Jump to content

Ба иҷро расидани ҳукм

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Ба иҷро расидани ҳукм - дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ мавриди татбиқ қарор гирифтани ҷазои таъйиншуда нисбат ба судшаванда аз ҷониби мақомоти махсус.

Ҷазо дар шакли ҷарима ва мусодираи молу мулк аз ҷониби иҷрокунандаи суд дар маҳалли ҷойгиршавии молу мулк, ҷойи кор ва ё маҳалли истиқомати маҳкум­шуда иҷро карда мешавад.

Ба иҷро расидани ҳукм ҷазо дар шакли маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян мебошад, ки аз ҷониби нозироти кор­ҳои ислоҳии маҳалли истиқомати маҳкум­шуда, муассисаҳои ислоҳӣ ё қисмҳои ҳарбии интизомӣ анҷом дода мешавад. Талаботи ҳукм дар мавриди маҳ­рум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян аз ҷониби маъмурияти ҷойи кори маҳкумшуда, инчунин мақомоте, ки мутобиқи қонун ҳу­қуқ доранд, иҷозати машғул шудан ба навъҳои фаъолиятҳои дахлдорро беэътибор созанд, ба иҷро расидани ҳукм аст.

Ҷазо дар шакли маҳрум кардан аз рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ, рутбаҳои дигар мақомот, унвонҳои махсус, мукофот­ҳои давлатӣ ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон аз ҷониби иҷрокунандаи суд низ ба иҷро расидани ҳукм мебошад. Талаботи ҳукм оид ба маҳрум кардан аз рутбаҳо (ҳарбӣ, дипломатӣ ва ғайра) унвонҳои махсус (аз ҷумла унвонҳои ифтихории Тоҷикистон) ва мукофотҳои давлатӣ аз ҷониби шахси мансабдор ё мақоме, ки ин рутбаҳо, унвонҳо ва мукофотҳоро додааст, иҷро мешавад.

Ҷазо дар шакли корҳои ҳатмӣ ва корҳои ислоҳӣ аз ҷониби нозироти Раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда мешавад.

Ҷазо дар шакли маҳдуд кардан ва маҳрумият аз озодӣ (ба муҳлати муайян ва ё якумрӣ) ва ҷазои қатл (дар Тоҷикистон чунин ҷазо нест) аз тарафи муассисаҳои системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ амалӣ мешаванд. Ҷазо барои ходимони ҳарбӣ дар шакли маҳдуд кардан дар хидмати ҳарбӣ, ё нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомиро Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва амалӣ менамояд. Талаботи ҳукм дар бораи маҳдуд кардан дар хидмати ҳарбӣ аз ҷониби фармондиҳии қисмҳои ҳарбӣ, муассиса, мақомот ва во­ҳид­ҳои низомӣ, ки дар онҳо ходимони ҳарбии маҳкумшуда хизматро адо мекунанд, иҷро карда мешавад; ҷазои нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ аз ҷониби қисмҳои ҳарбии махсуси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешавад. Маҳкумшудагоне, ки бо шартан татбиқ накардани ҷазо ва онҳое, ки барояшон иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шудааст, таҳти назорати нозироти корҳои ислоҳӣ қарор доранд. / Э. Насурдинов, Д. Сангинов.