Наум Гребнев
Таърихи таваллуд: | 20 ноябр 1921 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 2 январ 1988 (66 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир, тарҷумон |
Солҳои эҷод: | аз 1942 |
Жанр: | шеър[d] |
Забони осор: | русӣ ва арманӣ |
Ҷоизаҳо: | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Нау́м Иса́евич Гре́бнев (номи хонаводагии аслиаш — Рамбах; 20 ноябр 1921, Ҳорбин[d], Heilungkiang[d] — 2 январ 1988, Маскав) — шоир ва тарҷумони рус.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Институти адабии ба номи М. Горкийи Маскав (1949). Дар ҶБВ (1941—1945) ширкат кард. Маҷмӯаи аввалини шеърҳояш «Кори ҳақ» (1947)-ро ба ҳамяроқонаш бахшид. Минбаъд ба кори тарҷумонӣ пардохта, осори шоирони арман, гурҷӣ, қирғиз, тотор, туркман, ӯзбек ва мардумони дигарро ба русӣ баргардонид. Муддате дар Доғистон зиста, забони халқҳои Қафқози Шимолиро омӯхт. Ашъори Расул Ҳамзатов ва дигар шуарои Доғистон, Чеченистон, Кабардину Балқар, Абхозистонро ба русӣ тарҷума кард. Хидмати Наум Гребнев дар тарғибу ташвиқи ашъори адибони форс-тоҷик бузург аст; намунаҳо аз осори Ҷалолуддини Румӣ, дигар намояндагони адабиёти гузашта ва муосирро ба забони русӣ бо маҳорати баланд баргардон кардааст. Дар тарҷумаҳояш мазмунҳои бикру оҳангҳои ғоявии намунаҳои аслро дақиқ ифода намудааст. Осори тарҷумакардааш дар маҷмӯаҳои зиёд ба табъ расидаанд.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо ордену медалҳои ҷангӣ сазовор шудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Четверостишия. Из таджикской народной лирики. Сталинабад, 1957;
- Что видел ёжик. Стихи. М., 1957; Из таджикской народной поэзии. Д., 1964;
- Истины. Изречения персидского и таджикского народов. М., 1968;
- Песни страны певцов. Из таджикской народной поэзии. Д., 1972;
- Деҳоти А. Озорной барашек. Стихи. Д., 1986;
- Джалаладдин Руми. Поэма о скыртом смысле. М., 1986.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гребнев Наум Исаевич // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 20 ноябр
- Зодагони соли 1921
- Даргузаштагони 2 январ
- Даргузаштагони соли 1988
- Даргузаштагони Маскав
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945»
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Адибон аз рӯи алифбо
- Шоирон аз рӯи алифбо