Абуҳомид Муҳаммади Ғазолӣ
Абуҳомид Муҳаммади Ғазолӣ | |
---|---|
араб. ар. أبو حامد محمد بن محمد الغزالي | |
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | файласуф, мутакаллим, зиндагиноманавис, шоир, фақеҳ, journal editor, рӯзноманигор, сӯфӣ |
Таърихи таваллуд: | 1058[1][2] ё тақрибан 1056[3] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 19 декабр 1111 |
Маҳалли даргузашт: | |
Маҳалли дафн: | |
Кишвар: | |
Эътиқод: | ислом, суннӣ, тасаввуф ва ашъарӣ[6][7] |
Фаъолияти динӣ |
|
Самти фаъолият: | фалсафаи исломӣ, илоҳиёт, тасаввуф, илми калом ва ахлоқи исломӣ[d] |
Корфармо: | |
Ҷойи кор: | Сурия[8] |
Устодон: | Абдулмалики Ҷувайнӣ[4] ва Абуалии Формадӣ[5] |
Шогирдон: | Абубакр ибни Арабӣ |
Осор: | |
Иттилооти иловагӣ |
|
Лоиҳаҳои алоқаманд: |
Викианбор |
Вироиши Викидода |
Абӯҳомид Аҳмад ибни Муҳаммади Ғаззолии Тӯсӣ (ар. ابو حامد محمد بن محمد الغزالى, машҳур ба Муҳаммади Ғаззолӣ; 1058, Тӯс — 19 декабри 1111, Тӯс) — мулаққаб ба «Ҳуҷҷату-л-ислом» (1058, Тӯс –1111, ҳамон ҷо), мутафаккири бузурги форс-тоҷик.
Зиндагӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ғаззолӣ дар оилаи шахси ҳунарманд (ғаззол-бофандаи матоъҳои пашмин) ва аҳли илм тарбият ёфтааст. Маълумоти ибтидоиро дар Тӯс гирифта, сипас таҳсилро дар ҳамин ҷо дар мадраса идома дод. Фиқҳро аз Муҳаммади Розиқонӣ омӯхт, сипас шогирди фақеҳи шофеӣ Исмоили Ҷурҷонӣ шуд. Инчунин дар назди дигар донишмандони замонааш илм аз бар намуда, дар фиқҳ, мантиқ ва дигар илмҳои замонааш забардаст шуд. Низомулмулк Ғаззолиро мударриси мадрасаи Низомияи Бағдод таъйин намуд. Баъди кушта шудани Низомулмулк (1092) аз тадрис даст кашида, муддате гӯшанишинӣ ихтиёр кард ва ба ноумедию парешонҳолӣ ва беморӣ мубтало гардид. Бо маслиҳати табибон соли 1095 аз Бағдод ба Димишқ (дар он ҷо 2 сол иқомат кард), сипас ба Байтулмуқаддас ва Маккаву Мадина сафар кард. Баъди бозгашт чанде дар мадрасаи Низомияи Нишопур ба тадрис пардохт, сипас ба Тӯс омада, то охири умр дар мадрасаи он ҷо ба тадрис машғул гардид.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз Ғаззолӣ осори зиёде ба форсӣ-тоҷикӣ ва арабӣ ба ёдгор мондааст, ки онҳоро дар марҳалаҳои мухталифи зиндагиаш таълиф кардааст. Теъдоди асарҳои ӯро аз 48 то 457 адад зикр кардаанд, вале бисёре аз онҳо шояд тақаллубӣ бошанд. Абдурраҳмони Бадавӣ дар «Муаллафоту-л-Ғаззолӣ» аз ин теъдод 72 номгӯйро қатъан моли Ғаззолӣ дониста, боқимондаро машкук хондааст. Муҳимтарин таълифоти Ғаззолӣ «ал-Ваҷиз фи-л-фурӯъ», «ал-Иқтисод фи-л-эътиқод», «Илҳому-л-аъвом ан илми-л-калом», «Кимиёи саодат», «Мақосиду-л-фалосифа», «ал-Мунқиз мина-з-залол», «ал-Мустасфо», «ал-Мустазҳирӣ», «Насиҳату-л-мулук», «Таҳофуту-л-фалосифа», «Эҳёу улуми-д-дин» мебошанд. Бахши умдаи ин таълифотро баҳсҳои ӯ бо машшоиён, исмоилиён (ботиниён) ва масеҳиён ташкил намуда, иддаи дигар ба илмҳои ахлоқ, фалсафа, мантиқ, усул, фиқҳ, сиёсат ва Ғаззолӣ марбутанд.
