Намоз
Бахше аз маҷмӯъаи мақолаҳои: |
Шахсиятҳо
|
Идҳо ва маворид
|
Намо́з (ар. صلاة, салоҳ [sˤa.laːh]; форсӣ: نماز — дуо, ибодат) — яке аз фаризаҳои ибодатии ҳатмии панҷкаратаи ҳаррӯза дар Ислом.
Ҷойгоҳи намоз дар Ислом
[вироиш | вироиши манбаъ]Намоз бар асоси таълимоти ислом назди Худованд мартаба ва ҷойгоҳи бузурге дорад ва аз ҳар ибодати дигаре азизтар ва маҳбубтар аст. Он барои инсон меъроҷи маънавӣ, тулӯъгоҳи рӯҳӣ, созандаи ҷавҳари шахсият ва такомулдиҳандаи истеъдодҳои фитрӣ мебошад.
Худованд панҷ вақт намозро бар бандагонаш фарз гардонида, то аз роҳгузари он дар пешгоҳи Ӯ ҷойгоҳи хос ва аҷру савоби бисёре ба даст оваранд. Тарки он гуноҳи кабира (бузург) аст. Дар хабар аст, ки: «Ҳар касе хуб ва ба таври комил вузӯ гирад ва намозро бо хотири ҷамъ барпой дорад, рӯзи қиёмат гуноҳони сағира (хурд)-и гузаштааш бахшида мешаванд ва дохили биҳишт мегардад». Ҳамчунин омадааст, ки: «Намоз шоҳсутуни дин аст. Ҳар касе намозро накӯ барпой дорад, динро устувор ва пойдор намуда ва ҳар касе онро тарк намояд, динро барбод додааст».
Намоз бо худсозӣ ва ташаккули шахсияти фард ва пӯёӣ бахшидан ба неруи фикру андешаи намозгузор заминаҳои рушду некбахтӣ ва шукуфоии ҷомеаро бо тамоми маъно фароҳам меоварад, ба аҳли худ оромиши рӯҳӣ ва эътидоли равонӣ мебахшад, шахси намозгузорро аз тамоюл ба бебандуборӣ ва тардоманӣ (фаҳшо), ки падидаи фардӣ бо пайомадҳои иҷтимоӣ мебошад, бозмедорад ва ӯро аз содир намудани корҳои хориҷ аз меъёрҳои шаръӣ (мункар) ва бар зиёни мардум боз дорад:
Ло илаҳ бошад садаф гавҳар намоз,Қалби муслимро ҳаҷи асғар намоз.
Дар кафи муслим мисоли ханҷар аст,
Қотили фаҳшову бағйу мункар аст.— Муҳаммад Иқбол
Фарзияти намоз
[вироиш | вироиши манбаъ]Хондани намоз ҷуз бар девонагон ва кӯдакон дигар бар ҳама лозим ва зарурист. Кӯдакон низ вақте ба синни ҳафтсолагӣ бирасанд, тибқи раҳнамудҳои Паёмбари Ислом (с), падару модарро мебояд онҳоро ба хондани намоз одат ва тарбият диҳанд ва вақте то синни даҳсолагӣ ба баргузории намоз пойбанд нагарданд, онҳоро танбеҳ намоянд.
Намозҳои фарзи ҳаррӯза
[вироиш | вироиши манбаъ]Паёмбари Ислом (с) намозро рукни дуюм аз панҷ рукни бинои ислом гуфтааст. Бар ҳар мусулмони мукаллаф адои панҷ вақт намоз дар ҳар як шабонарӯз фарз аст, ки иборатанд аз:
- Намози бомдод — ду ракъат фарз.
- Намози пешин — чор ракъат фарз.
- Намози аср — чор ракъат фарз.
- Намози шом — се ракъат фарз.
- Намози хуфтан — чор ракъат фарз.
Намозоҳои суннати ҳаррӯза
[вироиш | вироиши манбаъ]Намозҳои суннати ҳаррӯзае, ки онҳоро суннатҳои муаккада мегӯянд, иборатанд аз:
- Ду ракъат пеш аз фарзи намози бомдод.
