Виталий Гинзбург
русӣ: Вита́лий Ла́заревич Ги́нзбург | |
Таърихи таваллуд | 4 октябр 1916[1] |
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 8 ноябр 2009[2][3][4][…] (93 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | физики назарӣ[d], физик ва ахтарфизик |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва метематика[d] (1942) |
Алма-матер | |
Роҳбари илмӣ | Игор Тамм ва Ландау, Лев Давидович |
Шогирдон | Leonid Keldysh[d], David Abramovich Kirzhnits[d] ва Vladimir Zheleznyakov[d] |
Ҷоизаҳо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Вита́лий Ла́заревич Ги́нзбург (21 сентябр (4 октябр) 1916, Маскав — 8 ноябри 2009, ҳамон ҷо[13]) — физикдони назарии шӯравиву рус, академики АИ ИҶШС (1966), сарвари мактаби илмӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов (1938). Аз соли 1940 корманди Институти физикаи ба номи П. Н. Лебедеви АИ ИҶШС, аз 1971 мудири шуъбаи назариявии ҳамин институт; ҳамзамон профессори Донишгоҳи шаҳри Горкий, мудири кафедраи проблемаҳои физика ва астрофизикаи Институти физикаю техникаи Маскав. Асарҳои илмии Виталий Гинзбург ба соҳаҳои радиоастрономия, густариши мавҷҳои радио, физикаи плазма, пайдоиши нурҳои кайҳонӣ, оптикаи кристаллҳо, фавқунноқилият бахшида шудаанд. Виталий Гинзбург назарияи квантии эффекти Черенков-Вавилов ва назарияи афканишоти черенковиро дар кристаллҳо таҳия ва афканишоти гузарандаро (ҳамроҳи И. М. Франк) пешгӯӣ намудааст. Виталий Гинзбург солҳои 1950—1951 бо муаммоҳои реаксияҳои гармоҳастаӣ (термоядроӣ), аз 1958 бо таҳқиқи назарияи экситонҳо ва оптикаи кристаллӣ машғул шуда, назарияи полуфеноменологии фавқунноқилият (ҳамроҳи Л. Д. Ландау) ва назарияи полуфеноменологии фавқуссайёлиятро (якҷо бо Л. П. Питаевский) таҳия намудааст. Ӯ меъёри истифодаи назарияи майдони мобайниро дар назарияи гузаришҳои фазавии навъи II (меъёри Гинзбург) дарёфт кардааст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дорандаи Мукофоти сталинӣ (1953), Мукофоти ленинӣ (1966), ҷоизаи Нобел (2003, ҳамроҳи А. А. Абрикосов ва Э. Леггет).
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- О науке, о себе и других (мақола ва баромадҳо). М., 2001;
- Сверхпроводимости и сверхтекучести. Автобиография. М., 2006.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Большая российская энциклопедия (рус.) — М.: Большая российская энциклопедия, 2004.
- ↑ Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ Week ending Saturday, November 14, 2009
- ↑ Encyclopædia Britannica (ингл.)
- ↑ Гинзбург Виталий Лазаревич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ 6.0 6.1 Ginzburg V. L. On the theory of superconductivity(бис.) // Nuovo Cimento — (untranslated), 1955. — Ҷ. 2, нашри 6. — С. 1234—1250. — ISSN 0029-6341; 1827-6121 — doi:10.1007/BF02731579
- ↑ Nobel-winning Russian physicist dies at 93 (ингл.) // Dawn — 2009. — ISSN 1563-9444
- ↑ Vitaly Ginzburg (ингл.) // The Daily Telegraph / C. Evans — London: 2009. — ISSN 0307-1235; 1477-3805
- ↑ http://www.britannica.com/EBchecked/topic/416856/Nobel-Prize/93434/The-prizes
- ↑ http://www.britannica.com/EBchecked/topic/928354/Alexey-A-Abrikosov
- ↑ http://www.theguardian.com/science/2009/nov/15/physics-russia
- ↑ Математическая генеалогия (ингл.) — 1997.
- ↑ Умер академик Виталий Гинзбург
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гинзбург Виталий Лазаревич / Н. Қозиҷонова // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Pages using the JsonConfig extension
- Википедия:Статьи с нераспознанным языком (ref)
- Зодагони 4 октябр
- Зодагони соли 1916
- Зодагони Маскав
- Даргузаштагони 8 ноябр
- Даргузаштагони соли 2009
- Даргузаштагони Маскав
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Дорандагони ордени «Барои хидмат ба Ватан» дараҷаи 1
- Дорандагони ордени «Барои хидмат ба Ватан» дараҷаи 3
- Дорандагони ордени Ленин
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»
- Барандагони Мукофоти ленинӣ
- Барандагони Мукофоти сталинӣ
- Барандагони Ҷоизаи Нобел дар бахши физика
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Физикдонон аз рӯи алифбо
- Физикдонони ИҶШС
- Физикдонони Русия
- Физикдонони асри XX
- Физикдонони асри XXI