Ақида
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз ҷумлаи масъалаҳои баҳсии фалсафие, ки ӯ ба онҳо диққат додааст, азалӣ (қадим) будани олам ва замону макон, Аллоҳ ва сифоти ӯ, офариниши олам ва маърифати нуҷум аз тариқи ғайб, ҷавҳару нафс, маод ва Ғаззолӣ мебошанд. Як қисми асарҳои ӯ ба масъалаҳои фиқҳ ва тасаввуф бахшида шудаанд. Ғаззолӣ дар соҳаи табииёт таҳқиқоти ҷолиби диққате анҷом надода бошад ҳам, дар баҳсҳои каломӣ ва фалсафии худ ба улуми табиӣ борҳо муроҷиат намудааст.
Ақоиди Ғаззолӣ гуногунранг, баъзан зиддиятноканд. Ӯ, аз як тараф, мақоми ақлро дар маърифат маҳдуд менамояд, аз тарафи дигар, ҳақиқати динро бо воситаи ақл кашф кардан мехоҳад; аз як тараф, ба фалсафа ҳуҷум оварда, онро зери танқид мегирад, аз тарафи дигар, далелҳои фалсафиро дар исботи таълимоти дин истифода мебарад; ақоиди фалсафиро рад карда, дар боби сифатҳои Аллоҳ, зоти рӯҳонӣ, исботи офариниш ва охират боз ба фалсафа муроҷиат мекунад, дар айни замон ба тасаввуфи амалӣ рӯй меорад.
Муносибат ба илм
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар табақабандии илмҳо, ки Ғаззолӣ дар чаҳорчӯби тақсимбандии аҳли тасаввуф анҷом додааст, тамоми паҳлуҳои илмҳои даврони мутафаккир мавриди таҳлил қарор гирифтаанд. Дар он назарияи маъмуле, ки дар фарҳанги исломӣ ҷой дошт ва мутобиқи он илм, аз як сӯ, ба имон ва аз сӯи дигар, ба амал пайванд дода мешуд, таъсири амиқ дошт. Ғаззолӣ илмро ба ду бахш (илми муомала ва илми мукошафа) ҷудо карда, илми муомаларо марбут ба инсонҳои муқаррарӣ ва илми мукошафаро марбут ба анбиё медонад. Илми муомала низ дар навбати худ ба ду бахш (илми зоҳир ва илми ботин) ҷудо мешавад. Илми зоҳир илми амалҳои бадани инсон буда, ё ибодат аст, ё одат. Илми ботин илмест, ки марбут ба амалҳои дил буда, мамдӯҳ (ситуда) ё мазмум (накӯҳида) аст. Табақабандии илмҳо аз нигоҳи Ғаззолӣ ба меъёрҳои ахлоқӣ (хубу бад) ва мактабӣ (ҳаққу ботил) асос ёфтааст. Мутобиқи табақабандии Ғаззолӣ илмҳое, ки шаръӣ нестанд, ба се гурӯҳ: ситуда, накӯҳида ва мубоҳ (раво) ҷудо мешаванд. Мутафаккир ба гурӯҳи илмҳои накӯҳида сеҳр, ҷоду, тилисмот, шаъбада, фиребгарӣ ва ба илмҳои мубоҳ таърих ва шеърро дохил кардааст. Илмҳои шаръӣ ду қисманд: хуб ва бад. Илмҳои хуб ба чаҳор навъ ҷудо мешаванд: усул (Қуръон, суннат, иҷмоъи уммат ва осори саҳоба, қиёс), фурӯъ (фиқҳ, илми аҳволи дил ва ахлоқи хуб), муқаддамот (илми наҳв ва луғат) ва мутаммимот (илми таҷвид, қироат, усули фиқҳ, илми риҷол).
