Валид ибни Язид
| |
6 феврал 743 — 17 апрел 744 | |
Пешгузашта | Hisham ibn Abd al-Malik[d] |
Ҷонишин | Yazid III[d] |
|
|
Таваллуд |
706[1] |
Даргузашт |
744 |
Дудмон | Umayyad dynasty[d] |
Падар | Yazid II[d] |
Фарзандон | Al-Hakam ibn Al-Walid ibn Yazid[d] |
Эътиқод | ислом |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Валид ибни Язид (ар. الوليد بن يزيد; 706[1], Сурия — 744, Tadmur[d]) — ёздаҳумин халифаи умавӣ (ҳукмронӣ 743-44), писари Язид ибни Абдулмалик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Валид ибни Язид мувофиқи тавофуқи падараш ва халифа Ҳишом дар ёздаҳсолагӣ валиаҳд интихоб гардид. Ҳишом Валид ибни Язидро бо баҳонаи риоя накардани арзишҳои динӣ сарзаниш намуда, ҳатто барои даст накашидан аз валиаҳдӣ ӯро ба қатл таҳдид карда буд. Баъдан Валид ибни Язид чанде дар қалъаи Русофа паноҳ бурда, бо марги Ҳишом (743) ва пуштибонии атрофиёни ӯ ба хилофат расид. Валид ибни Язид сиёсати худро аввалан бо мусодираи амволи наздикони Ҳишом ва аз ҳукумат маҳрум кардани онҳо (ғайр аз Мусалама ибни Ҳишом, ки бо ӯ наздикӣ дошт) шурӯъ карда, писаронаш Ҳакам ва Усмонро дар Димашқ ва Ҳумс, ҳамчунин Юсуфи Сақафиро ҳокими Мадина, Макка ва Тоиф таъйин кард. Бо мустаҳкам намудани мавқеи худ Валид ибни Язид писаронаш Ҳакам ва Усмонро валиаҳди худ эълон кард, ки аз ин тадбир волиёни хилофат пуштибонӣ карданд. Валид ибни Язид дар ибтидои хилофати худ ба мардум муносибати хуб дошта, барои маъюбон ва нобиноёни Шом аз хазина маблағ ҷудо кард. Дар замони ҳукмронии Валид ибни Язид ҷуз шӯриши Яҳё ибни Зиёд, ки аз ҷониби волии Хуросон Наср ибни Сайёр (ҳукмронӣ 737-48) пахш карда шуд, воқеаи муҳимми дигаре сар назадааст. Мубориза барои ба даст овардани Кипр низ бо шикасти Валид ибни Язид ва ғолибияти империяи Рум ба анҷом расид. Баъзе муваррихон ба Валид ибни Язид барои айёшиаш лақаби «Фосиқ» додаанд. Валид ибни Язидро бо сабаби дар ашъораш васф ёфтани ишқу шароб ба зиндиқӣ мутаҳҳам кардаанд. Ба қавле чунин ашъораш баъдан эҷод шуда, ба ӯ нисбат додаанд. Душманӣ бо хонадони халифа Ҳишом ва эҳтироми кофӣ нагузоштани Валид ибни Язид ба арзишҳои исломӣ сабаби сар задани шӯрише бо сарварии Язид ибни Валид ибни Абдулмалик (744) гардид, ки дар натиҷа Валид ибни Язид ба қатл расонда шуд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #118771078 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Валид ибни Язид / Ғ. Ғоибов // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.
- Pages using the JsonConfig extension
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Зодагони соли 706
- Даргузаштагони соли 744
- Википедия:Саҳифаҳо бо занҷираи ҷуғрофии гуногунмаъно
- Умавиён
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Википедия:Қуттии бидуни параметр
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P18)
- ВП: Мақолаҳои бесурат (указано в Викимаълумот: P373)