Jump to content

Тағйирпазирии ирсӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Тағйирпазирии ирсӣ (тағйирпазирии генотипӣ) — пайдо шудани аломатҳо ва хосиятҳои нав дар асоси дигар шудани маводи ирсӣ.

Ба тағйирпазирии ирсӣ он тағйиротҳои зоҳирии организм хосанд, ки бо генотип вобаста буда, дар наслҳо боқӣ мемонанд. Албатта, ин навъи тағйиротҳо гуногунанд ва баъзан аломатҳои тағйирёфта ба чашм намоён мебошанд. Масалан, пойҳои кӯтоҳ дар гӯсфандони анконӣ, парнадоштани паррандагон, дигар шудани панҷаҳои гурба, набудани пигмент (албинизм) ва кӯтоҳангуштӣ дар одам.[1]

Ин тағйирпазирӣ устувор буда, аз насл ба насл мегузарад ва бо ин роҳ навъҳои нав пайдо мешаванд. Масалан, навъи паканаи нахӯди хушбӯй, рустаниҳои махмалгул ва ғайра дар асоси ҳамин тағйирпазирӣ ба вуҷуд омадаанд.

Тағирпазирии мутатсионӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мутатсияҳо дар натиҷаи тағйир ёфтани сохтори ген (яъне пайдарҳамии нуклеотидҳои КДН) ё хромосомаҳо ба амал омада, сарчашмаи гуногуншаклии дохили намуд ба ҳисоб мераванд. Дар натиҷаи доимӣ будани ҷараёни мутатсия роҳҳои гуногуни омезиши генҳо ба амал омада, захираи ирсияти тағйирпазириро ташкил мекунад. Вале гуногуншаклии беохири организмҳо ва нотакрории ҳар як фард дар табиат ба тағйирпазирии комбинативӣ ва омезиши хромосомаҳо дар рафти афзоиши ҷинсӣ, ҳамчунин ба ивазшавии қисмҳои ба ҳам монанди хромосомаҳои гомологӣ (чилликишавӣ) вобаста аст.

Дар натиҷаи чунин тағйирпазирӣ сохтори генҳо ва хромосомаҳо бетағйир монда, фақат омезиши аломатҳои ирсӣ ва тарзи таъсири тарафайни генотип тағйир меёбад.

Тағйирпазирии комбинативӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Тағйирпазирии ирсияти комбинативӣ — тағйирпазирие, ки дар натиҷаи рекомбинатсияи генҳо ҳангоми омезиши гаметаҳо ба амал меояд ва аломату хусусиятҳои навро дар наслҳо ба вуҷуд меоварад. Сабабҳои пайдоиши комбинатсияи нави генҳо:

Тағйирпазирии комбинативӣ омили камтарини гуногуншаклии ирсӣ буда, дар ҳама гурӯҳҳои систематикии организмҳои зинда ба мушоҳида мерасад. Асоси пайдоиши комбинатсияи генҳо дар генотипҳо ба афзоиши ҷинсӣ тааллуқ дорад, ки дар натиҷаи он гуногуншаклии беохири организмҳо дар табиат ба назар мерасад.

Назарияи мутатсионӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мутатсияҳоро ба гурӯҳҳо ҷудо кардан мумкин аст, ки хусусияти зоҳиршавӣ, ҷои пайдоиш ва дараҷаи онҳоро нишон медиҳанд. Албатта, чунин таснифоти мутатсияҳо нисбӣ аст. Вобаста ба дараҷа ва хусусияти зуҳурот мутатсияҳо доминантӣ ва ресессивӣ мешаванд. Бештари мутатсияҳои ресессивӣ дар ҳолати гетерозиготӣ буда, зоҳир намешаванд ва ин ҳолат барои вуҷуд доштани намуд хеле муфид аст.

Мутатсияҳо аслан омили зарарноканд, зеро мувозинати силсилаи аксуламалҳои биохимиявиро вайрон мекунанд. Организмҳо (фард)-е, ки мутатсияи зарарноки доминантӣ доранд, дар ҳамаи наслҳо ҳам дар ҳолати гомозиготӣ ва ҳам дар ҳолати гетерозиготӣ зоҳир мешаванд. Аксари онҳо қобилияти зистан надошта, дар оғози инкишофи фардӣ (онтогенез) ҳалок мегарданд. Баъзан бо тағйир ёфтани муҳити зист, мутатсияҳои қаблан зарарноки ресессивӣ, ки захираи ирсияти тағйирпазиранд, метавонанд хусусияти муфид пайдо кунанд. Фардҳои дорандаи ин гуна мутатсияҳо дар интихоби табиӣ бартарӣ пайдо менамоянд. Мутатсияҳо баъзан қобилияти ҳаёт ва насловарии организмҳоро паст мекунанд. Мутатсияҳое, ки қобилияти ҳаёти фардҳоро якбора суст мекунанд, ё инкишофи онҳоро пурра қатъ мегардонанд, мутатсияҳои нимкушта (полулеталӣ) ном доранд. Мутатсия, агар ба ҳаёт номувофиқ бошанд, пас онро мутатсияи кушанда меноманд.

Мутатсияи ресессивии генӣ-гемофилӣ барои мардҳо мутатсияи нимкушта ва барои занҳо дар ҳолати гомозиготӣ мутатсияи кушанда ба ҳисоб меравад. Вобаста ба мавқеи пайдоиш мутатсияҳоро чунин тақсим кардан мумкин аст:

  1. Мутатсияҳое, ки дар ҳуҷайраҳои ҷинсӣ пайдо шуда, ба худи организм таъсир намерасонанд. Таъсири онҳо дар наслҳои оянда мушоҳида мешавад. Чунин мутатсияҳоро генеративӣ (ҷинсӣ) меноманд.
  2. Мутатсияҳое, ки дар ҳуҷайраҳои ҷисм пайдо шуда, дар фардҳо зоҳир мегарданд, дар вақти афзоиши ҷинсӣ аз насл ба насл намегузаранд, вале дар мавриди афзоиши ғайриҷинсии ин гуна организмҳо аз ҳисоби ҳуҷайра ё гурӯҳи ҳуҷайраҳо чунин тағйирот аз насл ба насл мегузаранд. Чунин мутатсияҳоро мутатсияҳои соматикӣ (ҷисмӣ) меноманд.

Намунаҳои тағирёбии генетикӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Дар рустанипарварӣ аз ҳисоби мутатсияҳои ҷисмӣ (узвҳои он) навъҳои нави рустаниҳои киштбоб рӯёнида мешаванд.
  • Дар ҳайвонот, натиҷаи мутатсияи ҷисмӣ дар шакли доғи сиёҳ дар заминаи мӯи хокистарранги гӯсфандони қароқӯлӣ вомехӯранд.
  1. Маҳмадзиёев А.М., Савлатов С.Х., Султонов С.С. Биологияи умумӣ - китоби дарсӣ барои синфи 11. — Душанбе: XEROXLand, 2006. — С. 4-13. — 288 с. — ISBN 99947-715-1-5.
  • Маҳмадзиёев А. М., Савлатов С. Х., Султонов С. С. Биологияи умумӣ — китоби дарсӣ барои синфи 11. — Душанбе: XEROXLand, 2006. — 288 с. — ISBN 99947-715-1-5.

Ҳаволаҳои беруна

[вироиш | вироиши манбаъ]