Эволютсия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Эволютсия ё таҳаввул (лот. evolutio — «инкишоф, густариш») — раванди табиии инкишофёбии табиати зинда, ки бо тағйирёбии таркиби генетикии популятсияҳо, ташаккули мутобиқшавӣ, ҷинспайдошавӣ ва нобудшавии намудҳо, дар маҷмӯъ табдилёбии экосистемаҳо ва биосфера мебошад.[1] [2]

Эволютсия — тағйирёбии табии хусусиятҳои ирсии популятсияи биологӣ дар наслҳои оянда мебошад.[3][4] Ин хусусиятҳо ифодаи генҳоест, ки ҳангоми афзоиш аз волидайн ба насл мегузаранд. Хусусиятҳои гуногун дар дохили ҳар як популятсия одатан дар натиҷаи мутатсия, рекомбинатсияи генетикӣ ва дигар манбаъҳои тағйирпазирии ирсӣ, мавҷуд мебошанд.[5]

Эволютсия вақте рух медиҳад, ки равандҳои таҳаввулотӣ ба монанди интихоби табиӣ (аз ҷумла интихоби ҷинсӣ) ва дрейфи генетикӣ ба ин тағйирпазирӣ таъсир мерасонанд, ки дар натиҷа хусусиятҳои муайян дар дохили популятсия бештар паҳн ё нодир мешаванд.[6] Маҳз ҳамин раванди таҳаввулот гуногунии биологиро дар ҳама сатҳҳои ташкилоти биологӣ, аз ҷумла сатҳи намудҳо, организмҳои инфиродӣ ва молекулаҳо, ба вуҷуд овард.[7][8]

Назарияи илмии эволютсия бо интихоби табиӣ аз ҷониби Чарлз Дарвин ва Алфред Рассел Уоллес дар нимаи асри 19 мустақилона таҳия карда шуд ва дар китоби Дарвин дар бораи пайдоиши намудҳо (1859) муфассал баён карда шудааст.[9]

Пайвандҳо[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Kutschera U, Niklas KJ The modern theory of biological evolution: an expanded synthesis(англ.) // Naturwissenschaften. — 2004. — Vol. 91, no. 6. — P. 255-276.
  2. Калимаҳои монанд ва тарҷумаи истилоҳи Эволютсия: таҳаввул (ар. تحول‎), татаввур (ар. تطور‎), такомул (ар. تکامل‎), фаргашт (форсӣ: فرگشت‎)
  3. Hall & Hallgrímsson 2008, pp. 4–6
  4. Evolution Resources. Washington, DC: National Academies of Sciences, Engineering, and Medicine (2016). Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 июни 2016.
  5. Futuyma & Kirkpatrick 2017, pp. 79–102, Chapter 4: Mutation and Variation
  6. (May 2014) «The Niche Construction Perspective: A Critical Appraisal». Evolution 68 (5): 1231–1243. doi:10.1111/evo.12332. ISSN 0014-3820. PMID 24325256. “Evolutionary processes are generally thought of as processes by which these changes occur. Four such processes are widely recognized: natural selection (in the broad sense, to include sexual selection), genetic drift, mutation, and migration (Fisher 1930; Haldane 1932). The latter two generate variation; the first two sort it.”
  7. Hall & Hallgrímsson 2008, pp. 3–5
  8. Voet, Voet & Pratt 2016, pp. 1–22, Chapter 1: Introduction to the Chemistry of Life
  9. Darwin 1859

Ҳаволаҳои беруна[вироиш]