Jump to content

Пенелопа Круз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Пенелопа Круз
исп. Penélope Cruz
Ном ба ҳангоми таваллуд: исп. Penélope Cruz Sánchez
Таърихи таваллуд: 28 апрел 1974(1974-04-28)[1][2][3][…] (50 сол)
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпеша, муҷрии телевизион, бозигари синамо, ҳунарпешаи телевизион, муҷрӣ, садопеша, аккос, коргардони филм
Корнома: 1989 — то ҳол
Ҷоизаҳо:
IMDb: ID 0004851
penelope-cruz.org
 Парвандаҳо дар Викианбор

Пенелопа Крус Санчес (аслан Пенелопеисп. Penlope Cruz Sanchez; с.т. 28 апрели соли 1974, Алкобендас, Мадрид,  Испониёи Франки) — ҳунарпеша ва тарроҳи Испониё. Машҳуртарин ҳунарпешаи Испониё ва яке аз аввалин ҳунарпешаҳои Испониё, ки дар Ҳолливуд маъруфият пайдо кард.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пенелопа Круз 28 апрели соли 1974 дар шаҳри Мадрид ба дунё омадааст ва даврони кӯдакии ӯ дар ин ҷо гузаштааст. Падари ӯ савдогар ва модараш ороишгар буд. Ҳанӯз аз айёми хурдсолӣ Круз (ҳунарпешаро дар ватанаш чунин ном мебаранд) ба санъат, хусусан ба балет ва ҷаз мароқ зоҳир мекард. Ӯ он қадар ба рақс дил дода буд, ки мактабро хатм накарда онро тарк кард ва пурра ба ҳунари рақс машғул шуд. Круз балет ва рақсҳои испаниро дар Консерваторияи Миллии Испания дар Мадрид дар давоми 10 сол омӯхт ва баъд аз он ба Ню-Йорк омад, то дар мактаби санъати ҳунарпешагии Кристина Рот таҳсил кунад. То ҳунарпеша шудан, Пенелопа Круз барандаи барномаи телевизионӣ дар бораи ҳаёти ҷавонон La Quinta Marcha буд. Пенелопа бо ҳунарпеша Ҳавэр Бардем (соли таваллудаш 1969), ки бо вай дар чандин филмҳо ҳунарнамои кардааст, моҳи июли соли 2010 хонадор мешавад. Онҳо ду фарзанд; писар - Леонардо (таваллудаш 25 январи соли 2012) ва духтар Луна (таваллудаш 22 июли 2013) доранд.

Нақшҳои аввалинашро дар филмҳо ва сериалҳо Пенелопа ҳанӯз дар синни 16 солагӣ бозидааст. Вале ҳунарпеша пас аз чанд сол, баъд аз ба экранҳо баромадани филми «Айёми зебоӣ» /Belle epoque (The Age of Beauty)/, ки ба чандин ҷоизаҳо дар Испания сазовор гардид, дар ватанаш машҳур шуд. Ин филм ҷоизаи Оскарро низ дар номинатсияи «Филми беҳтарини хориҷӣ» гирифт.

Баъд аз иштирок дар чандин филмҳо, Крузро соли 1997 яке аз беҳтарин коргардонҳои Испания Педро Алмадовар барои бозӣ кардан дар нақши дуюмдараҷае ба филми /Carne tremula (Live Flesh)/ даъват мекунад. Ин филм шуҳрати Пенелопаро боз афзуд.

Филмҳои «Кишвари теппаҳову водиҳо» /The Hi-Lo Country/, (соли 1998), «Одами дар пойафзолаш борон» /The Man with Rain in His Shoes/ Пенелопа Крузро ба тамошобинони амрикоӣ шиносонид. Соли 1999 Пенелопа боз бо Алмадовар ҳамкорӣ кард — ҳунарпеша яке аз нақшҳои асосиро дар филми машҳури «Дар бораи модарам» /Todo sobre mi madre/, бозӣ кард, ки он яке аз филмҳои беҳтарини кинофестивали Канн гардид ва соҳиби ҷоизаи Оскар низ чун « Филми беҳтарини хориҷӣ» шуд.

Баъд аз ин муваффақият ҳунарпешаро ба Ҳолливуд даъват карданд. Соли 2000 ӯ бо ҳамроҳии Метт Деймон дар филми Билли Боб Торнтон /All the Pretty Horses/ ва соле пас бо ҳамроҳии Ҷоннӣ Депп дар «Кокаин» /Blow/, ва бо Николас Кейҷ дар «Интихоби капитан Кореллӣ» /Captain Corelli’s Mandolin/ нақшҳо офарид.

Соли 2001 Пенелопа бо Том Круз дар филми «Осмони ванилӣ» (римейки филми 'Abre los ojos') нақш меофарад ва онҳо пас аз ин филм ба ҳам ишқварзӣ мекунанд. Баъд аз се сол, моҳи январи соли 2004 Том ва Пенелопа ақди никоҳ мебанданд.

Пенелопа бо чаҳор забон — испанӣ, итолиёӣ, фаронсавӣ ва англисӣ ҳарф мезанад. ӯ забони итолиёвиро аз он сабаб омӯхтааст, ки мехост соли 2004 дар филми «Non ti muovere» иштирок кунад. Круз ба ин муваффақ мешавад ва он сол ҷоизаи беҳтарин ҳунарпеша дар Итолиёро мегирад. Пенелопа вақт ва пули зиёди худро ба кумаки башардӯстона ва корҳои хайриявӣ сарф мекунад. Соли 1997 ӯ тайи ду моҳ дар Уганда дар созмони кумаки башардӯстона кор кардааст. Дӯсти беҳтаринаш ҳунарпешаи машҳур — Салма Хайек мебошад.

Пенелопа Круз дар 80-умин ҷашнвораи Academy Awards, дар соли 2008
Пенелопа Круз дар 81-умин ҷашнвораи Academy Awards дар соли 2009, вақте, ки ӯ ғолиби Academy Award for Best Supporting Actress гардида буд
Пенелопа Круз дар 82-юмин ҷашнвораи Academy Awards дар соли 2010, вақте ки ӯ номинатсияи сеюми Academy Award ба даст оварда буд
Пенелопа Круз дар 31-умин ҷашнвораи Goya Awards дар соли 2017
Пенелопа Круз дар 33-юмин ҷашнвораи Goya Awards, дар соли 2019


Пенелопа Круз ҳангоми гирифтани ҷоизаи Hollywood Walk of Fame дар соли 2011
Пенелопа Круз бо шавҳараш Javier Bardem дар 32-юмин ҷашнвораи Goya Awards, дар соли 2018

Рӯйхати пурра дар сайти IMDb.com[4].

Ҷоиза Сол Категория Филм Натиҷа
Оскар 2007 Беҳтарин нақши занона Бозомад Номзад
2009 Беҳтарин нақши занонаи дуюминдараҷа Вики Кристина Барселона Баранда
2010 Беҳтарин нақши занонаи дуюминдараҷа Нӯҳ Номзад
BAFTA 2007 Премия BAFTA барои беҳтарин нақши занонаи дуюминдараҷа Бозомад Номзад
2009 Премия BAFTA барои беҳтарин нақши занонаи дуюминдараҷа Вики Кристина Барселона Баранда
Давид ди Донателло 2004 Беҳтарин нақши занона Нарав Баранда
Ҷоизаи киноакадемияи Аврупо 1999 Беҳтарин нақши занона Девушка твоей мечты Номзад
2004 Беҳтарин нақши занона Не уходи Номзад
2006 Беҳтарин нақши занона Возвращение Баранда
2009 Беҳтарин нақши занона Разомкнутые объятия Номзад
Глобуси тилоӣ (Италия) 1994 Беҳтарин нақши занона Ради любви, только ради любви Номзад
Глобуси тилоӣ 2007 Беҳтарин нақши занона — драма Возвращение Номзад
2009 Беҳтарин нақши занонаи дуюминдараҷа Вики Кристина Барселона Номзад
2010 Беҳтарин нақши занонаи дуюминдараҷа Девять Номзад
Гойя 1993 Беҳтарин нақши занона Ветчина, ветчина Номзад
1999 Беҳтарин нақши занона Девушка твоей мечты Баранда
2005 Беҳтарин нақши занона Не уходи Номзад
2007 Беҳтарин нақши занона Возвращение Баранда
2009 Беҳтарин нақши занонаи дуюминдараҷа Вики Кристина Барселона Баранда
2010 Беҳтарин нақши занона Разомкнутые объятия Номзад
2012 Беҳтарин нақши занона Рождённый дважды Номзад
2016 Беҳтарин нақши занона Ма Ма Номзад
Кинофестивали Ҳолливуд 2006 Ҳунарпешазани сол Баранда
Киноҷоизаҳои MTV 2002 Беҳтарин натиҷаи сол Кокаин Номзад
Қулфинаи тилоӣ Бадтарин нақши занона Кокаин
Выбор капитана Корелли
Ванильное небо
Номзад
Спутник 2006 Беҳтарин нақши занона Возвращение Номзад
2008 Беҳтарин нақши занонаи дуюминдараҷа Элегия Номзад
2009 Беҳтарин нақши занона Разомкнутые объятия Номзад
Беҳтарин нақши занонаи дуюминдараҷа Девять Номзад
Беҳтарин ансамбли ҳунарпешагон[5] Девять Баранда
Ҷоизаи Гилдияи ҳунарпешагони ИМА 2007 Беҳтарин нақши занона Возвращение Номзад
2009 Беҳтарин нақши занонаи дуюминдараҷа Вики Кристина Барселона Номзад
2010 Беҳтарин нақши занонаи дуюминдараҷа Девять Номзад
Беҳтарини ҷамъияти ҳунарпешагон дар филм[5] Девять Номзад