- Чор ракъат пеш аз фарзи намози пешин
- Ду ракъат баъд аз фарзи намози пешин
- Ду ракъат баъд аз фарзи намози шом.
- Ду ракъат баъд аз фарзи намози хуфтан
- Чор ракъат пеш аз фарзи намози ҷумъа.
- Чор ракъат баъд аз фарзи намози ҷумъа.
Намозҳои нафлӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ғайр аз намози фарзии панҷвақта як қатор намози иловагӣ низ дар ислом расм шудааст: Намози истисқо (намозе, ки дар хушксолӣ мехонанд ва мурод аз он талабидани борон аст), намози шукрона (намозе, ки ба шукронаи ҳосил шудани муроде ва дафъ кардани таҳлукае мехонанд), намози қазо (намозе, ки пас аз гузаштани вақташ хонда мешавад), намози фитр (рӯзи иди Рамазон хонда мешавад), намози ҷаноза (намозе, ки пас аз ғусли мурда дар сари тобути ӯ хонда мешавад), намози ишроқ (намози ғайри панҷвақтӣ аст, ки онро пас аз баромадани офтоб мехонанд), намози таҳаҷҷуд (намози ғайри панҷвақтӣ аст, ки онро пеш аз субҳ мехонанд).
Шартҳои дурустии намоз
[вироиш | вироиши манбаъ]Барои дуруст гардидани намоз шартҳои зерин аз сӯи шаръ пешбинӣ шудаанд: 1) ҷойи пок, ҷомаи пок ва бадани пок, 2) сатр (пӯшидан)-и аврат, 3) истиқболи қибла (рӯ ба сӯйи қибла истодан), 4) ният — намозгузор бояд бо ният дохили намоз шавад ва аз оғоз то поёни он бидонад кадом намозро мехонад ва онро барои анҷоми фармони Худованди олам ба ҷо меоварад, 5) шинохтани вақт — ҳар намозеро дар вақти худаш адо намояд, 6) пок будан аз ҳадас (бетаҳоратӣ)-и хурд ва бузург, яъне аз бевузӯӣ ва аз ҷанобат.
Фарзҳои намоз
[вироиш | вироиши манбаъ]Фарзҳои намоз, ки ба онҳо рукнҳои намоз низ гуфта мешавад, иборатанд аз:
- Такбири таҳрима (бо гуфтани «Аллоҳ акбар» ба намоз дохил шудан).
- Қиём (истодан).
- Қироат кардан — Қуръон хондан дар ду ракъати намози фарз ва низ дар тамоми ракъатҳои витр ва намозҳои нафл. Камтарин миқдоре, ки фарзи қироат ба ҷой меояд, хондани як ояти дароз ва ё се ояти кӯтоҳ аст.
- Рукуъ.
- Суҷуд.
- Қаъдаи ахир ба миқдори хондани ташаҳҳуд.
Ба ҷой овардани фарзҳои мазкур барои намозгузор ҳатмӣ аст. Бинобар ин, агар яке аз онҳоро, хоҳ қасдан, ё аз рӯи фаромӯшӣ, тарк намояд, намозаш саҳеҳ набуда ва бояд онро аз сар бихонад. Тарк кардани фарз ба воситаи саҷдаи саҳв ҷуброн ва ислоҳ намешавад.
Тариқаи баргузории намоз
[вироиш | вироиши манбаъ]Тариқаи баргузории намоз ин аст, ки намозгузор ба вақти ният ангуштони бузурги дастонашро баробари гӯшҳояш бардошта ва дар ҳоле, ки дохили кафҳояш ба сӯйи қибла ҳастанд, такбири таҳрима — «Аллоҳ акбар» бигӯяд (занон ба ҳангоми такбири таҳрима дастонашонро то баробари шонаҳо, яъне китфҳояшон баланд мекунанд). Дасти росташро ба болои дасти чап қарор дода, ба зери ноф мениҳад ва сано мехонад, ки он чунин аст:
- «Субҳонака-л-лоҳумма ва биҳамдика ва таборакасмука ва таъоло ҷаддука ва ло илоҳа ғайрука» («Парвардгоро, Туро ба покӣ ва ситоиш ёд мекунам ва поку бобаракат аст номи Ту ва бисёр олӣ аст бузургии Ту ва нест худое ғайр аз Ту»).
