1262), Хам (то соли 1341), Яман (то 1228) ҳукмронӣ кардаанд. Минбаъд ҳукумати воқеӣ тадриҷан ба дасти сипаҳсолорони гвардияи ғуломии мамлукҳо гузашт ва шохаи асосии мисрии Айюбиён бо сарварии Туроншоҳ (соли 1250 аз тарафи сарбозони ғулом ба қатл расид) барҳам хӯрд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.