Фалсафа
[вироиш | вироиши манбаъ]Ғаззолӣ дар табақабандии илмҳо фалсафаро ҳамчун илм нишон надода, таъкид мекунад, ки он илми ҷудогона не, балки маҷмӯи ҷузвҳои чаҳоргона (ҳандаса ва ҳисоб, мантиқ, илоҳиёт, табииёт) аст. Ӯ фалсафа ва динро бо ҳам баробар надониста, балки фалсафа (хусусан машшоия)-ро як навъ гумроҳии фикрӣ хондааст. Аз ин рӯ, манзур аз «фалсафаи Ғаззолӣ» услуби исботи ақоиди дин, ахлоқ ва ҷомеаи исломӣ, фалсафаи илоҳиёт аст. Ғаззолӣ аз рӯи эътиқоди худ суннии шофеимазҳаб, ашъаримаром мебошад. Ӯ мутакаллимест, ки дини ислом ва мазҳаби ашъариро ба пояи баланди ҳикмату фалсафа расондааст. Ғаззолӣ системаи фиқҳи имом Шофеиро бо ғояҳои тасаввуф, равияи муътадили тасаввуфиро ба фиқҳ алоқаманд сохтааст. Ғаззолӣ дар аввали умраш каломро илми ягона ва асосӣ дар фаҳми маъниҳову дарки моҳияти таълими дин медонист. Баъди он ки Ғаззолӣ фалсафаро хеле амиқ омӯхт, ба радди ақидаҳои файласуфон пардохт. Мутафаккир маҷмӯи масъалаҳои фалсафаро дар бист масъала гирд оварда, мавриди муҳокима қарор дод ва ба чунин хулоса омад, ки аксари онҳо мухолифи ақидаи ислом, алалхусус ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат мебошанд. Ғаззолӣ дар 17 масъала, аз қабили эътиқоди фалосифа бар он ки илми нуҷум аз ғайб мутталеъ аст, нуфус (ҷонҳо)-и инсонӣ баъд аз адам (нестӣ) мустаҳал мешаванд, ақидаи файласуфонро бидъат шумурд. Ғаззолӣ ақидаи файласуфонро дар мавриди се масъала куфр мешумурд. Яке қавли файласуфони машшоъ бар қидами олам, дигар он ки Аллоҳ куллиётро медонад, на ҷузъиётро ва ниҳоят, қавли онҳо дар бораи ҳашри арвоҳ бе аҷсод, яъне инкори маоди ҷисмонӣ.
Калом
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз нигоҳи Ғаззолӣ, илми калом ҷузъе аз фалсафа буда, бояд танҳо барои рад кардани шакку шубҳа ва гумон, ҳимоя аз ақидаҳо ва фурӯ нишондани шиддати беэътиборӣ ва нописандӣ, инчунин нигаҳдории қалбҳои оммаҳои мардум ба кор бурда шавад. Ғаззолӣ илми каломро чунин таъриф кардааст: «Илми калом дар зот ва сифоти қадим ва сифоти ақлии Борӣ таъоло ва дар аҳволи анбиё ва аимма (имомон) ва дар мавту ҳаёт ва қиёмат ва баъсу ҳашр ва ҳисобу руъяти Худо аст». Ғаззолӣ мутакаллимонро ба посбонҳо монанд кардааст, ки агар дуздон набошанд, зарурат ва ҳоҷат ба посбонон низ намемонад. Ҳамчунин агар бидъатгузорон ва шаккушубҳадорон намешуданд, барои мутакаллимон низ дар ҷомеаи мусулмонон ҷой пайдо намешуд. Дар низоми табақабандии илмҳо Ғаззолӣ ба илми фиқҳ мавқеи поинро муносиб дониста, онро илми дунявӣ мешуморад ва дар канори илмҳое чун тиб ва ситорашиносӣ қарор медиҳад, танҳо бо ин тафовут, ки фиқҳ, аввалан, хусусияти шаръӣ дорад, сониян, бар хилофи илми тиб, ки фақат барои беморон зарур аст, ба он тамоми равандагони роҳи охират эҳтиёҷ доранд ва солисан, илмест, ки ба илми роҳи охират қаробат дорад.
Тасаввуф
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар муқобили интиқоди фиқҳу калом ва фалсафаи машшоъ ҳусни таваҷҷуҳ ва майли Ғаззолӣ ба ирфону тасаввуф ва одобу ахлоқи он бармало ба назар мерасад. Вай пас аз омӯзиши осори файласуфони машшоимаоб ва ботиниён ба тасаввуф рӯй оварда, таълифоти намояндагони бузурги онро аз худ намуд. Мутафаккир муддати даҳ сол ба хилвату риёзат бо нафсу тасфияи ботини хеш машғул гашт. Ғаззолӣ дармеёбад, ки «суфиён аз пештозони халқ ба сӯи Худоянд ва сираташон некутарини сиратҳо ва роҳашон дурусттарини роҳҳо ва ахлоқашон покизатарини ахлоқҳо аст... Ҳамаи ҳаракоту саканоти зоҳир ва ботинашон муқтабас аз нури чароғдони нубувват аст» («ал-Мунқиз мина-з-залол», саҳ. 49). Ғаззолӣ дар бақову мавҷудияти суфигарӣ ҷаҳлро қабул надошт, балки онро зараровар дониста, тасаввуфи олимони солеҳ ва орифони бузургро меписандид, ҳамзамон суфинамоёнро ошкоро ба расвоӣ мекашид.
Аксари масоили илоҳиёти осори Ғаззолӣ доир ба Аллоҳ ва ваҳдати ӯст. Аз нигоҳи мутафаккир Аллоҳ мавҷудест, ки ба иллате эҳтиёҷ надорад, балки худ сабаби тамоми ашё буда, вуҷудаш ба воситаи ақл дониста мешавад, Ӯ нахустсабаби ҳамаи чизҳост. Аллоҳ ягона аст, дар вуҷуди Ӯ дутоӣ нест. Аллоҳ ба зот ва ҳамаи сифоташ қадим аст, Ӯ холиқи олам аз адам буда, оламро ба ихтиёр ва иродааш офаридааст. Аллоҳ доност ба ҳар чиз: ҳам ба куллиёт ва ҳам ба ҷузъиёте, ки то олам вуҷуд дошт ва баъд аз он ҳам вуҷуд хоҳад дошт. Тамоми неъматҳо аз Ӯст. Малоика ҳақканд, Лавҳи Маҳфуз низ ҳақ буда, тамоми коинот собит дар он аст. Ҳамаи пайғамбарон аз тариқи ғайб аз вуҷуди Лавҳи Маҳфуз огоҳӣ доранд, ба анбиё ваҳй нозил мешавад. Нубувват ҳақ аст ва аз тарафи Худост. Аллоҳ анбиёро аз асрори замину осмонҳо огоҳ месозад ва онҳо мардумро ба сӯи Худо ҳидоят менамоянд. Пайғамбарон дорои муъҷизотанд, мисли асои Мусо, дами Исо (зинда шудан баъди марг), шаққ (ду пора шудан)-и қамар (Муҳаммад), дар оташ насӯхтан (Иброҳим) ва Ғаззолӣ.
Андешаҳо дар бораи офариниш
[вироиш | вироиши манбаъ]Маҷмӯи назариёти Ғаззолӣ дар бораи олам бо таълимоти навафлотуния ва мактабҳои он алоқаманд аст. Ба фикри ӯ нахустин чизе, ки аз воҳид содир шуд, ақл аст. Худо онро ба амри Худ эҷод кард. Ақл муқаддам бар модда аст ва ин тақаддум зотист, на замонӣ. Баъд аз ақл нафс аст ва он бар нафс ба зоташ муқаддам аст, на аз рӯи замон ва макон ё модда. Дар нисбати офариниши олам гӯяд, ки се олам вуҷуд дорад: олами мулк ва шаҳодат, олами малакут ва олами ҷабарут. Олами малакутро Худо ба амри азалии худ офаридааст, олами ҷабарут миёни ин ду олам аст. Аз як ҷиҳат ба олами мулку шаҳодат (маҳсусот) вобаста аст, аз ҷиҳати дигар ба олами малакут («Эҳёу улуми-д-дин», с. 85).
Ғаззолӣ инсонро ба се унсур: нафс, рӯҳ ва ҷисм тақсим кардааст. Аз нигоҳи ӯ нафс ҷавҳари қоим ба зоти худ буда, ҳеч мавзеъ ишғол намекунад ва бо чизе махлут намегардад, он рӯҳонии маҳз ва ҷавҳари латиф мебошад. Нафс баситу ғайримураккаб аст, аз ин сабаб аз байн намеравад ва бо нестии тан нест намешавад. Ақидаҳои Ғаззолӣ дар бораи нафсу тан бо ақидаи файласуфон аз бисёр ҷиҳот мухолифат дорад.
Ғаззолӣ дар масъалаи ҳақиқати ақлу нақл ва таносуби байни онҳо муфассал баҳс менамояд. Ӯ қудрати ақлро дар шинохти неку бад ва ҳалолу ҳаром инкор намекунад, вале таъкид менамояд, ки амали дуруст нисбат ба ин корҳо ба воситаи шариат ба даст меояд. Инсон ба воситаи ақл неку бадро мефаҳмад, вале риояи аъмоли некро шариат ҷорӣ мекунад. Байни ақлу нақл пайванди ногусастанӣ вуҷуд дорад. Ин ҳар ду ба инсон заруранд ва агар ақл ба хайр пайвандад, нуран ало нур мешавад. Ғаззолӣ зимни радди ақидаи муътазила, ки ақлро ҳаками асосии ҳақиқат медонист, баён доштааст, ки паёмбар (с) дар таносуби ақлу нақл нақлро бар ақл тарҷеҳ медиҳад ва умуре, ки ба воситаи ин ҳар ду дониста мешаванд, се намуданд: он чи ба воситаи нақл дониста мешавад, он чи ба воситаи ақл дарёфта мешавад ва он чи ба воситаи ҳар ду. Бо ҳамин Ғаззолӣ нақлро дар мартабаи баландтар аз ақл қарор медиҳад.
