Jump to content

Аҳмади Ғазолӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аҳмади Ғазолӣ
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: илоҳиётшинос, нависанда, ориф
Таърихи таваллуд: асри XI
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1126[1]
Маҳалли даргузашт:
Маҳалли дафн:
Кишвар:
Эътиқод: ислом
Шогирдон: Абдулқодири Суҳравардӣ
Вироиши Викидода

Аҳмад ибни Муҳаммади Ғазолӣ (форсӣ: احمد بن محمد غزالی‎; асри XI, Тус1126[1], Қазвин) — ориф, фақеҳ ва суфии форс-тоҷик, бародари хурдии Муҳаммади Ғазолӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳмади Ғазолӣ дар Тобирони Тӯс таваллуд шудааст. Дар тариққати суфия пайравии орифи машҳур Абубакри Насоҷи Тӯсӣ будааст. Ғазолӣ суханвари тавоно ва муаллими бомаҳорат будааст, бинобар ин баъд аз Муҳаммади Ғазолӣ даҳ сол дар «Низомия» вазифаи устодиро бар уҳда доштааст.

Шахсиятҳои машҳур ва орифону шоирони номдор, аз ҷумла Шайх Абулфазли Боғдодӣ, Айнулқузоти Ҳамадонӣ, Абунаҷиби Суҳравардӣ шогирдони Ғазолӣ буданд, ки ин аз нуфузи зиёди ӯ дар замонааш гувоҳӣ медиҳад. Ғазолӣ бо баъзе сарварони дини замонаш дар мухолифат қарор доштааст. Чунончӣ, Саноӣ дар қасидае дар бораи душмание, ки байни  қозиюлқузоти Сарахс Муҳаммад Мансур ва Ғазолӣ ҷой дошта, дар ниҳоят ба сулҳ анҷомидааст сухан мегӯял.

Таълифот ва таълимот

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ғазолӣ асарҳои мансуру манзум таълиф кардааст, ки баъзеи онҳо то ба мо расидаанд. Китоби бародараш «Эҳёу улуми-д-дин»-ро бо номи «Луббобу-л-эҳё» талхис (хулоса) карда будааст, ки то ҳанӯз дастрас нест.

«Ат-Таҷрид фӣ калимати-т-тавҳид», «Бавориқу-л-асмо фӣ радди ало ман юҳарриму-с-самоъ», «Савонеҳ», «Рисолату тайри-т-туюр» аз ӯ ба ёдгор мондаанд. Аз ҷиҳати ақида Ғазолӣ ба орифони муташарреъ  мутааллиқ аст, вале дар баъзе мавридҳо майле ба ваҳдати вуҷуд дорад.

Таълимоти Ғазолӣ ирфони ошиқонаро бештар дар бар гирифтааст. Саид Ҳусайни Наср Ғазолиро «барҷастатарин чеҳра дар миёни шореҳони тариқи ишқ» медонад. ӯ дар бораи «Савонеҳу-л-ушшоқ» менависад: «Ин асар яке аз муҳимтарин рисолот дар бораи назарияи ишқ дар авоили тасаввуфи эронӣ аст».

Леонардо Левозан хусусияти тасаввуфи эрониро дар ду чеҳраи маъруфи он — Абусаиди Абулхайр ва Ғазолӣ дарёфта мегӯяд: «Онҳо аз навъи орифонеанд, ки ба таъбири Энштейн, «парҳезгорӣ дар хилватро беҳтар аз ибодати тазоҳуромез» медонанд».