Гулчеҳра Қоҳирова
Таърихи таваллуд | 6 декабр 1962 (61 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | ахтарфизик |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва математика |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер |
Гулчеҳра Қоҳирова (Қоҳирова Гулчеҳра Исроиловна; 6 декабри 1962, Душанбе) — ахтарфизикдони тоҷик, доктори илмҳои физика ва мтематика, профессор. Узви вобастаи АМИТ (2017).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Қоҳирова Гулчеҳра Исроиловна 6 декабри соли 1962 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Дар соли 1980 мактаби миёнаи № 43-и шаҳри Душанбе ва дар соли 1985 факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин хатм кардааст[1].
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Пас аз хатми донишгоҳ дар соли 1985 ба Институти астрофизикаи АИ ҶТ ба ҳайси лаборанти калон ба кор қабул кардаанд. Соли 1989—1991 дар аспирантураи Институти астрофизикаи АИ ҶТ, бахши шуъбаи рӯзона таҳсил кардааст. Солҳои 1997—2006 дар вазифаи котиби илмии Институти астрофизикаи АИ ҶТ, солҳои 2006—2014 дар вазифаи муовини директор оид ба корҳои илмии Институти астрофизикаи АИ ҶТ ва аз соли 2014 то имрӯз дар вазифаи директори Институти астрофизикаи АИ ҶТ қарор дорад. Аз моҳи феврали соли 2021 ба вазифаи ноиби Президенти АМИТ таъйин шудааст.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Гулчеҳра Қоҳирова муҳаққиқи ҷирмҳои хурди Системаи офтобӣ, хусусиятҳои физикӣ ва динамикии онҳо, пайдоиш ва робитаҳо дар байни онҳо мебошад. Барои омӯзиши спектрҳои метеорҳо аз тарафи ӯ усули ғайриоддӣ коркард ва ворид карда шуд, ки дар асоси истифодаи он натиҷаҳои нав оид ба таркиби моддаи метеороидҳо ба даст оварда шудаанд. Таҳти роҳбарии Гулчеҳра Қоҳирова шабакаи болидӣ дар Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки якумин шабака дар Осиёи Миёна мебошад. Солҳои 2014—2016 бо дастгирӣ ва кумаки Ҳукумати ҶТ, Раёсати АМИТ таҳти роҳбарии Гулчеҳра Қоҳирова Расадхонаи астрономии байналмилалии Санглохи Институти астрофизикаи АМИТ ва телескопи якметраи он барқарор ва модернизатсия шудаанд. Аз ҳамин вақт расадхонаи Санглох мавриди фаъолияти фаъол қарор дорад ва натиҷаҳои нав, ки бо ёрии телескопи якметраи Санглох ба даст оварда шудаанд, чоп шуда, ба олимони тамоми ҷаҳон дастрас гардидаанд.
Таълифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи панҷ китоби илмӣ ва зиёда аз 150 мақолаҳои илмӣ ва 200 фишурдаи баромадҳо мебошад. Инчунин, зиёда аз 100 мақолаи илмӣ-оммавии Гулчеҳра Қоҳирова дар расонаҳои кишвар ва хориҷа нашр шудаанд[2].
Ифтихорот
[вироиш | вироиши манбаъ]Моҳи июли соли 2014 тибқи қарори Иттиҳоди Байналмилалии Астрономӣ як сайёраи хурд (ё астероид) № 24533 ба шарафи Гулчеҳра Қоҳирова барои саҳми арзандаи муҳим гузоштан дар тадқиқотҳои ҷисмҳои хурди Системаи Офтобӣ бо номи «Kokhirova» гузошт[3][4].
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Гулчеҳра ҚОҲИРОВА, астрофизик, узви вобастаи АМИТ. Pressa.tj. 9 феврали 2023 санҷида шуд.
- ↑ Известия Национальной академии наук Таджикистана. Отделение физико-математических, химических, геологических и технических наук. journals.anrt.tj. 9 феврали 2023 санҷида шуд.
- ↑ Зарангези Наврӯзшоҳ. Сайёрае ба номи Гулчеҳра (ВИДЕО)(тоҷ.), Радиои Озодӣ (8 Январ 2015). Проверено 9 феврали 2023.
- ↑ Равшанфикр. Сайёраи хурди ба номи олимаи тоҷик Қоҳирова Гулчеҳра Исроиловна 24533 Kokhirova(2001 CR 27). ravshanfikr.tj. 9 феврали 2023 санҷида шуд.