Jump to content

Намозгоҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Намозгоҳи Самарқанд

Намозгоҳ (форсӣ: نمازگاه‎‎), мусалло (ар. المصلى‎) — масҷидест, ки дар он рӯзҳои Иди Қурбон ва Рамазон намоз мехонданд. Азбаски дар рӯзҳои иди динӣ масҷидҳои шаҳр ҳамаи намозхононро ғунҷонда наметавонист, дар беруни шаҳр намозгоҳ сохта мешуд. Намозгоҳ ба тарзи анъанавӣ бино ёфта, бештар дар пеши девори меҳроб пешайван ва суфача сохта ме­шуд. Баъзе масҷидҳои намозгоҳ аз ҷиҳати санъати меъморӣ ҷолибанд.

Ҳамчунин нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]