Сафар Абдуллоҳ
Таърихи таваллуд | 30 январ 1955 (69 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | деҳаи Артучи ноҳияи Панҷакент, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | шарқшиносӣ |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1978) |
Вебгоҳ | safarabdulloh.kz |
Сафар Абдуллоҳ (тав. 30 январи 1955, деҳаи Артучи ноҳияи Панҷакент, вилояти Ленинобод) — донишманди шарқшинос, муҳаққиқ, профессор, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1989)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Сафар Абдулло 30 январи соли 1955 дар деҳаи Артучи ноҳияи Панҷакент ба ҷаҳон омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи зодгоҳаш, солҳои 1973—1978 дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин таҳсил кардааст.
Фаъолияти корӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти илмиашро соли 1978 дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АИ Тоҷикистон шурӯъ намуда, соли 1979 дар Пажӯҳишгоҳи адабиёти ба номи Горкий (Маскав) ба коромӯзӣ пардохта, аспирантураро (солҳои 1981—1984) дар ҳамин пажӯҳишгоҳ сипарӣ намудааст ва дар мавзӯи «Суннатҳои эпикӣ дар шеъри муосири тоҷик» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Солҳои 1981—1991 муаллими Институти адабиёти ҷаҳонии ба номи Горкий ва ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ва баъдан Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ Тоҷикистон будааст. Аз сабаби ҷанги дохилӣ дар Тоҷикистон ба Қазоқистон ҳиҷрат намуда, аз соли 1993 ходими калон, баъдан ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ Ҷумҳурии Қазоқистон ва ҳамзамон, профессори курси забонҳои шарқи Донишгоҳи равобити байналмилалӣ ва забонҳои ҷаҳони Қазоқистон ба номи Абилайхон мебошад. Соли 2007 дар Алмаато фаслномаи илмии «Эроннома»-ро таъсис дода, сардабирии онро низ бар уҳда дорад. Маҷаллаи мазкур, ки ба забони русӣ чоп мешавад, мақола, рисола ва гузоришҳои илмии эроншиносони кишварҳои мухталифи олам ва мухаққиқони Тоҷикистону Эрону Афғонистонро дар мавзӯъҳои гуногуни таърих, тамаддуну фарҳанг, забон ва адабиёт, оину мазҳаби ақвоми эронӣ ва равобити таърихию фарҳангии кишварҳои эронӣ бо мамолику ақвоми ҳамсоя ба табъ мерасонад.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Таҳаввули шеъри муосири тоҷикӣ, суннату навоварӣ дар шеър, танқиди адабӣ, равобити адабӣ ва фарҳангии эрониён бо кишварҳои ҳамҷавор, бахусус, туркитаборон, забони форсӣ ва нақши он дар густариши фарҳанг дар Шарқи асрҳои миёна муҳимтарин мавзӯоти таҳқиқоти ӯ мебошанд. Роҷеъ ба ин мавзӯот беш аз 300 мақола ва гузоришҳои илмӣ навиштааст, ки дар Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Қазоқистон, Русия ба табъ расидаанд. Бархе аз мақолаҳои ӯ дар китобҳои «Нури сухан» (Алмаато, 2005), «Магические мосты» (Алмаато, 2005, ба забони русӣ), «Шаранги андӯҳ» (эссе дар бораи Лоиқ ва эҷодиёти ӯ; Душанбе, 2001) чоп шудаанд. Мақолаву ёдномаву марсиятҳои иддае аз донишмандону адибонро дар сӯги шоири фақид Лоиқ Шералӣ гирд овардаву бо номи «Марсияи Хуршед» (Алмаато, 2000; дар Маскав, (2001) ба табъ расондааст. Ҳамчунин, таҳиякунандаи китоби «Магия Навруза» (Алмаато, 2007) мебошад, ки нахустин бор хонандагони русизабони маҳдудаи шӯравии собиқро бо таърихи пайдоиш ва таҳаввули ҷашни бузурги миллии эронитаборон ва оинҳои марбути он шинос мекунад. Ҳамроҳи донишманди эронӣ Сайидбоқири Камолиддинӣ нусхаи форсии мавҷуд дар Китобхонаи миллии Қазоқистонро тавсиф намудааст, ки соли 2008 ба забони русӣ мунташир гардидааст. «Фарҳанги тахассусии форсӣ ба русӣ» низ аз таълифоти ӯст, ки соли 2011 дар чопхонаи Донишгоҳи Абилайхон ба табъ расидааст. Ҳамчунин, таҳиякунандаи Куллиёти осори шоири маъруфи қазоқ Олжас Сулаймонов (дар 8 ҷилд) ва муаллифи сарсухани муфассали он мебошад. Соли 1995 гулчини ашъори Абайро (дар тарҷумаи Фарзона, ба забони форсии тоҷикӣ) дар Теҳрон ба табъ расондааст. Аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с.20-21 ISBN 978-99947-2-379-9
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- safarabdulloh.kz — вебгоҳи расмии Сафар Абдуллоҳрусӣ: