Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — идораи ҷумҳуриявии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба фаъолияти телевизион ва радиошунавонии ҷумҳурӣ роҳбарӣ намуда, дар баланд бардоштани савияи ғоявию сиёсӣ ва бадеии барномаҳои телевизионӣ ва радиошунавонӣ, вазъият ва инкишофи минбаъдаи кори телевизион ва радиошунавонӣ масъул аст.

Кумита соли 1957 дар назди Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта, аз соли 1962 ба Комитети давлатии Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон табдил ёфт. Соли 1971 Комитети давлатии Шӯрои Вазорати ҶШС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ ном гирифт. Ҳоло бо номи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.[1]

Фаъолият[вироиш | вироиши манбаъ]

Кумита айни ҳол аз чор телевизиони давлатӣ — Телевизиони Тоҷикистон (Шабакаи якум), Муассисаи давлатии Телевизиони "Сафина", телевизиони кӯдакон ва наврасон «Баҳористон», телевизиони иттилоотии «Ҷаҳоннамо», радиои «Фарҳанг», радиои «Овози тоҷик» ва радиои «Садои Душанбе» иборат буда, бо 5 забон, радиои «Овози тоҷик» бо 8 забон барномаҳо омода мекунанд. Барномаҳои иттилоотии «Ахбор», «Навид», «Хабар», силсилафилмҳои гурӯҳҳои эҷодии «Субҳ», «Фаросӯ», «Пайванд», силсилабарномаҳои «Рисолаи таърихӣ», барномаҳои ҳарҳафтаина аз радиои «Садои Душанбе» — «Шумон», аз «Радиои Тоҷикистон» — «Ҳафриёт» ва ғайраҳо барои тарғиби ҷашни 3000-солагии Ҳисори Шодмон саҳми назаррас доранд.

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ 8 шабакаи телевизионӣ ва 3 шабакаи радиои давлатӣ таъсис додааст. Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 90 телевизион ва радиои давлативу хусусӣ ва студияҳои истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ фаъолият менамоянд. Аз ин шумора 13 телевизиони давлатӣ, 10 радиои давлатӣ, 33 телевизиони хусусӣ, 22 радиои хусусӣ ва 12 студияи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ мебошанд.[2].

Дар назди Кумита дастаҳои ҳунарӣ ва рақсии «Гулшан», «Дарё», «Фалак», «Шашмақом», «Зебо» ва «Гулрез» фаъолият менамоянд. Айни ҳол тамоми шабакаҳои иттилоотии телевизион ва радиошунавонии Кумита тавассути моҳвора ва Шабакаи баландсуръати ҷаҳонии Интернет бо сифати баланд ба тамоми гӯшаҳои олам паҳн мегарданд. Фаъолияти хуби назарраси кормандони Кумита бо нишони «Аълочии телевизион ва радио» қадр карда мешавад.[3]

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Сомонаи расмии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. 24 Декабри 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 Январ 2016.
  2. Имрӯз дар Душанбе Шабакаи нави телевизиони Тоҷикистон «Илм ва табиат» ифтитоҳ гардид(тоҷ.). khovar.tj. 14 апрели 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 апрели 2021.
  3. Донишномаи Ҳисор -Душанбе: «Ирфон», 2015, — с. 308 Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон