Аскар Ҳаким

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аскар Ҳаким
Аскар Ҳаким
Таърихи таваллуд: 10 октябр 1946(1946-10-10) (77 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Ғафуров Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: тоҷикӣ
Ҷоизаҳо: Шоири халқии Тоҷикистон, Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон

Аскар Ҳаким - шоир, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Корманди шоистаи Тоҷикистон. Аз соли 1976 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аскар Ҳаким 10 октябри 1946 дар деҳаи Рӯмони ноҳияи Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 1967 факултаи таъриху филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро ба итмом расонда, ду сол дар идораи барномаҳои ҷавонон ва наврасони Кумитаи телевизион ва радиои ҶШС Тоҷикистон муҳаррир будааст. Солҳои 1969-1974 аспиранти кафедраи таърихи адабиёти советии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов, баъдан муовини сармуҳаррири маҷаллаи «Садои Шарқ», муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон», сипас сармуҳаррири ҳамин ҳафтанома (ҳозира «Адабиёт ва санъат), аз соли 1991 то марти 2003 раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будааст.

Аскар Ҳаким алҳол ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии Академия миллии илмҳои ҶТ мебошад.

Таҳқиқоти банда доир ба вежагиҳои шеъри ғиноии тоҷикии нимаи дуюми асри ХХ буд, ки онро дар 530 сафҳа ба поён расондам. Дар фикри дифои рисолаи докторӣ набудам, аммо дӯстони соҳибназарам баъди мутолиаи таълифот маро таҳрик доданд, ки онро ба сифати кори докторӣ пешниҳод кунам. Яке аз он нафарон худи ту будӣ, ки дар як суҳбат “Баҳром Сирус вақте рисолаи докторӣ ҳимоя мекунад, синнаш аз 80 гузашта будааст, шумо ҳам докторӣ кунед”-гӯён маро ташвиқ мекардӣ. Ҳамин тавр, ман рисолаи докторӣ дифоъ кардам…

[1]

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Осори адабиётшиносиаш дар маҷмӯаҳои «Шеър ва замон» (1978), «Дар қаламрави сухан» (1982) «Творцы созвучий» (Маскав, 1988), «Испытане поэзией (1992) ва ғ. ба табъ расидаанд. Соли 1974 дар мавзӯи «Ворисияти таърихӣ ва навпардозиҳои шоирона» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Дар баробари пешбурди фаъолияти журналистӣ, мунаққидӣ ва адабиётшиносӣ, пайваста шеърофаринӣ кардааст. Ашъори дар солҳои гуногун офаридааш дар авроқи кутуби «Раҳнавард» (1983), «Тарозуи Офтоб» (1987)), «Путник» (Маскав, 1989), «Рӯзи умед» (1990), «Рубоиёт» (1992), «Баргпайванд: шеърҳои точикии Аскар Ҳаким» (дар алифбои ниёкон; Ню-Йорк, 1993), «Шаҳри меҳолуд» (ба ҳуруфи ниёкон; 1993), «Баргузидаи ашъори Аскар Ҳаким» (Теҳрон, 1995), «Ашъори мунтахаб» (2012) ва ғ. нашр гардидаанд. Ашъораш, бар иловаи русӣ, ба чанде аз забонҳои дигари хориҷӣ ҳам интишор ёфтаанд. Осори В.Биков «Сотников» (1979), М.Ю. Лермонтов «Хазинадорзани Тамбовӣ» (1981), Г. Эмин «Аср, замин, ишқ» (1983), А. Данте «Мазҳакаи илоҳӣ» (бахши «Дӯзах», 1987) ва дигаронро ба тоҷикӣ гардондааст. Мураттиби китоби «Лирика. Из персидско-таджикской поэзии» (Маскав, 1987) мебошад.[2]

Баргузидаи ашори Аскар Ҳаким ба номи Баргпайванд дар соли 1993 дар Америко ба чоп расид.[3]

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Аскар Ҳаким: Байни шоирон беҳтарин мунаққидам, байни мунаққидон беҳтарин шоир!
  2. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014. – С. 271 ISBN 978-99947-2-379-9
  3. https://www.academia.edu/12356146/برگپیوند