Муқаннаъ
Таърихи таваллуд | асри VIII |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 783 |
Кишвар | |
Пеша | сиёсатмадор |
Муқаннаъ (ар. المُقَنّع), Ҳошим ибни Ҳаким (ар. هاشم بن حکیم; асри VIII, Марв — 783) — озодихоҳ, сарвари ҷунбиши Сапедҷомагон, аз фармондеҳони таҳти амри Абумуслими Хуросонӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳошим ибни Ҳаким дар деҳаи Козаи наздикии шаҳри Марв дар оилаи косиб ба дунё омадааст. Номи аслии ӯ Ҳошим ибни Ҳаким ва Муқаннаъ бошад, лақаби ӯст. Худи калимаи «Муқаннаъ» арабӣ буда, маъниаш «чодарпӯш» ва ё «ниқобдор» аст. Ин лақаб ба иллати он, ки Ҳошим ибни Ҳаким ҳама вақт ба рӯяш чодари сабз пӯшида мегашт, ба ӯ дода шудааст. Аз арабӣ тарҷумаи «Муқаннаъ» ҳамин маъниро дорад.
Шӯриши Cафедҷомагон
[вироиш | вироиши манбаъ]Шӯриши Муқаннаъ дар Мовароуннаҳр соли 776 оғоз ёфта, то соли 783 давом кардааст. Ин ҳаракати оммавиро «шӯриши сафедҷомагон» номидаанд. Муқаннаъ дар аввал ҳам муқобили Абумуслим ва ҳам муқобили Аббос буд. Бо сабаби таблиғоти зидди Аббосиён Муқаннаъро халифа Мансур дар Марв дастгир карда, ба яке аз зиндонҳои Бағдод партофт. Вале ӯ дере нагузашта, аз он ҷо гурехта, ба Марв баргашт. Баъд аз Марв ба Мовароуннаҳр омада, мардумро ба муборизаи зидди арабҳо даъват намуд. Дар ғоибии Муқаннаъ дар Мовароуннаҳр «шӯриши сафедҷомагон» васеъ паҳн шуда, қисми зиёди водиҳои Қашкадарё ва Зарафшонро фаро гирифт. Дере нагузашта шӯриш ба Бухоро ҳам омад. Сабаби дар зери парчами Муқаннаъ муттаҳидшавии мардуми Мовароуннаҳр он буд, ки баъди омадани арабҳо мардуми меҳнаткаш озодии худро аз даст доданд. Арабҳо кишоварзон ва ҳунармандонро бо андозҳои миёншикан қашшоқ карданд. Ғайр аз ин, арабҳо аҳолии Мовароуннаҳрро дар сохтмони иншоотҳои бинокорӣ, кандани ҷӯй, роҳҳо ва корҳои дигари ҷамъиятӣ бепул истифода мебурданд. Муқаннаъ ба Осиёи Марказӣ омада, ба тобеонаш фармуд, ки дар кӯҳи Санам қалъаи мустаҳкам созанд. Ин фармони Муқаннаъ бо тезӣ иҷро карда шуд. Халифа Маҳдӣ, ки дар Нишопур буд, ба муқобили Муқаннаъ артиш сершумору пурзӯри худро сафарбар кард. Халифа ба Нишопур барои он омад, ки дар мубориза бар зидди Муқаннаъ шахсан роҳбарӣ кунад. Маҳдӣ аксарияти фармондеҳони артишро барои беҷуръатию ноӯҳдабароӣ аз вазифа сабукдӯш карда, ба ҷои Онҳо дигаронро таъйин намуд. Сарфи назар аз ин дар ибтидо ӯ шӯриши «сафедҷомагон»-ро пахш карда натавонист. Ба Маҳдӣ лозим омад, ки барои ин кор 7 сол сарф кунад. Дар муҳорибаи охирин ҳам шӯришчиён қалъаи худро каҳрамонона муҳофизат мекарданд, гарчанде ки лашкари халифа аз онҳо чандин маротиба зиёд буд. Вақте ки Лашкари халифа қалъаро фатҳ мекунад. Муқаннаъ заҳр хӯрда, мемирад. Шӯриши «сафедҷомагон» шикаст хӯрд. Ҳамин тариқ, дар Мовароуннаҳр умри ҳокимияти Аббосиён боз якчанд дахсолаи дигар дароз шуд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҳотамов Н. Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе,2011, — с.88-90.