Ришқа
Ришқа | |||||||||||||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| |||||||||||||||||||||
Табақабандии илмӣ | |||||||||||||||||||||
рутбаҳои мобайнӣ
|
|||||||||||||||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | |||||||||||||||||||||
Medicago L., 1753 | |||||||||||||||||||||
Мутародифот | |||||||||||||||||||||
Номенклатурный тип | |||||||||||||||||||||
|
Ришқа, рушқа, юнучқа, аспист (лот. Medicágo) — як ҷинси гиёҳҳои яксола ё бисёрсолаест аз оилаи лӯбиёиҳо, дарбаргирандаи 103 намуд[3].
Тавсифоти гиёҳшиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Пояаш сершох, баландиаш 70—100 (баъзан 150) см. Баргаш дарозрӯяи себарга (аз 3 баргча иборат аст). Хӯшагулаш 15—20-гула. Мевааш асосан ғилофаки досшакл ё спиралшакл. Тухмаш гурдашакли гирда, зард ё зардтоби бур (вазни 1000 донааш 1,5—3,5 г). Бехи ришқа тиррешаи бақувват аст. Дар хок бн чуқурии бештар аз 5—10 м реша меронад.
Дар Аврупо, Осиё, Африқо қариб 100 намуди ришқа мерӯяд. Дар кшиварҳои пасошӯравӣ қариб 60 ва аз он ҷумла дар Тоҷикистон 10 намуди ришқа (7 намуди он яксола) месабзад.
Парвариш
[вироиш | вироиши манбаъ]Ватани ришқа Эрон, доманаи кӯҳ ва кӯҳҳои Осиёи Миёнаю Кавказ аст. Ришқаро дар Осиёи Миёна тақрибан 5 ҳазор сол то мелод мекоштанд. Тақрибан 2—2,5 ҳазол сол то мелод онро ба Юнони Қадим, Рум ва Африқои Шимолӣ оварданд, минбаъд дар Аврупо, Амрикои Шимолию Ҷанубӣ, Австралия маъмул шуд. Ришқакорӣ дар ИМА, Аргентина ва Ҳиндустон вусъат ёфтааст.
Дар Иттиҳоди Шӯравӣ ришқаро асосан дар ноҳияҳои ҷануб мекориданд.
Аҳамият
[вироиш | вироиши манбаъ]Ришқа дар киштгардони пахтаи заминҳои обӣ аҳамияти калон дорад. Ришқа зироати муҳиммест, ки хокро ҳосилхез мегардонад. Дар решаи он лундачаҳои бактериявии азотандӯз ҳосил мешаванд. Баъд аз 2 соли кишт дар ҳар га замин то 18 т решаи ришқа боқӣ мемонад ва 250— 300 кг нитроген (азот) гун мегардад. Дар шароити намию гармии кофӣ ҳосили фаровон медиҳад. Ришқаро дар хокҳои ҳосилхези ноҳияҳои лалмикор 2—3 бор (аз ҳар га 60—90 сентнер хасбеда) ва дар заминҳои обӣ 4—7 маротиба (аз ҳар га 200—250 сентнер хасбеда) дарав мекунанд.
Парвариш дар Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар шароити Тоҷикистон махсусан ришқаи боғӣ ё мазруъ (Medicago sativa, ниг. расм) хуб месабзад.
Дар ҷумҳурӣ асосан навъҳои «Вахш 233», «Вахш 300» ва қисман «Тошкент 721»-ро мекоранд. Муҳлати кишти ришқа ба навъи хок, шароити обу ҳаво ва минтақаи парвариш вобаста аст. Ришқаро дар минтақаҳои Вахшу Кӯлоб миёнаи феврал—аввали март, дар заминҳои лалмии водии Ҳисору минтақаи Кӯлоб нимаи дуюми март— аввали апрел, дар гурӯҳи ноҳияҳои Рашт нимаи дуюми апрел— аввали май кишт мекунанд. Муҳлати хуби кишти тирамоҳии ришқа дар гурӯҳи ноҳияҳои ҷанубӣ даҳаи дуюми сентябр—аввали октябр, дар вилояти Суғд ва водии Ҳисор аввали сентябр охири даҳаи дуюми сентябр мебошад.
Тухми ришқаро асосан бо усули қатории яклухт (байни қаторҳо 8—15 см) дар чуқурии 1,5—2 см (ба ҳар га 16—18 кг) мекоранд. Ба ҳар га замини обӣ пеш аз шудгор 250—300 кг, дар заминҳои лалмӣ 120—150 кг суперфосфат меандозанд. Ришқаро барои хошок дар давраи ғунчабандӣ — ибтидои гулкунӣ, барои тухмӣ ҳангоми сиёҳтоб шудани 60—75 % гилофакҳо медараванд.
Дар замони шӯравӣ колхозҳои «50-солагия СССР» (Шаҳритуз), «Маданият», «Роҳи Ленин» (Панҷ), ба номи В. И. Леннн (ноҳияи Турсунзода) ва ба номи Домулло Азизов (Хуҷанд) аз ҳар га ришқазорҳои обӣ 110—150 сентнер хасбеда мегирифтанд. Соли 1980 дар Тоҷикистон ба 152,6 ҳазор га (93,8 ҳазор га обӣ) ришқа киштанд.
Корбурд дар хоҷагии деҳот
[вироиш | вироиши манбаъ]Ришқа хӯроки хуби чорвост. Онро барои чаронидани ҳайвонот, инчунин тайёр кардани хасбеда, орди алаф, тарбеда, силос ва ғайра истифода мебаранд. Ҳама хӯрокиҳои аз ришқа тайёр кардашударо ҳайвонот, хӯроки сабз ва орди алафро бошад, паррандаҳо хуб мехӯранд. Хӯрокии аз ришқа тайёр шуда 70—80% ҳазм мешавад. 100 кг баргу пояи сабзи ришқа баробари 21,7 воҳиди хӯрокӣ ва 4,1 кг протеини ҳозим аст. 1 кг ришқаи хушк баробари 0,52 воҳиди хӯрокӣ буда, 136 г протеини ҳозим, 90 мг каротин, 14 г калций ва фосфору витаминҳои гуногуни зиёде дорад. Протеини ҳозими ришқа назар ба рустаниҳои хӯшадор 2,5—3 барсбар зиёд аст.
Зараррасонҳо ва касалиҳои ришқа
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба юнучқазор ганданафасаки ришқа, баргхӯраки ришқа (фитономус), тухмхӯрак (брухофагус), гулхӯраки ришқа, тихпуси тухмхӯрак, кирми ришқа, ширинча ва ғайра зарар мерасонанд. Ришқа бештар ба касалиҳои доғзании барг, аскохитоз, гардзанӣ ва ғайра гирифтор мешавад.
Чораҳои мубориза ва пешгирӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ришқаи навро аз ришқазори куҳна 500 м дуртар киштан, ба ришқазор пестисидҳо ва фунгисидҳо пошидан лозим аст. Ба ҳосили ришқа рустаниҳои паразит (заҳрпечак) зарари калон расонда метавонанд. Барои пешгирии он ришқазори зарардидаро то гул кардани заҳрпечак паст даравида нест мекунанд, заминро чуқур шудгор карда, гербисидҳо мепошанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Об условности указания класса двудольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Двудольные».
- ↑ Маълумот дар бораи ҷинси Medicago дар пойгоҳи маълумотҳои Index Nominum Genericorum Ассотсиатсияи байналмилалии табақабандии растаниҳо (IAPT).(англ.)
- ↑ Medicago(англ.). The Plant List. Version 1.1. (2013). 6 октябри 2016 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Люцерна, М., 1964. Ҳ. Қаҳорова.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.