Jump to content

Кишварҳои пасошӯравӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Кишварҳои пасошӯравӣ ба тартиби шуморагузорӣ:
1. Арманистон 2. Озарбойҷон 3. Беларус 4.Эстония 5. Гурҷистон 6. Қазоқистон 7. Қирғизистон 8. Латвия 9. Литва 10. Молдова 11. Русия 12. Тоҷикистон 13. Туркманистон 14. Украина 15. Ӯзбекистон

Кишварҳои пасошӯравӣ (русӣ: Постсоветское пространство, англ. Post-Soviet states) ҳамчунин машҳур ба собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ (англ. former Soviet Union; FSU[1]) ё собиқ Ҷамоҳири Шӯравӣ (англ. former Soviet Republics) — ҳамаи 15 кишвари мустақил, ки дар декабри 1991 аз Иттиҳод Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ пас аз фурӯпошӣ, берун омаданд.

Ҳамчунин Русия, ки ба унвони кишвар ҷойгузини‏ Иттиҳоди Шӯравӣ шинохта шуд. 11 марти 1990, Литва аввалин кишваре буд, ки эъломи истиқлол кард ва дар пайи он Эстония ва Латвия дар моҳи августи 1991. Ҳар се кишвар Балтика бозгашт ва тадовуми кишварҳои аслӣ‏, ки пеш аз пайвастанашон ба Иттиҳод Шӯравӣ вуҷуд доштандро эълом карданд[2][3]. Дар пай он 12 ҷумҳурии боқимонда низ канорагирӣ карданд[2]. 12 кишвар аз 15 кишвар (яъне ба истиснои кишварҳои Баҳри Балтика) дар ибтидо Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ ё ИДМ-ро ташкил дода ва бештаршон ба Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ пайвастанд, дар ҳоле, ки кишварҳои Балтика рӯйи узвият дар Иттиҳоди Аврупо ва НАТО мутамаркиз шуданд.

Аҳолӣ ва забонҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҳолии кишварҳои пасошӯравӣ то нимаи аввали соли 2015 беш аз 293 миллион нафарро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод тақрибан нисфи онҳоро русҳои этникӣ ташкил медиҳанд, боқимонда дар аксар маврид забони русиро нисбатан хуб медонанд ва дузабона ҳастанд. Дар ҳамаи кишварҳои пасошӯравӣ, пас аз пошхӯрии СССР, онҳо асосан бо забонҳои миллӣ гап мезананд: ҳамин забонҳо дар ҷумҳуриҳои мувофиқи пасошӯравӣ забони давлатӣ мебошанд. Истисно Белоруссия аст: аксарияти куллии мардум бо забони русӣ ҳарф мезананд, ки дар натиҷа русӣ дар баробари забони белорусӣ ҳамчун забони давлатӣ эътироф шудааст. Ба ҷуз аз Беларус забони русӣ дар баробари забони миллӣ дар Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон низ амал мекунад ва дар Узбакистон як қатор вазифаҳои расмиро иҷро мекунад. Дар Украина ва Молдова қисми зиёди русзабонҳо мавҷуданд. Дар фазои пасошӯравӣ дар ҷои аввал аз рӯи шумораи гӯяндагон забонҳои славянии шарқӣ (русӣ, украинӣ, белорусӣ), дар ҷои дуюм – туркӣ (озарбойҷонӣ, гагаузӣ, олтойӣ, бошқирдӣ, қарачай-балқарӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, қарақалпоқӣ, қумиқӣ, ноғаӣ, ӯзбекӣ, уйғурӣ, туркманӣ, тоторӣ, тувагӣ, хакасб, чувашӣ, якутӣ ва ғайра) қарор дорад.

Таркиби динӣ: масеҳиён, мусулмонон, буддоиҳо ва дигарон.

  1. Managing Conflict in the Former Soviet Union: Russian and American Perspectives. harvard.edu (30 October 1997). 2 Декабри 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 марти 2016.
  2. 2.0 2.1 Van Elsuwege, Peter (2008). From Soviet Republics to Eu Member States: A Legal and Political Assessment of the Baltic States' Accession to the EU. Studies in EU External Relations 1. BRILL. p. xxii. ISBN 9789004169456. 
  3. Smith, David James (2001). Estonia. Routledge. p. 20. ISBN 0-415-26728-5.