Jump to content

Вашингтон (шаҳр)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Вашингтон)
Маҳалли аҳолинишин
Вашингтон
англ. Washington, District of Columbia
Парчам Нишон[d]
Парчам Нишон[d]
Кишвар  [[|]]
Роҳбар Muriel Bowser[d][1]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис 16 июл 1790[2][3]
Масоҳат
  • 177 км²
Баландии марказ 72 м
Навъи иқлим humid subtropical climate[d][4]
Минтақаи замонӣ EDT[d], UTC−05:00[d], UTC−04:00[d] ва America/New_York[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон 202
Нишонаи почта 20001–20098 ва 20201–20599
dc.gov(англ.)
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Вашингтон (англ. Washington, D.C., АОБ: [ˈwɑʃɪŋtən ˌdiː ˌsiː]) — шаҳр, пойтахти ИМА. Дар шарқи мамлакат, поёноби дарёи Потомак, дар резишгоҳи д. Анакостиа ба он воқеъ аст. Мансуби округи махсуси федералии Колумбия. Аҳолиаш 632,3 ҳазор нафар; бо атрофаш (иёлоти Мэриленду Вирҷиния) 5,4 млн нафар, дар агломератсия бо Балтимор — 8,1 млн нафар (2013). Қариб аз 2/3 ҳиссаи аҳолии пойтахтро африқоиёни амрикоӣ ташкил медиҳанд.

Шабакаи бузурги нақлиётӣ, бандари дарёӣ, ду аэропорти байналмилалӣ (Даллес ва Балтимор — Вашингтон), аэропорти миллии ба номи Р. Рейган ва 5 шоҳроҳи р. о. дорад. Соли 1792 бунёд ёфта, ба шарафи нахустин президенти ИМА Ҷ. Вашингтон чунин номгузорӣ шудааст. Аз соли 1800 пойтахти ИМА. Дар давраи ҷанги Англияву Амрико (1812-14) хароб шуда, аз нав бунёд гардид. Аз соли 1975 ба худидоракунии маҳаллӣ гузашт. Қисми зиёди аҳолӣ дар муассисаҳои давлатӣ, соҳаи савдо, инчунин дар қароргоҳҳои ташкилотҳои байналмилалие, ки дар Вашингтон ҷойгиранд (Бонки умумиҷаҳонӣ, Фонди байналмилалии асъор, Ташкилоти давлатҳои Амрико) ва қароргоҳҳои ширкатҳои асосии Амрико дар музофоти Вашингтон (дар иёлоти Мэриленд ва Вирҷиния) кор мекунанд. Соҳаи дуюми афзалиятноки иқтисодии Вашингтон туризм мебошад (соле 18 млн сайёҳ меояд, меҳмонхонаҳои бисёр дорад). Дар Вашингтон анҷуману конференсияҳо баргузор мегарданд. Соҳаҳои асосии саноат: полиграфия, хӯрокворӣ, дар музофоти шаҳр корхонаҳои ракетасозӣ, дорусозӣ ва ғ. ҷойгир шудаанд. Дар Вашингтон қароргоҳи президент — Қасри Сафед ва бинои Конгресс — Капитолий, департаментҳои давлатӣ, дар маҳалли наздишаҳрии Арлингтон Вазорати дифоъ — Пентагон ва қабристони миллии Арлингтон, дар Ленгли бинои Идораи марказии ҷосусии ИМА воқеанд. Вашингтон аз шабакаи зиёди хиёбонҳои росту васеъ, ки ба бинои Капитолий мепайванданд, иборат аст. Кӯчабоғи васеи Молл бинои Капитолийро бо Қасри Сафед пайваст месозад.

Шаҳрро хиёбону боғҳои бисёр ва муҷассамаҳои хотиравии Ҷорҷ Вашингтон, А. Линколн, Т. Ҷефферсон, У. Х. Тафту оро медиҳанд. Дар қисми шимолу ғарбии шаҳр биноҳои давлатӣ ва дар ҷанубу ғарбиаш бандари дарёӣ ва анборҳо мавҷуданд. Манзилҳои ходимони хурд ва зангиҳо дар қисми шимолу шарқӣ ва ҷанубу шарқӣ ҷой гирифтаанд. Дар маҳалҳои сабзазори наздишаҳрӣ коллеҷу виллаҳо (кушкҳо) воқеанд. Вашингтон Академияи илмҳои миллӣ, 5 донишгоҳ (аз ҷумла Ҷорҷтаун, Ҷ. Вашингтон ва Говард), ин-тҳои илмии Карнеги, Брукингс, Смитсон; Нигористони миллии санъат, Нигористони санъати Фрир, Нигорис тони миллии бадеӣ, Осорхонаи миллии таърихи табиӣ, Нигористони Коркан, Маркази Дамбартон-Окск (санъати византиягӣ), китобхонаи Конгресс, театрҳои миллӣ, "Арена-Стейҷ, Шекспир, Маркази миллии санъати иҷроияи ба номи Ҷ. Кеннеди бо театри опера, толори консертӣ, театри Эйзенхауэр, оркестри миллии симфонӣ, театри балети Вашингтон, Институти амрикоии кинофилмҳо; боғи миллӣ ва ғ. дорад.



Пойтахтҳои Амрикои Шимолӣ
Бастер | Белмопан | Бриҷтаун | Вашингтон | Гавана | Гватемала | Кастрис | Кингстаун | Кингстон | Манагуа | Мехико | Нассау | Оттава | Панама | Порт-о-Пренс | Порт-оф-Спейн | Розо | Сан-Салвадор | Санто Доминго | Сан-Хосе | Сент-Ҷонс | Сент-Ҷоржес | Тегусигалпа

Шаблон:АБ