Занон кафи дастони росташонро болои кафи дастони чап қарор дода, бар синаи худ мениҳанд.
- Баъд аз сано бефосила «Аъузу биллоҳи мина-ш-шайтони-р-раҷим» ва пас аз он: «Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим»-ро барои қироат бихонад. Муқтадӣ «Аъузу биллоҳ»-ро намехонад. Сано, Аъузу биллоҳ ва Бисмиллоҳ хуфя ва паст хонда мешаванд. «Бисмиллоҳ» дар байни сураи «Фотиҳа» ва сураи замгардида хонда намешавад, балки ҳамон «Бисмиллоҳ»-и аввали сураи «Фотиҳа» ӯро кифоя мекунад.
- Баъд аз он дарҳол сураи «Фотиҳа»-ро қироат намуда, дар поёни он бо садои паст омин мегӯяд ва пас аз он як сура ё се оят қироат менамояд.
- Баъд аз қироат такбир — «Аллоҳ акбар»-гӯён ба рукуъ меравад ва дар ҳоли рукуъ дастонашро бар зонуҳояш мегузорад, ангуштонашро кушода ва соқҳои пояшро рост намуда, пушту камару сарашро бо якдигар баробар месозад ва се маротиба тасбеҳ — «Субҳона раббия-л-ъазим» («Парвардгори бузургамро ба покӣ ёд мекунам») мегӯяд. Занон дар рукуъ ангуштони дастонашонро намекушояд ва лозим нест пушту камар ва сарашонро бо якдигар баробар созанд, балки андаке хам шаванд, кифоят мекунад ва оринҷҳояшонро низ ба бағали худ мечаспонад.
- Пас аз он «Самиъа-л-лоҳу лиман ҳамидаҳ» (Худованд ситоиши ситоишкунандаро мешунавад)-гӯён сарашро аз рукуъ бардошта, рост меистад ва дар сурате, ки мунфарид (танҳогузор) бошад, «Раббано лака-л-ҳамд» (Парвардгоро, шукр танҳо барои Туст) мегӯяд. Дар намози ҷамоат имом ба гуфтани «Самиъа-л-лоҳу лиман ҳамидаҳ» ва муқтадӣ ба «Раббано лака-л-ҳамд» иктифо менамоянд.
- Сипас такбиргӯён ба саҷда меравад, ба ин тариқ, ки аввал зонуҳо, баъд дастҳо ва сипас рӯйи хешро ба замин мениҳад ва бо пешонӣ ва бинӣ саҷда менамояд. Дар саҷда ангуштони дастони худро ба ҳам ҷамъ менамояд, шикамашро аз зонуҳояш, бозуҳояшро аз шикамаш ва соид (банд)-и дастонашро аз замин дур нигоҳ медорад, ангуштони пойҳояшро ба тарафи қибла мегардонад ва се бор «Субҳона раббия-л-аъло» (Ба покӣ ёд мекунам Парвардгори бартари худро) мегӯяд. Зан дар аснои саҷда шикамашро ба ронҳои худ часпонида, оринҷҳои худро ба замин мегузорад.
Саҷда бар чизҳое дуруст аст, ки пешонӣ дар онҳо қарор гирифта, дар сурати фишор додан поён нараванд. Намозгузор ҳангоми издиҳом метавонад бар пушти намозгузори дигаре, ки пеш аз ӯ қарор дорад, саҷда намояд, ба шарте ки ҳар ду дар ҳолати хондани як намоз бошанд.
- Сипас такбир гуфта сарашро аз замин бармедорад ва дастҳои худро болои ронҳояш гузошта, ором менишинад.
- Баъд аз он такбир гуфта дубора ба саҷда рафта, ором мегирад ва се маротиба «Субҳона раббия-л-аъло» мегӯяд. Сипас такбиргӯён сарашро аз саҷда бардошта, бидуни нишастан ва ниҳодани дастҳо бар замин, бо такя бар пойҳояш барои ракъати дуюм бархезад. Ҳангоми бархостан аввал сар, баъд дастҳо ва сипас зонуҳояшро баланд менамояд.
