Jump to content

Каркадан

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шаблон:Taxobox conversionШаблон:Taxobox conversionШаблон:Taxobox conversionШаблон:Taxobox conversionШаблон:Taxobox conversion

Шаблон:Taxobox end[[Гурӯҳ:Animalia аз рӯи алифбо]] КАРКАДАН, каргадан, карг, (лот. Rhmocerotidae) (форсӣ: کرگدن‎), ҳайвонест ширхӯр. Дарозии танаш 2,5—4 метр, баландиаш 1—2 метр, вазнаш то 3 т (баъзан аз ин ҳам зиёдтар). Дар назди бини 1—2 шох дорад. Пойҳояш кӯтоҳи сеангушта. Рангаш хокистарӣ, сиёхтоб. Хеле хуб медавад (дар масофаи кӯтоҳ суръаташ 40—45 км/с). Дар ҷануби шарқии Осиё ва Африқо паҳн шудааст. Дар ҷангалҳои. тропикӣ, саваннаҳр, буттазори соҳилҳо ва ботлоқзор зиндагӣ мекунад.

Алаф, навда ва барги рустаниҳоро мехӯрад. Каркаданхо бештар ҷуфт-ҷуфт ва баъзан гурӯҳ-гурӯҳ мегарданд. Даври ҳамли Каркандан 17—18 моҳ давом ме¬кунад; як бача мезояд (вазнаш ка¬риб 25 кг). Гӯшташ хурданбоб. Шохи Каркадан хосияти шифобахшӣ дорад. Дар олам 5 намуди Каркадан маълум аст. Шикори Каркадан манъ аст. Дар ҳудуди ҷумҳури чанд хели Каркадан зистааст. Боқимонадҳои эласмотерий, Каркадани муйдор ва ғайраҳо аз зери замин ёфт шудаанд.

Шикор ва ҳифз

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иҷозанома барои шикори як навъи нодири каркадани сиёҳро ба маблағи 350 ҳазор доллар фурӯхтаанд. Маҳфили сайёдони аёлати Тексаси Амрико, ки музоядаро баргузор кард, аз ҳисоби ин пул дар ҳифзи ҳамин каркаданҳои дар ҳоли нобудӣ дар Намибия кумак мекунад. Худи музояда баҳсбарангез аст, зеро каркаданҳои сиёҳ дар вартаи нобудӣ қарор доранд, вале баргузоркунандагони музояда мегӯянд, ки пули ба даст омада барои барномаҳои ҳифзи ин ҷонварон сарф мешавад. Дар саросари Намибия танҳо 1800 каркадани сиёҳ боқӣ мондааст ва ҳукумати ин кишвар солона ба шикори 5 дона аз ин ҷонварон иҷоза медиҳад.[1]

Каркадан
Шаблон:Taxobox image2
Научная классификация
Царство: Шаблон:Taxobox conversion
Тип: Chordata
Класс: Mammalia
Шаблон:Taxobox ordo: Perissodactyla
Семейство: Rhinocerotidae
Шаблон:Taxobox sectionНе указано международное название
Вы можете помочь проекту,
поставив latin=название
внутри шаблона taxobox в тексте статьи
Панда Ҷонваршиносӣ Ин мақолаи нопурра аз фанни ҷонваршиносӣ мебошад.
Шумо метавонед бо пурра кардани ин ба Википедия кумак кунед.
  1. Шикори каркадан дар ивази 350 ҳазор доллар (Радиои Озодӣ) http://www.ozodi.org/archive/news/20140112/538/538.html