Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Халифа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Халифа (ар. خليفة‎‎ — ноиб, ҷойнишин) — лақаби подшоҳони ислом, ки ноиби Муҳаммади пайёмбар (с) ва пешвои мусулмонон маҳсуб мегаштанд, раҳбари давлати динию исломӣ ё худ хилофат.

Дар аҳди аввали дини ислом ва дар уммати ислом сунниёнро пешвои ҷамоаи мусулмонӣ баъзе аз вазифаҳои Муҳаммадро ба уҳда дошт. Ҳар як халифа бояд аз тарафи ҷамоа интихоб мешуд ва ҳаёти онро мувофиқи шариат ба роҳ мемояд. Чаҳор халифаи аввал — Абубакр (573—634),Умар (590—644), Усмон (573/576—656) ва Алиро (600—661) «Хулафои рошидин» меномиданд. Минбаъд, Ҳокимони Хилофатҳои Умавиён, Аббосиён ва Фотимиёнро низ халифа меномидагӣ шуданд.

Аз садаи X сар карда халифа фақат рӯҳонии ҷамоаи мусулмонӣ буд ва амалан ҳокимиятро дар даст надошт. Бо номи халифа сардори баъзе ҷараёнҳои динию ирфонӣ низ (масалан, Хавориҷ) машҳуранд. Муовини якуми шоҳаншоҳ, ки дар айни ҳол сардори тариқати динӣ дар аҳди Сафавия дар Эрон буд, «Халифатулхулафо» номида мешуд. Сардори баъзе равияҳои дарвешӣ, намояндаи шайхони тариқатро дар дигар шаҳрҳо низ халифа мегӯянд. Як қатор ҷараёнҳои сиёсии мусулмонии муосир (масалан «ихвонулмуслимин») таҷдиди вазифаи халифа ва хилофатро шарти барқарор намудани принсипҳои ҳақиқии исломӣ дар ҳаёти ҷамъият мешуморанд.

Дар равияи суннӣ унвони халифа бо имом ҳаммаъно буд, дар мазҳаби шиа унвони мазкур муродифи худро надорад. Дар садаи XVI султонҳои Султонии Туркияи Усмонӣ инчунин худро халифа меномиданд. Ин унвон дар ҳамин кишвар то таназзули Имперотурии Усмония (соли 1922) вуҷуд дошт.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]