Гандизм
Гандизм (Gandhizm), гандия — таълимоти иҷтимоию сиёсӣ ва динию фалсафии бунёдниҳодаи Маҳатма Гандӣ, ки дар заминаи идеологияи асосии ҷунбиши миллӣ-озодихоҳии Ҳиндустон (ба он буржуазияи миллӣ роҳбарӣ мекард) қарор гирифт. Гандизм зери таъсири осори қадимии «Бҳагавадгита» ва «Рамаяна» ташаккул ёфтааст.
Таълимот
[вироиш | вироиши манбаъ]Меҳвари назарияҳои фалсафии таълимоти Гандизм ҷунбиши ороми диние буд, ки иттиҳоди ҳиндуён ва мусулмононро таъмин карда, пайравони худро барои раҳидан аз тобеияти низоми мустамликадории англисҳо ва расидан ба истиқлолу озодӣ ҳидоят мекард. Усули асосии сиёсӣ ва хусусиятҳои Гандизм: бо роҳи осуда расидан ба истиқлоли Ҳиндустон тавассути ҷалб намудани оммаи васеи халқ ба муборизаи озодихоҳӣ бидуни истифодаи зӯроварӣ; дар мубориза барои истиқлол зери роҳбарии Конгресси миллии Ҳиндустон муттаҳид кардани тамоми халқи ҳинду, новобаста ба мансубияти динӣ, миллӣ, каставӣ ва синфӣ; мубориза бо нобаробариҳои каставӣ; дар соҳаи муносибатҳои иҷтимоӣ — ноилшавӣ ба созиши миёни синфҳо ва бо роҳи осуда ҳал намудани низоъҳои байни онҳо дар заминаи назарияи сарпарастии барзгарон аз ҷониби милкдорон ва коргарон аз ҷониби сармоядорон; аз ҳад зиёд (идеалӣ) нишон додани муносибатҳои патриархалӣ; даъват барои эҳёи ҷамоаҳои деҳотӣ ва косибиву ҳунармандӣ дар Ҳиндустон, махсусан ҳунари дастбофӣ (рамзи Гандизм чарха буд), руҷӯъ ба ҳиссиёти динии оммаи мардум.
Шеваи мубориза барои озодихоҳӣ бидуни зӯроварӣ, ки онро Ганди эҷод кард ва пайравонаш пазируфтанд, сатяграҳа (босуботӣ дар ҳақиқат) ном гирифт. Он дар ду шакл ифода меёбад: адами ҳамкорӣ ва саркашии шаҳрвандӣ. Адами ҳамкорӣ дар рад кардани унвонҳое, ки англисҳо дода буданд, тарки алоқа (бойкот) бо таълимгоҳҳои ҳукуматӣ, ташкили намоишҳои осуда, саркашии шаҳрвандӣ дар риоя накардани қонуни ҷудогонаи ҳокимияти мустамликавӣ, коршиканиҳои сиёсӣ, қатъи ҳама гуна фаъолият ва дар мавридҳои истисноӣ — саркашӣ аз пардохти андоз ифода меёфт. Гандизм низоъҳои алоҳида бо ҳукуматдорони англис ва ихтилофоти иҷтимоиро аз роҳи гуфтушуниду созишҳо дар заминаи гузаштҳои тарафайн ҳал карданӣ мешуд.
Дар Гандизм дин аз ҷумлаи арзишҳои волои маънавӣ, неруи муттаҳидсози ҷомеа ба шумор меравад. Бунёдгузори Гандизм баҳри ваҳдати ҳиндувону мусулмонон талош мекард. Ӯ таҳаммулпазирии диниро муҳимтарин хислати ҳиндуия шумурда, аз ҷомеаи ҳинду, ки аксарият буданд, даъват ба амал меовард, то нисбат ба мусулмонон, ки ақаллиятро ташкил медоданд, ботаҳаммул ва олиҳиммат бошанд. Ба андешаи бунёдгузори Гандизм, сарчашмаи диёнат дар сиришти инсон мавҷуд буда, боварӣ ба Худо ғояи фитрӣ аст. Зоти илоҳӣ бо ҳақиқат баробар буда, Худованд айни ҳақиқат аст. Дарки ҳақиқат дар рафти такомули шахсият ҳосил мешавад.
Такомули ахлоқӣ мутобиқи андешаи ахинса арзёбӣ гашта, зимнан ахинса на танҳо ҳамчун худдорӣ аз осебрасонии ҷисмонӣ ба мавҷудоти зинда, балки ба ҳайси худдорӣ аз расонидани зарари маънавӣ низ баррасӣ мешавад. Манбаи такомули ахлоқӣ «қонуни муҳаббат» ва «қонуни ҷафо» аст, ки аз рӯйи онҳо пайрави ахинса дидаву дониста ҷавру ҷафо кашида, ба қурбон кардани хеш омода мегардад. Тарғиби зуҳду қаноат дар Гандизм ҳам аз ҳамин андеша сарчашма мегирад. Бино ба таълимоти динию ахлоқии Гандизм, шароити ҳаёти ҷамъиятӣ ба дараҷаи инкишофи ахлоқии одамон вобаста аст. Гандизм сиёсатро тобеи ахлоқ карданӣ мешавад, аз ин рӯ, «васоил»-ро (азбаски он ифодаи иродаи ахлоқии инсон аст) аз «мақсадҳо» афзал дониста, онро меъёри амалиёти сиёсӣ мешуморад.
Баъди ба истиқлол расидани Ҳиндустон (1947) дар байни пайравони Ганди дар мавриди татбиқи усулҳои Гандизм нисбат ба масъалаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишвар ихтилофоти ҷиддӣ сар зад. Баъзе андешаҳои сиёсӣ ва фалсафии Гандизм-ро ҳатто дар замони зиндагии Ганди бисёр пайравонаш напазируфта буданд. Мас., Ҷ. Неҳру дар мубориза баҳри истиқлол ба усули адами зӯроварӣ эътибори ҷиддӣ надода, балки рушди саноатро тарафдорӣ мекард.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Намбудирипад Е. М. Махатма Ганди и гандизм / Пер. с. англ., М., 1960;
- Литман А. Д. Современная индийская философия. М., 1985;
- Философский энциклопедический словарь. М., 1989;
- Степанянц М. Т. Философия ненасилия: уроки гандизма. М., 1992.
- Индийская философия. Энциклопедия. М., 2009.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гандизм // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.