Википедиа:Эҷоди мақола/Мавзӯъ
Мавзӯъ алакай навишта шудааст?
Дар Википедиа феҳристи 114 079 мақолаҳо мавҷуд аст, ки ҳаргуна объекту ҳодисаҳоро инъикос кардааст. Мавзӯи шумо аз эҳтимол навишта шудааст дар мақолае, ки дигар ном дорад. Барои он ки кори зиёдатӣ накунед, аниқ бифаҳмед, ки ҷустуҷуятон дар байни номгузориҳо ба анҷом расидааст. Агар мақолаи эҷод кардаатон зери дигар унвон пайдо шавад шояд тағйири масир намудан лозим бошад.
Оё мавзӯи мақола аҳамият дорад?
Таваҷҷуҳ кунед |
---|
Мақолаҳои ба талаботи мо ҷавобгӯ набуда, «зуд ҳазф карда мешаванд». Агар шумо нахоҳед, ки мақолаатон ҳазф (пок) карда шавад, ба гуфтаҳои ин ёрирасон таваҷҷуҳ кунед ва мақолаҳои босифат нависед. |
Ҷомеаи лоиҳа меъёрҳои навиштани мақолаҳоро дар Википедиаро муайян намудааст. Аввал андеша намоед, ки мақолаатон барои Донишномаи энсиклопедӣ ягон арзише дорад ё не? Чунин мақола ҳамзамон дар қомусномаҳои бузурги нашргардида (мисли, Энсиклопедияи Калони Советӣ, Энсиклопедияи миллии тоҷик, Британника ва диг) мавҷуд аст? Чунин мақолаҳо агар таълиф шуда бошанд, он (мақола) барои Википедиа мувофиқат мекунанд. Агар набошад, пас ба талаботи дар Википедиа қабулгардидаи меъёрҳои (сарчашмаҳои) боэътимод бояд ҷавобгӯ бошанд.
Хоҳишмандем, доир ба ин мавзӯъ мақола нанависед:
- дар бораи худ (Чаро?);
- дӯстони худ;
- гурӯҳи мусиқии худ;
- сомонаи худ;
- ширкати худ;
- корҳои шахсии худ.
Чунин мақолаҳо, дар муддати кӯтоҳ (бе мубоҳиса) ҳазф (пок) карда мешаванд: