Jump to content

Ибни Халдун

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдурраҳмон ибни Муҳаммад ибни Халдуни Ҳазрамӣ
ар. عبد الرحمن بن محمد بن خلدون الحضرمي
Таърихи таваллуд 27 май 1332[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 17 март 1406 (73 сол)
Маҳалли даргузашт
Фазои илмӣ илми иқтисод, ҷомеашиносӣ, фалсафа, мардумшиносӣ ва сиёсатмадор
Алма-матер
 Парвандаҳо дар Викианбор

Абузайд Абдурраҳмон ибни Муҳаммад ибни Халдун Ҳазрамӣ, бештар маъруф ба Ибни Халдун[3] (ар. ابن خلدون‎; 27 май 1332, Тунис — 17 марти 1406, Қоҳира; солҳои 732—808 ҳиҷрӣ) — муаррих, файласуф, мутафаккир ва ҷамъиятшиноси мусулмони араб[4].

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]
Нимпайкараи Ибни Халдун дар Қоҳира (2009).

Номи пурраи ӯ: Абузайд Абдурраҳмон ибни Муҳаммад ибни Халдун Ҳазрамии Ашбилӣ. Соли 1332 дар шаҳри Тунис ба дунё омадааст. Волидайн — муҳоҷирини Андалусӣ буданд. Абдурраҳмон омузишҳои оғозинро фаро гирифт ва сипас назди тунисӣ Қуръон, тафсир, фиқҳ, ҳадис, улуми риҷол, таърих, фани шеър ва аз Ал-Абилӣ мантиқу фалсафа омӯхт. Солҳои 1349—1375 дар дарбори чан амирони Марокаш ва Андалус (ҷануби Испониё) ба кори сиёсӣ пардохта мансабҳои гуногунро ишғол кардааст. Соли 1375 дар сини 22-солагӣ аз фаъолияти сиёсӣ даст кашида ба Вухрон омад ва ба навиштани асари машҳураш пиромуни таърихи ҷаҳон «Китоб-ул-ибар» («Китоби мисолҳои ибратомӯз») оғоз кард, ки муқаддимаи он беш аз худи он китоб шинохта шудааст.

Соли 1378 ба Тунис рафт, то ки аз китобхонаҳои он баҳравар шавад. Вале фитнаҳои снёсӣ вайро осуда нагузоштанд ва 1382 ба Миср фирор кард. Ибни Xалдун дар ин ҷо қозӣ ва мударриси мадрасаҳои Ал-Азҳар, Ал-Камҳия ва Аз-Зоҳирия буд.

Аз назари Ибни Xалдун методи асосии илми таърих бояд методи танқид бошад ва муаррих вазифадор аст, ки воқеаҳои асосиро аз ғайри асосӣ фарқ карда тавонад, то ки ба кашф ва ошкор кардани «кайфиятҳои (қонуниятҳои) табиии» ҳаёти ҷамъият ноил шавад. Назарияи Ибни Xалдун дар бораи моҳияти илми таърих нисбат ба назарияҳои пешгузаштагонаш бешубҳа қадаме ба пеш буд.

Ибни Xалдун назарияи худро дар бораи умрон — ҷамъият ва инкишофи он баён кардааст, ки принсипҳои асосиаш чунинанд:

  • Пайдоишу инкишофи ҷамъият ба зарурияти моддӣ — ба истеҳсоли хӯрокворӣ, пӯшок, сохтани олатҳои меҳнат, ки муовинату ёрии навъи башарро талаб мекунанд (зеро фардҳои алоҳида ба қонеъ гардонидани ҳамаи талабҳои зиндагӣ қодир нестанд) вобастааст.
  • Моҳияти ҷамъият аз меҳнати якҷояи аъзоёни вай барои таъмини маош нборат аст, вале бе тақсими меҳнат (яке наҷҷор, дигаре харрот, сеюмӣ бофанда…) таъмини маош муҳол аст, зеро як кас ҳама корҳоро адо карда наметавонад.
  • Ҷамъият барои нигоҳ доштани ҳаққи ҳар як шахс ва ҳимоян дастае аз таҷовузи дастаи дигар ба ҳукумат ҳоҷат дорад. Сабаби пайдоиши давлат ва ҳукумат аз ҳамин иборат аст (саҳ. 77—80). Ин нуктаҳои асосии назарияи Ибни Xалдун инкишофи ақидаҳои Форобӣ, Ибни Сино ва Наснруддини Тӯсианд. Фарқи байни ӯ ва Форобию Ибни Сино он аст, ки вай ҷамъиятро аз давлат фарқ мекунад.

Мувофиқи назарияи инкишофи Ибни Xалдун ҷамъият се зинаро тай кардааст:

  1. Ваҳшоният — даврае, ки зисту зиндагӣ ва расму одати одамон ба ҳоли зиндагии ҳайвонҳо наздик буд.
  2. Бадв — деҳанншинӣ (аз рӯи шарҳи баъзе муҳаққиқон — бодиянишинӣ).
  3. Ҳазар — шаҳрнишинӣ. Ба ақидаи Ибни Xалдун ин тафовути зинаҳои ҷамъият, натиҷаи ихтилофест, ки он дар тарзи таъмини маоши худ пеш мегирад.

Дар баробари ин Ибни Xалдун таъсири муҳити ҷуғрофиро ба ҳаёти ҷамъият қоил аст. Мутафаккир таъсири қувваҳои фавқуттабииро ба инкишофи ҷамъият рад менамояд.

  1. http://apnaorg.com/books/english/ibn-e-khuldun/ibn-e-khuldun.pdf
  2. Deutsche Nationalbibliothek Record #118639773 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
  3. "Ибн Халдун Введение (ал‑Мукаддима) Cоставление, перевод с арабского и примечания А.. 4 марти 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 май 2017.
  4. Сорокин П. А. Человек. Цивилизация. Общество / Общ. ред., сост. и предисл. А. Ю. Согомонов: Пер. с англ. — М.· Политиздат, 1992. С. 176
* Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир  А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.