Jump to content

Рӯзноманигории шаҳрвандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Рӯзноманигории шаҳрвандӣ — гунае ази рӯзноманигорӣ мебошад, ки бо роҳи шабакаҳои интернетӣ ва технологияҳои нави рақамӣ васеъ паҳн шудааст, ки маънои корбарии муаллифони мутахассиси ин соҳа набударо дорад.

Асоси рӯзноманигории шаҳрвандӣ дар он мебошад, ки шаҳрвандони одӣ метавонанд дар ҷамъ, таҳқиқ ва паҳни маълумоту хабарҳо фаъолона иштирок намоянд. Рӯзноманигории шаҳрвандӣ ба ғайр аз равшан намудани воқеаҳои ба вуқӯъ пайваста, аммо аз назари воситаи ахбори омма ғоиб монда, боз дигар масъалаҳои муҳимро боз ҳам дақиқтару аниқтар ҳаллу фасл намуда метавонанд. Асоси паҳншавии рӯзноманигории шаҳрвандиро воситаҳои нави технологӣ ташкил медиҳанд, ки имрӯзҳо барои истифодабарандагон механизми иҷтимоии паҳн кардани маълумот, ёфтани маълумотҳои лозима ва ҷалби омма ба масъалаҳои аниқ осонтар гардидааст.

Аммо имрӯзҳо бисёре аз нашрияҳои инфарматсионӣ аз принсипҳои объективӣ дур рафта истодаанд ва ба ибрози фикрҳои худ оғоз кардаанд. Сабаби асосии ин он мебошад, ки матнҳои зинда, ки ягон чизро ифода мекунанд дар мобайни одамон бисёртар машҳур ҳастанд. Аз ҳамин сабаб барои захира намудани мутолиакунандагон баъзе аз рӯзноманигорон ин роҳро идома медиҳанд.

Мафҳуми «Рӯзноманигории шаҳрвандӣ» аз ИМА оварда шудааст, ки дар он ҷо ин мафҳум бо ду мафҳумҳои лексикологӣ муттаҳид карда шудааст: «civic jourmalism» ва «citizen jourmalism». Мафҳуми Сivic jourmalism аллакай пеш аз пайдошавии интернет пайдо шудааст ва маънои рӯзноманигории касбиро доро буда, он барои зиёд намудани шавқи мутолиакунандагон ва ҷалби диққати онҳо ба ҳаёти ҷамъиятӣ равона карда шудааст. Citizen jourmalism маънои кори муаллифони ғайрикасбиро дар миқёси шабакаҳои иҷтимоӣ, блогҳо ё худ микроблогҳоро дорад. Дар ин ҳолат худи шаҳрвандон муаллиф шуда метавонанд. Дар бораи рӯзноманигории шаҳрвандӣ дар мобайни асрҳои 2000-ум сухан мерафт, он ҳамроҳи шабакаҳои блогӣ, ки аз аксҳо ва наворҳои аз ҷойьои воқеа гирифта, ки ба муаллифии шахс иҷозат медиҳад, тараққӣ кард. Кори асосиро пешрафти техникӣ иҷро намуд, зеро маҳз бо ёрии он имрӯз ҳар як шахси дорои телефони мобилӣ ва компютер буда, метавонад узви фосилавии маълумотҳо гардад. Дар куҷое, ки шахс набошад = метавонад бо ёрии камера ё худ телефони мобилӣ ягон воқеаи муҳимро акс гирад ва онро ба шабакаҳои интернетӣ паҳн намояд. Дар интернет рӯзноманигории шаҳрвандӣ аз солҳои 2000-ум, аз вақти пайдошавии блог-сервиси livejournal тараққӣ намуд. Яке аз асосгузорони рӯзноманигории шаҳрвандиро Запрудема Абрахама низ номидан мумкин аст. Ӯ соҳибкори амрикоӣ мебошад, ки дар бораи кушташавии президенти ИМА Ҷон Кеннеди навиштааст. Пас аз пайдошавии Дарвозаи ҷаҳонӣ ҳар як шахс имконияти сохтани муҳтавои дастрас дар Интернет пайдо намуд. Аллакай соли 1999 гуруҳи фаъолон шабакаи маълумотии Indymedia-ро ташкил мекунанд, ки асоси онро принсипҳои рӯзноманигории шаҳрвандӣ ташкил медиҳад. Пайдоиши ин захира бо мубодилаҳо бар зидди СҶТ (Созмони Ҷамъиятии Тиҷорат) дар Сиэтл, ки дар ВАО (воситаҳои ахбори омма) на он қадар равшан карда шуд, алоқаманд аст. Вақте ки ВАО-и анъанавӣ натавонистанд ин масъаларо он қадар аниқ ҳал намуда, нишон диҳанд, ба онҳо захираҳои паҳнкунӣ лозим шуд. Пайдошавии ин сомона ба дигарон намуна шуд ва дигар сомонаҳои маълумотии шаҳрвандони одӣ дар шабакаҳо ба пайдошавӣ оғоз карданд. Воқеаи дигаре, ки ба тараққиёти рӯзноманигории шаҳрвандӣ асос гузошт. Масалан, воқеаи 11 сентябр тақвиятдиҳандаи ин мебошад. Агар пеш аз ин одамон дар блогҳои худ дар бораи фикрашон барои ягон воқеа нависанд, баъд аз рух додани ин амали террористии 11 сентябр шаҳрвандони зиёд фаъолона бо маълумотҳои нави худ мубодилаи иттилоотӣ менамуданд. Шоҳидон маълумотҳои худро паҳн менамуданд. Барои пурра ва аниқ кардани маълумотҳояшон аз аксҳо ва наворҳои сабт кардаашон истифода мебурданд. Яке аз воситаҳои машҳуртарини рӯзноманигории шаҳрвандӣ ин «блог» мебошад. Блог – ин сомона мебошад. Асоси он аз захираҳои доимӣ иборат мебошад, ки аз матн, расм ё иттилооти электронӣ иборат аст.