Нӯҳ
Нӯҳ | |
---|---|
ар. نوح | |
Иттилооти инфиродӣ | |
Касб, шуғл: | паёмбар |
Зодгоҳ: | |
Умр | бештар аз 1000 сол |
Фарзандон: | Сом, Ҳом, Ёфис, Ям (Кенан) |
Ном бо забонҳои дигар: |
ибрӣ: נֹחַ, лот. Noe юн.-қад. Νῶε |
Шабоҳат: |
масеҳӣ — Ной яҳудӣ — Но́ах |
Гурӯҳ: | Расул, Улулазм |
Зикр дар Қуръон: | 43 маротиба: Сураи Нӯҳ |
Аломот ва мӯъҷизот: | Киштии Нӯҳ |
Рӯйдодҳо: | Туфони Нӯҳ |
Иттилооти иловагӣ |
|
Лоиҳаҳои алоқаманд: |
Викианбор |
Вироиши Викидода |
Нӯҳ (ар. نوح) — дар ислом аввалин пайғамбар аз миёни пайғамбарони улулазм. Номи Нӯҳ дар бисёре аз оятҳои Қуръон омадааст. Бо номи ӯ Сураи Нӯҳ дар Қуръон ҳаст.[1].
Нӯҳ дар Қуръон
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳазрати Нӯҳ(а) аввалин пайғамбар аз миёни пайғамбарони улул азм аст. Пайғамбарони улул азм иборатанд аз: Ҳазрати Нӯҳ, Иброҳим, Мӯсо, Исо ва Пайғамбари Акрам(с).
Вижагии пайғамбарони улул азм ин будааст, ки ҳамроҳи худ шариати тозае бо худ меовардаанд. Аз ин рӯ, нахустин шариатро ҳазрат Нӯҳ(а) барои мардуми даврони хеш овардааст дар ояти 13 аз сура Шуро мехонем.
«شرع لكم من الدين ما وصي به نوحا و الذي اوحينا اليك و ما وصينا به ابراهيم و موسي وعيسي»
“Оине барои шумо ташреъ кард, ки ба Нӯҳ тавсия карда буд ончиро бар ту фиристодем ва бар Иброҳим ва Мӯсо ва Исо супориш намудем”.
Аз оёти Қуръони Карим истифода мешавад, ки муҳтавои шариат ва дини ҳазрати Нӯҳ(а), даъвати мардум ба тавҳид(яъне Худоро яке донистан) ва таслим дар баробари Худованд, амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, мусовот ва адолат, ростгӯӣ ва вафои ба аҳд наҳй аз ширк ва олудагӣ ба фавоҳиш ва мункирот будааст.
Ҳазрати Нӯҳ(а), дорои китоби осмони низ будааст ин китоб номи хоссе надошта аст балки ба номи «китоби Нӯҳ(а)» маъруф будааст ва номида мешудааст. Ба фармуда яке аз муфассирон мақсуд аз «алкитоб» дар ояти 213 сураи Бақара, ки мефармояд: [2]كَانَ النَّاسُ أُمَّةً وَاحِدَةً فَبَعَثَ اللَّهُ النَّبِيِّينَ مُبَشِّرِينَ وَمُنْذِرِينَ وَأَنْزَلَ مَعَهُمُ الْكِتَابَ بِالْحَقِّ لِيَحْكُمَ بَيْنَ النَّاسِ فِيمَا اخْتَلَفُوا فِيهِ وَمَا اخْتَلَفَ فِيهِ إِلَّا الَّذِينَ أُوتُوهُ مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَتْهُمُ الْبَيِّنَاتُ بَغْيًا بَيْنَهُمْ فَهَدَى اللَّهُ الَّذِينَ آمَنُوا لِمَا اخْتَلَفُوا فِيهِ مِنَ الْحَقِّ بِإِذْنِهِ وَاللَّهُ يَهْدِي مَنْ يَشَاءُ إِلَى صِرَاطٍ مُسْتَقِيمٍ китоби ҳазрати Нӯҳ (а) аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Пиотровский М.Б. Нух // Ислам: энциклопедический словарь / отв. ред. С. М. Прозоров. — М. : Наука, 1991. — С. 194-195.
- Али-заде, А. А. Нух Бойгонӣ шудааст 1 октябри 2011 сол. // Исламский энциклопедический словарь Бойгонӣ шудааст 18 Декабри 2014 сол.. — М. : Ансар, 2007.