Jump to content

Бирмингем (Алабама)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шаҳр
Бирмингем
англ. Birmingham
Парчам
Парчам
33°31′ с. ш. 86°49′ з. д.HGЯO
Кишвар ИМА
Роҳбар Randall Woodfin[d][1]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 1871
Масоҳат
Баландии марказ 187 м
Минтақаи замонӣ UTC−06:00[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 205
Нишонаи почта 35201

birminghamal.gov
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Бирмингем дар харитаи
Бирмингем
Бирмингем
 Парвандаҳо дар Викианбор

Би́рмингем (англ. Birmingham [ˈbɜrmɪŋhæm]) — шаҳр дар иёлати Алабамаи ИМА, дар доманакӯҳи Аппалачи ва водии Ҷоунс.

Аҳолиаш бо атрофи он 1 млн нафар (2010), 74 дарсади аҳолӣ — африқоиҳои Амрико. Бандари дарёи Блэк Уориор бо силсилаи дарёии Теннеси-Томбигби ва бандари баҳрии халиҷи Мексика пайваст аст.

Дар миёнаи садаи 19 маркази филиззкори (металлургия)-и сиёҳ (истеҳсоли чӯян), истихроҷи маъдани оҳан ва оҳаксанг буд. Ҳамчун шаҳр с. 1871 бунёд гардидааст. Соли 1899 ба маркази бузургтарини филиззкории ИМА табдил ёфта («Питсбурги Ҷанубӣ»), соли 1960 мошинасозӣ рушд кард. Айни замон Бирмингем. маркази муҳимми нақлиётӣ, тиҷоратӣ, саноатӣ ва фарҳангии мамлакат аст. Истеҳсоли тайёра, таҷҳизоти р. о., автомобил ва лӯлаҳо ривоҷ ёфтааст. Саноати низомӣ, кимиё, матоъҳои пахтагӣ ва хӯрокворӣ низ тараққӣ кардааст. Дар Бирмингем. Донишгоҳи Сэмфорд (1841) ва филиали (кампус) Донишгоҳи Алабама, осорхонаи санъат, калисои Сант-Баптист, Боғи истироҳатии Келли-Ингрэм, боғи ҳайвонот воқеанд. Муҷассамаи 17-метраи Худои оташи юнониҳо — Вулкан ҳамчун рамзи соҳаи филиззкории шаҳр дар баландии Ред-Маунтин қомат афрохтааст.


Шаблон:Алабама