Галапагос
исп. Islas Galápagos | |
Номида ба шарафи | C. niger[d] |
---|---|
Кишвар | |
Пойтахт | Puerto Baquerizo Moreno[d] |
Воҳиди марзию маъмурӣ | Galápagos Province[d] |
Минтақаи замонӣ | UTC−06:00[d] ва Pacific/Galapagos[d][2] |
Ҷойгир аст дар назди обанбори | Уқёнуси Ором |
Баландтарин нуқта | Volcán Wolf[d] |
Аз аъзои | Man and the Biosphere Programme[d] |
Шумораи аҳолӣ |
|
Баландӣ аз сатҳи баҳр | 1 707 м |
Coextensive with | Galápagos Province[d] |
Таърихи кашф | 10 март 1535 |
Навъи асари бостонӣ | мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО |
Масоҳат |
|
Вебгоҳи расмӣ |
galapagospark.org islasgalapagos.org galapagos.today |
Ҷуғрофиё | Q3123419? |
Меъёри баргузидагии ЮНЕСКО | (vii)[d], (viii)[d], (ix)[d] ва (x)[d] |
UNESCO Biosphere Reserve URL | unesco.org/mabdb/br/brdi… |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Гала́пагос[3][4] (Галапаго́с, Галаҷазираи Коло́н[3], Ҷазираҳои Сагпуштҳо, Галапаго́сҳо; исп. Islas Galápagos, аз исп. galápago — навҳои сангпушти обии калон [5], исп. Archipiélago de Colón) — гурӯҳи ҷазираҳои оташфишонӣ дар наздикиҳои хатти истивои уқёнуси Ором, қариб 1000 км ғарбтар аз Амрикои Ҷанубӣ.
Аз 13 ҷазираи асосии вулканӣ, 6 ҷазираи хурд, 107 сахра ва минтақаҳои обовар иборат аст. Ҷазираҳои бузургтаринаш: Исабела (Албемарл), Фердинандина (Нарборо), Сан-Салвадор (Ҷеймс), Санта-Крус (Индефатигабл) ва Сан-Кристобал (Чатем). Масоҳати умумии он 7,8 ҳазор км². Аҳолиаш 26,1 ҳазор нафар (2013). Музофоти Эквадор. Маркази маъмуриаш — шаҳри Пуэрто-Бакерисо-Морено (ҷазираи Сан-Кристобал).
Дар Галапагос оташфишонҳои хомӯш ва амалкунанда (баландиашон то 1707 м) мавҷуданд. Иқлими ҷазираҳо тропикии хушк (бориши солона 100 мм ва камтар аз он). Ҳарорати миёнаи солона 23°С. Олами наботот ва ҳайвоноташ қутбӣ ва истивоӣ — лианаву ушна, парандаҳои тропикию моҳихӯракҳои арктикӣ, тӯтию пингвин ва тюленҳо бештар вомехӯранд. 89 намуд паранда дорад. Чорводорӣ ривоҷ ёфтааст. Дар Г. моҳиҳои оби ширин ва дубаҳра мавҷуд нестанд, сангпуштҳои азимҷусса ва калтакалосҳо зиёданд. Киштзорҳои найшакар, қаҳва ва банан дорад. Соли 1835 ба галаҷазираҳо Чарлз Дарвин омада буд. Дар ҷазираи Санта-Крус пойгоҳи байналмилалии таҳқиқоти илмии ба номи Ч. Дарвин (1964) сохта шудааст. Соли 1959 Эквадорро боғи миллӣ эълон карда, соли 1978 онро ба рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил намуданд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ http://www.unesco.org/mabdb/br/brdir/directory/biores.asp?code=ECU+01&mode=all
- ↑ https://data.iana.org/time-zones/tzdb-2021e/southamerica
- ↑ 3.0 3.1 Венесуэла, Колумбия, Гайана, Эквадор, Перу, Боливия, Западная Бразилия // Атлас мира / сост. и подгот. к изд. ПКО «Картография» в 2009 г. ; гл. ред. Г. В. Поздняк. — М. : ПКО «Картография» : Оникс, 2010. — С. 178—179. — ISBN 978-5-85120-295-7 (Картография). — ISBN 978-5-488-02609-4 (Оникс).
- ↑ Галапагос // Большая советская энциклопедия : [в 30 т.] / гл. ред. А. М. Прохоров. — 3-е изд. — М. : Советская энциклопедия, 1969—1978.
- ↑ BBC: Галапагосы 2 серия(пайванди дастнорас — таърих). 9 Январ 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 сентябри 2013.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Галапагос // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.