Jump to content

Боғҳои муаллақи Бобил

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Боғҳои муаллақи Бобил
Нигора
Кишвар
Воҳиди марзию маъмурӣ Ироқ
Макони кунунӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Боғҳои муаллақи Бобил — тамошогоҳ, ҷойи истироҳат ва боғи сердолу дарахти садаи VI то мелод дар Бобил, яке аз Ҳафт муъҷизаи олам.

Тибқи маълумоти муаррихон бар асари ҷанги байни модҳою бобилиҳо (214 то м.) ш. Ошуро хароб мешавад ва дар ин харобазор шоҳи Бобилистон Набопаласар ва шоҳи Мод Киаксар созиши ҳарбӣ мебанданд. Бо мақсади мустаҳкам гардондани ин паймон писари Набопаласар — шоҳзода Навуходоносор бо духтари Киаксар — Амиитис (ба забони модӣ Амухеан) ба ақди никоҳ даромад. Шоҳдухтар ба Бобил омад, вале баъди чанде дар фироқи зодгоҳ — ҷангалзори анбӯҳ ва кӯҳҳои сарсабзи Мод ғамгин гашт, зеро дар биёбони сӯзони Бобил умуман сабзазор вуҷуд надошт. Шоҳзода Навуходоносор баъдан ба тахти подшоҳӣ нишаст ва навсозии Бобил оғоз ёфт. Тавре муаррихи а. 3 то м. Бэлрушу (Бурос) навиштааст, шоҳ амр кард теппае аз санг барпо кунанд, ки шаклан ба кӯҳ шабеҳ бошад. Пас аз он теппаро аз анвои дарахтон пур кард ва ба истилоҳ «боғи муаллақ» падидор гашт ва орзӯи бонуяш амалӣ шуд. Муаррих Диодор менависад, ки «боғҳои муаллақ» майдони 15 ҳазор метри мураббаъро фаро мегирад. Мувофиқи маълумоти бостоншиноси олмонӣ Роберт Колдевей, сохти боғ чунин ба тартиб омадааст: боғҳо болои зинаайвонҳои бузург ба вуҷуд оварда шуда, деворҳои баланд ва аз пешрӯ айвонҳои сутундор асоси онро ташкил додаанд, ки ҳар яке 27 м баландӣ дошт. Айвонҳо аз боло бо тахтасангҳои бузург пӯшида шуда, рӯяшонро як қабат найшакари омехта бо қир паноҳ мекард. Бар болои он ду қатор хишти пухтаи гачдор ва барои нагузаштани намию об аз болои он як табақа тахтасурб зич гузошта шуда, болои он хоки замини ҳосилхез (ба андозае, ки дар ин хок дарахтони бузург реша давонда тавонанд) рехта шудааст. Девору айвонҳоро бо ҳар навъ рустаниҳову харсангҳои бузург тавре паноҳ додаанд, ки бинанда ҳаргиз онро зинабоғи сунъӣ тасаввур намекард. Дар поёни боғ ҳавзи маснӯе ҷойгир буд, ки дар он кӯҳҳо ва боғҳои сарсабз оинасон аксандозӣ менамуданд. Дар зинаи охири боғ болои кӯҳе ҳавзи дигари маснӯъ қарор дошт, ки барои обёрии боғ, инчунин тариқи ҷӯйчаҳои зебо барои зебу зинати боғ истифода мешуд. Обро ба ин баландӣ ба воситаи механизми обрасонии дастӣ ғуломон мебароварданд. Шабона дар боғ ҳазорон шамъ меафрӯхтанд. Дар Боғҳои муаллақи Бобил ғорҳои бисёри ба чашм намоён сохта буданд, ки дар онҳо ғуломон дар даст бодбезакҳои бузург шабу рӯз бод мекарданд, аз ин рӯ, дар ҳавои тафсони Бобил ин боғ ҳамеша салқин буд. Соли 539 то м. баъди Бобилро тасарруф намудани шоҳи Ҳахоманишиён Куруши IIҳашамати ин боғ рӯ ба таназзул мениҳад. Пас аз 200 сол (с. 333 то м.) Искандари Мақдунӣ Бобилро забт мекунад ва зинати Боғҳои муаллақи Бобил боз коста мешавад. Охирин зарбаи нестиро ба Бобил портҳо мерасонанд. Соли 126 то м. онҳо Бобилро оташ мезананд.