Ракъати дуюм ҳам монанди ракъати аввал мебошад, бо ин тафовут, ки дар ракъати дуюм дастҳояшро баланд намекунад ва сано (дуо) ва «Аъузу биллоҳ» низ дар он вуҷуд надорад.
- Ҳар гоҳ аз саҷдаи дуюми ракъати дуюм фориғ гардид, барои қаъда менишинад. Дар қаъда пои чапашро бар замин ҳамвор намуда, ба болои он менишинад ва пои росташро дар ҳоле ки ангуштони он ба сӯйи қибла қарор дода шудаанд, рост менамояд ва дастонашро дар ҳоле, ки ангуштони дастҳояш кушода ва ба тарафи қибла ҳастанд, бар болои ронҳояш мениҳад (зан дар қаъда болои рони чапи худ пойҳояшро ба ҷониби рост берун кашида, менишинад) ва сипас ташаҳҳуд — Аттаҳиётро мехонад. Матни ташаҳҳуди Ибни Масъуд (р) ба ин тартиб аст:
«Аттаҳийёту лиллоҳи ва-с-салавоту ва-т-таййибот. Ассалому ъалайка айюҳаннабийю ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ. Ассалому ъалайно ва ъало ъибодиллоҳи-с-солиҳина. Ашҳаду ан-ло илоҳа илла-л-лоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан ъабдуҳу ва расулуҳ».
- Вақте ба калимаи шаҳодат расид, сари ангушти миёнаи дасти росташро болои ангушти бузургаш (ибҳом) гузошта, онҳоро ҳалқа бидорад, сипас ангушти саббобаашро ҳангоми гуфтани «Ло илоҳа» бардорад ва ҳамин ки ба «иллаллоҳу» расид, онро бифарорад. Ин ишораи саббоба (тасбеҳ ва зикр) гуфта мешавад, ки бо чашмпӯшӣ аз маънояш ба он саббоба гӯянд. Ишораи саббоба суннат аст.
Намози ҷамоат
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо ҷамоат барпо намудани намоз суннати муаккада аст. Дар намози ҷамоат яке аз намозгузорон (имом) дар пеши ҷамъият меистад ва дигарон дар сафҳои муназзам аз пушти ӯ бо якҷоягӣ намоз мехонанд. Шахси дар пеш истодаро имом ва намозгузорони пушти ӯро муқтадӣ — иқтидокунанда мегӯянд. Сазовортарини мардум барои имоматии ҷамоат донишмандтарини онҳо ба суннат ва аҳкоми дин аст. Агар дар миёни ҷамоат каси дигаре ҳам вуҷуд дошта бошад, ки аз нигоҳи илми суннат бо ӯ баробар бошад, дар он сурат касе, ки қироати беҳтар дорад, шоистатар мебошад ва агар аз ин назар ҳам бо ҳам баробар бошанд, касе ки таво (худотарсӣ)-и бештаре дорад, имом хоҳад шуд ва агар аз ҷиҳати худотарсӣ низ бо ҳам баробар бошанд, он гоҳ калонсолтарашон сазовори имомат хоҳад буд. Агар дар синну сол ҳам баробар бошанд, пас хушахлоқтари онҳо ба имоматӣ шоистатар мебошад. Сипас шахсоне, ки қиёфа ва шаклашон беҳтаранд, бар дигарон муқаддам ҳастанд. Баъд касоне, ки аз лиҳози аслу насаб бошарофат мебошанд, муқаддам ҳастанд. Он гоҳ касоне, ки овози хубу беҳтаре доранд, пас аз он касоне, ки аз лиҳози вазъи либос покизапӯш ва пойбандтаранд, барои имоматӣ муқаддам бар дигарон мебошанд. Агар дар тамоми ин сифатҳо ҳама бо якдигар баробар бошанд, пас ихтиёр дар дасти худи намозгузорон аст. Ҳар касеро, ки аксарияти онҳо таъйин намоянд, имоми ҷамоат ҳамон кас хоҳад шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Боқизода А. Фиқҳи исломӣ дар асоси мазҳаби ҳанафӣ. — Лоҳур: Lahoria Book Banding in Company, 2011. — 798 c.