Устон
Устон — воҳиди маъмурию ҳудудии сатҳи боло дар Эрон аст. Устонҳо, дар навбати худ, ба 324 шаҳристон ( форсӣ: شهرستان), зинаи навбатии тақсимоти ҳудудӣ - бахш ( форсӣ: بخش ), ки беш аз 740 адад аст, тақсим шудаанд. Бахшҳо ба деҳистонҳо - ҷамоати деҳот тақсим карда шудаанд, ки якчанд деҳаро муттаҳид мекунанд. Сарварони шаҳристонҳо ҳокимон мебошанд, онҳо, ва инчунин роҳбарони бахшҳоро, бахшдоронро Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Эрон таъйин мекунад. Деҳистонҳо аз ҷониби шӯрои деҳаҳо, деҳдорӣ идора карда мешаванд ва ба онҳо деҳдорҳо роҳбарӣ мекунанд [1].
Воҳиди тақсимоти кишварии Эрон | Масъул | Ниҳоди муртабит | Марказ |
---|---|---|---|
Кишвар | Вазири кишвар | Вазорати кишвар | Пойтахт |
Устон | Устондор | Устондорӣ | Маркази устон |
Шаҳристон | Фармондор (вижа) | Фармондорӣ (вижа) | Маркази шаҳристон |
Бахш | Бахшдор | Бахшдорӣ | Маркази бахш |
Деҳистон | Деҳдор | Деҳдорӣ | Маркази деҳистон |
Шаҳр | Шаҳрдор | Шаҳрдорӣ | надорад |
Русто | Деҳёр | Деҳёрӣ | надорад |
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]То соли 1950 кишвар ба 12 устон тақсим буд. Солҳои 1950 - 1960 дар миёнаҳои солҳои 1970-ум шумораи устонҳо 23-то буданд. Дар соли 1979 Устони Кирмоншоҳ ба Бахтаран (Bakhtaran) номгузорӣ шуд. Дар соли 1986, Устони Марказӣ ба ду тақсим шуд Теҳрон ва Марказӣ. Соли 1990 Бохтаран азнав Кирмоншоҳ номгузорӣ шуд. Соли 1993, аз боқимонда Озарбойҷони Шарқӣ, Ардабил ҷудо карда шуд. Соли 1995 Қум аз Теҳрон ҷудо карда шуд. Соли 1996, Қазвин аз Занҷон ҷудо шуд. Соли 1997 Гулистон аз Мазендеран ҷудо шуд. Дар соли 2004, бузургтарин устони Хуросон ба се устон - Хуросони Шимолӣ, Хуросони-Резави ва Хуросони Ҷанубӣ тақсим карда шуданд. Қисми ками он ба устони Язд дода шуд.
23 июни соли 2010, аз устони Теҳрон як устони нави Албурз, бо маркази он Караҷ [2] ҷудо карда шуд.
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Государственный и Политический строй Ирана
- ↑ Majlis extends term of councils, votes for new province(англ.), Tehran Times (24.06.2010). Бойгонӣ шудааст 27 май 2012 сол. Проверено 23 Январ 2012.