Аз нигоҳи Ғаззолӣ, дар масъалаи тақдир мусулмонон ду гурӯҳ шуданд. Яке аз онҳо муҷаббира (ҷабариҳо) мебошанд, ки роҳи инкори қудрат ва озодии бандаро дар аъмолаш пеш гирифтаанд. Ба қавли онҳо, ҳар амали банда қаблан таъйин шуда, афъоли ӯ ба иродаи Аллоҳ вобаста аст, яъне ҷабариҳо дар рафтору кирдори инсон сарнавиштро ба асос мегиранд. Доир ба ин масъала Ғаззолӣ мегӯяд, ки тамоми мушкилот ба иродаи Аллоҳ вобаста аст, зеро ҳама чизи ҳодис (халқшуда) ҷузви мумкинот аст, феъли банда ҳодис аст, пас, он дар итоати Аллоҳ аст. Итоат ба иродаи Аллоҳ касро ба хулосае меорад, ки аз ду қудрати мавриди назар (қудрати Аллоҳ ва инсон) яке муқтадир аст. Аз ин нуқтаи назар Аллоҳ ихтироъгари тамоми аъмоли инсон аст (агар Аллоҳ қудрате дар инсон бар феълаш халқ накунад). Вале Аллоҳ касби амали некро бар инсон имконпазир гардонид. Назарияи «касб» ё «иктисоб», ки баргирифта аз Ашъарӣ аст, аз фатализми қатъӣ пешгирӣ карда, дар айни замон имкон медиҳад, ки Худо масъули рафтори баду зишти инсон набошад.
Ҷойгоҳи афкори Ғаззолӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ғаззолӣ бар ҳамаи риштаҳои маорифи исломӣ иҳота дошт ва уламову донишмандону адибони на танҳо замони зиндагии мутафаккир, балки асрҳои баъд низ дар зери нуфузи фикрии ӯ қарор гирифта, ҳамагон пойбанду шефтаи осору каломаш гаштаанд. Ҳамин нубуғи фикриву илмии Ғаззолӣ аст, ки ӯ ба ҳайси яке аз бузургтарин мутафаккирони ҷаҳони ислом ва муҷаддид (эҳёгар)-и дини ислом дар қарни панҷуми ҳиҷрӣ шинохта шудааст.
Фаридуддини Аттор дар васфи Ғаззолӣ гуфтааст:
Садре, ки зи илми олами аллом аст,
Дар кулли ҷаҳон ягонаи айём аст.
Кони гуҳари олами ҷон Ғаззолӣ,
Дарёи улум, Ҳуҷҷатулислом аст.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Али-заде А. Газали Мухаммад (рус.) // Исламский энциклопедический словарь — М.: Ансар, 2007.
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Архив Интернета — 1996. — С. 23—25.
- ↑ 4.0 4.1 4.2 Encyclopædia Iranica (ингл.) / N. Sims-Williams, A. Ashraf, H. Borjian, M. Ashtiany — USA: Columbia University, 1982. — ISSN 2330-4804
- ↑ 5.0 5.1 AA.VV. Encyclopaedia of Islam, Encyclopédie de l’Islam (фр.) — 1991. — Vol. 2. — P. 1038.
- ↑ https://www.lesclesdumoyenorient.com/Al-Ghazali-1-Un-philosophe-ash.html
- ↑ https://openaccess.uoc.edu/bitstream/10609/54442/6/La%20pens%C3%A9e%20classique%20arabe_Module5_L%27ash%27arisme%20apr%C3%A8s%20al-Ash%27ari.pdf
- ↑ Al-Ghazali A. H. 'BRIEF AAN EEN DISCIPEL'
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ғаззолӣ / С. Аҳмадов, С. Маҳмадуллоҳ. // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.
- Муҳаммад Ғаззолӣ. Кимиёи саодат, Тош., 1890;
- Фарҳанги Деҳхудо, Теҳрон, 1377;
- Фарҳанги форсӣ, Теҳрон, 1963;
- Фарҳанги Амид, Теҳрон, 1966;
- Вожаномаи мусиқии Эронзамин, Теҳрон, 1375.