Jump to content

Дэвид Уорк Гриффит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дэвид Уорк Гриффит
англ. David Llewelyn Wark Griffith
Ном ба ҳангоми таваллуд: англ. David Llewelyn Wark Griffith
Таърихи таваллуд: 22 январ 1875(1875-01-22)[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 23 июл 1948(1948-07-23)[1][2][3][…] (73 сол)
Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ:
Касб: коргардони филм, ҳунарпеша, таҳиякунандаи филм, филмноманавис, тадвингар, таҳиякунандаи иҷроӣ, коргардон
Корнома: 19071931
Ҷоизаҳо:
IMDb: ID 0000428
 Парвандаҳо дар Викианбор

Дэ́вид Лю́элин Уорк Гри́ффит (ҳамчунин Де́йвид Уо́рк Гри́ффит[8][9] англ. David Llewelyn Wark Griffith; 22 январ 1875[1][2][3][…], Ла-Грейнҷ[d], Кентукки[4][5]23 июл 1948[1][2][3][…], Ҳолливуд, Калифорния[6]) — коргардон ва филмсози амрикоӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз соли 1907 дар киностудияҳои «Эдисон» ва «Байограф» кор карда, нақшҳои лаҳзаӣ мебозид ва сужете барои филмҳо месохт; филмҳои кӯтоҳмуддат ё аз осори классикон филмҳо ба навор мегирифт. Дар Ҳолливуд низ кор кард ва соли 1915 (ҳамроҳ бо Т. Инс ва М. Сенет) сарвари ширкати кинои «Трайэнга» шуд. Соли 1919 ҳамчун таҳиягари мухтор (ҳамроҳи Д. Фэрбенкс, Ч. Чапли ва М. Пикфорд) барои ширкати «Юнайтед артистс», ки худ таъсис дода буд, ба интишори филмҳо шурӯъ кард. Соли 1916 Дэвид Гриффит филми «Таҳаммулнопазирӣ»-ро ба саҳна гузошт, ки дар рушди кинематографияи ҷаҳонӣ марҳалаи тозае оғоз кард. Он ба усулҳои зебошиносию драматургӣ — танзими мутақобил, ки саҳнаҳои замонҳои гуногунро дар раванди рӯ ба рушд бо ҳам меомезад, асос ёфтааст. Филм, бо вуҷуди он ки доираи васеи масоили фалсафию ахлоқиро дар бар мегирифт, дар бозор муваффақ нашуд. Дар нимаи дуввуми солҳои 1910 Дэвид Гриффит ғолибан мелодрамаҳои сентименталӣ ба навор гирифт («Нилуфарҳои шикаста», 1919; «Роҳ ба сӯи Шарқ», 1920 ва ғ.). Дар ибтидои солҳои 1920 аз реализм дур шуд ва самти эҷодияш коҳиш ёфт; филмҳои «Ятимони тӯфон» (1921), «Амрико», «Магар зиндагӣ аҷиб аст?» (ҳар ду — 1924) аз ҷумлаи корҳои чашмраси ӯ мебошанд. Дар ибтидои солҳои 1930 аз фаъолияти кинематографӣ даст кашид. Дэвид Гриффит тарзи асили наворбардориҳои омехтаро ихтироъ намуд (1922), усулҳои асосии нақшофариниро барои ҳунарпешагон тарҳрезӣ кард ва як зумра ҳунарпешагону (Д. ва Л. Гиш, М. Мэрш, М. Пикфорд, Р. Харран, Р. Бартелмес ва дигарон) коргардонҳо (Т. Браунинг, Ҷ. Канвей, В. Флеминг, М. Сеннет, Э. Фон Гитрогейм Р. Уолш ва дигарон)-ро ба камол расонд. Соли 1935 соҳиби ҷоизаи махсуси «Оскар» гардид.

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
  3. 3.0 3.1 3.2 3.3 Gran Enciclopèdia Catalana (кат.)Grup Enciclopèdia, 1968.
  4. 4.0 4.1 http://www.theyshootpictures.com/griffithdw.htm
  5. 5.0 5.1 http://www.virtual-history.com/movie/person/1568/dw-griffith
  6. 6.0 6.1 http://www.amoeba.com/movies/detail/1329/d-w-griffith-father-of-film/
  7. https://www.moma.org/artists/26498 (ингл.)
  8. Гриффит // Большая российская энциклопедия : [в 35 т.] / гл. ред. Ю. С. Осипов. — М. : Большая российская энциклопедия, 2004—2017.
  9. Ермолович Д. И. Англо-русский словарь персоналий. — М.: Рус. яз., 1993. — 336 с. — С. 147
  • Камаров С. Немое кино // История зарубежного кино. М., 1965;
  • Гиш Л. Кино. Гриффит и я. М., 1974;
  • Ямпольский М. Б. Гриффит и поэтическая традиция//Западное искусство век. Классическая искуство и соврименность. М., 1992.